Авомили фақру надорӣ

99

Дар ривояте ворид шудааст: Бало ва гирифторӣ барои золим, фарҷом ва муҷозоти зулм аст ва имтиҳон барои мӯъмин ва барои анбиё рутбаву мақом аст ва барои авлиё каромат аст.

Мӯъмин беэътино ба дунёст, чаро ки агар дунё дар ихтиёри инсон қарор гирифт, неъмати Худост ва василаи озмоиши инсон аст ва агар аз ӯ боз гирифта шуд, озмоиши дигаре барои ӯ пеш омада ва балоест, ки бояд бар он сабр кард. Албатта сабру бурдборӣ бар фақр, ба ин маъно нест, ки инсон барои рафъи фақр талош накунад, балки ба ин маъност, ки то фақр бартараф нашуда, бар он шикваву бетобӣ накунад.

Худованд бар асоси ҳикмат ва маслиҳат, тақдиротеро бар бандагони худ қарор додааст ва он тақдирот, бо интихоб ва ихтиёри афрод мунофоте надорад, яъне чунин нест, ки афрод маҷбур бошанд ва ихтиёр аз онҳо гирифта шавад. Шароите фароҳам меояд, ки ба ҳар кас қисме ва саҳме аз неъматҳо тааллуқ мегирад ва Худо ҳарчиро барои ҳар кас салоҳ бидонад, дар ихтиёраш мегузорад ва шакке нест, ки ҳамаи инҳо василаи озмоиши инсон аст.

Инсони ҷоҳиле, ки аз маорифи динӣ ва таолими анбиё бебаҳра аст, вақте ба фақр мубтало мегардад, мегӯяд, Худо маро таҳқир кардааст ва ман назди Худо баҳое надоштаам, ки нагунбахтам кард.

“Ва чун Худованд барои озмудан, ӯро тангрӯзӣ ва фақир кард, мегӯяд, Худо маро хор кард”, (Фаҷр, ояти 16).

“Аммо инсон, чун Худо ӯро ба ранҷу ғаме гирифтор созад, сипас ба карами худ ӯро неъмате ҷиҳати озмоиш ва имтиҳон бахшад, гӯяд: Худо маро азизу гиромӣ доштааст”, (Фаҷр, ояти 15).

Мӯъмин медонад, Худованд бар ҳар коре қодир аст ва чизе аз доираи ирода, илм ва изни ӯ хориҷ нест ва тадбири мавҷудоти ҷаҳон аз хурду бузург дар дасти ӯст ва авомири оламро аз осмон то замин тадбир мекунад. (Саҷда, ояти 5).

***   ***   ***

Авомили фақру надорӣ

Қуръони Карим илова бар ин ки фақр ва дороиро василаи озмоиш муаррифӣ мекунад, онҳоро фароянд ва бархоста аз илал ва авомиле медонад. Чӣ басо касоне, ки ба фақр мубтало мешаванд, ки фақри онҳо бозтоб ва мукофоти аъмоли зишти онҳост ва ҷазои дунявии рафтори онҳост, ки ба фуқаро раҳм намекарданд ва ба дунболи анбоштани сарват буданд ва ба сарвати худ меболиданд. Ҳар рухдоде рӯи ҳисобу китоб ва ҳикмату маслиҳат аст; чунин нест, ки аз ихтиёри Худо хориҷ бошад, ё Худо ғофил гардад ва дар он ҳол, авзоъ ба ҳам хӯрад ва ногоҳ оташфишоне аз кӯҳе фаввора кашад ва шаҳреро нобуд созад!

***   ***   ***

Ҷойгоҳи фақирони парҳезгор ва сарватмандони парҳезгор

Паёмбари Акрам (с) мефармоянд: “Фақирони парҳезгори уммати ман, зудтар аз дороёни парҳезгори умматам вориди биҳишти Худо хоҳанд шуд, зеро гурӯҳи дуюм маътали пурсишу посухи Худованд дар бораи амволашон мешаванд”.

***   ***   ***

Гуфтугӯи Худованд бо Паёмбари Акрам (с)

Эй Муҳаммад, агар бандаеро дӯст дошта бошам, дорояш мекунам ва се чиз аз дороиҳояш ин аст: аввал коре мекунам, ба фикри ғами дигарон бошад ва ғами дилаш бешар аз шодиаш бошад.

Дуюм гоҳ-гоҳе бемораш мекунам ва ба хотири беморӣ, коре мекунам, ки бораш сабук шавад ва аз ман дур нашавад.

Сеюм, намегузорам сарвати фаровоне дошта бошад то фикру хаёлаш зиёд нашавад ва маро тарк накунад.

Аммо агар бандаеро дӯст надошта бошам, ӯро ҳам раҳо нахоҳам кард ва ба ӯ ҳам се чиз хоҳам дод, ки агар хуб нигоҳ кунад, ба суди ӯст:

Аввал, мудом хабарҳои хуш ба ӯ мерасонам ва мегузорам, пайдарпай суд дошта бошад то сараш гарм бошад ва маро ба ёд новарад.

Дуюм, намегузорам бемору бистарӣ шавад, то мабодо ёди ман биафтад ва маро барои шифояш садо кунад.

Сеюм, сарваташро фаровон мекунам то мудом машғули шумориш ва муҳосиба бошад ва натавонад вақте барои ибодат бигузорад.

***   ***   ***

Аз куҷо бифаҳмем иллати мубтало шуданамон ба фақр чист?

Амиралмӯъминин Алӣ (а) мефармоянд: Гоҳе фақир шудани одамҳо ба хотири мақоме аст, ки Худованд ба онон дода ва гоҳе муҷозоти Худованд аст. Агар мехоҳӣ бидонӣ тафовуташон дар чист, бидон, ки агар фақр, каромати илоҳӣ бошад, фақирро бадахлоқ ва камтоқат намекунад ва пас аз муддате, ки фақр ҳамдами фақир гардид, сабаб мешавад, иртиботи ӯ бо Худо бештар шавад, аммо агар фақр муҷозоти илоҳӣ бошад, соҳибашро дучори иштибоҳоти паёпай мекунад, ахлоқаш бад мешавад ва дар канори шикоят кардан аз Худо, олудаи гуноҳаш мекунад.

***   ***   ***

Милоки иззату зиллат дар назди Худованд чист?

Гарчи мо намедонем, чаро Худованд барои бархе фақр ва барои бархе ғино ва дороиро муқаддар сохта, барои бархе беморӣ ва гирифториҳоеро пеш меоварад ва ҳанӯз якеро пушти сар нагузошта дигарӣ рух медиҳад ва барои дигарӣ рафоҳу осоишро, вале маҷмӯан, медонем на он кас, ки дар ин дунё, неъмати бештаре ба ӯ медиҳанд, маҳбубтар аст ва на ин ки ҳар кас ба гирифторӣ ва фақру нороҳатиҳо мубтало мегардад, назди Худо қурбу манзалате надорад ва Худо ба ӯ эътино намекунад, балки баръакс ҳар киро Худо бештар дӯст бидорад, бештар ба бало гирифтораш мекунад.

Дар ривояте ворид шудааст: “Бало ва гирифторӣ барои золим, фарҷом ва муҷозоти зулм аст ва имтиҳон барои мӯъмин ва барои анбиё рутбаву мақом аст ва барои авлиё каромат аст”.

Ҳамон гуна ки шоир мегӯяд:

Ҳар кӣ дар ин базм муқаррабтар аст,

Ҷоми бало бештараш медиҳанд.

Пас милоки азиз будан ва ё залил будан назди Худованд, доро будан ва надорӣ нест, балки милоки азиз будан ин аст, ки инсон ба вазифааш амал кунад ва агар пулдор аст, дар робита бо молаш ба вазифа амал кунад ва агар тиҳидаст аст, вазифааш таҳаммул ва сабру шукргузорист.

(Манбаъ: пойгоҳи Тибён)

Хонаводаи Намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.