Нигоҳи ҷиддӣ ва махсус ба хонавода, аслитарин ниҳоди иҷтимоӣ (қисмати шашум)

119

 7 – Ба худ эътиқод дошта бошед

Ҳеҷ чизи асроромезе дар расидан ба мақоми як падару модари хуб вуҷуд надорад. Падару модари хуб касоне ҳастанд, ки дар зиндагии фарзандони худ ҳузур доранд ва ишқи беқайду шарти худро ба онон пешниҳод мекунанд. Онҳоро дарк мекунанд ва дар мушкилот ёриашон мекунанд.

Беҳтарин падару модар бошед ва аз он чӣ анҷом медиҳед шод бошед.

  8 – Фарзандонатонро нозпарварда накунед

Кӯдаконе, ки тавассути падару модар беш аз ҳадд ҳимоятгар бор меоянд, ба сахтӣ метавонанд дар хориҷ аз муҳити хонавода муваффақ бошанд. Сипари балои фарзандони худ нашавед, балки мушкилотро бароияшон тавзеҳ диҳед. Ба онҳо биёмӯзед, ки масоили ногувор ҳамеша вуҷуд доранд, аммо шумо ҳамеша саъй хоҳед кард барои бартараф кардани мушкилот, онҳоро ёри диҳед.

  9 – Бо ҳамсар ва фарзандонатон монанди дӯстони худ рафтор кунед

Аксаран мо беш аз ҳадд рӯи меъёри бардошт ва ҳавсалаи ҳамсар ва фарзандони худ ҳисоб микунем, аммо ҳамеша дар фикри ҳолу ҳавои дигарон ҳастем. Бо хонаводаи худ ҳам ҳамонтавр рафтор кунед, ки бо дӯсти наздики худ рафтор мекунед. Барояшон вақт бигузоред, ба дарди дилашон гӯш диҳед ва гоҳе бо онҳо ба гардишҳои хусусӣ, харид ё ресторан равед.

  10 – Аъсоби худро контрол кунед

Таҳқиқот нишон додааст, ки аз ҳар даҳ хонавода, аъзои чаҳор хонавода одат доранд дар замони баҳс, фарёд кашанд. Чунин рафторе натанҳо барои кӯдакон бисёр харобкунанда аст, балки ҳеҷ мушкилеро ҳам ҳал намекунад. Замоне ки аз зиёдии асабоният наметавонед дуруст фикр кунед, худро аз баҳс берун кшед.

  11 – Маросим ва одоби хонаводагии хоссе тартиб диҳед

Маросими хонаводагии шумо метавонад як гирдиҳамоии солиёна бошад ё пайки неки ҳафтагӣ, муҳим ин аст, ки чунин барномаҳое дар тақвият ва ҳамбастагии хонавода таъсири фаровоне доранд.

  12 – Вақт шинос бошед

Шояд ин маврид ба назар содда бошад, аммо вақте дар замоне ки таъйин кардаед ҳозир бошед, натанҳо ҳисси эҳтироми дигаронро такон медиҳед, балки ба фарзандон ва ҳамсари худ нишон медиҳед, ки чиқадар барояшон аҳамият қоил ҳастед.

  13 – Бо бузургтарҳо маслиҳат кунед

Бо хоҳар ва бародар, бузургтарҳои оила ва дӯстони наздики худ маслиҳат кунед. Ҳузури ин афрод метавонад дар эҷоди улгуҳои муносиб дар фарзандонатон бисёр муассир бошад. Таҳқиқот нишон додааст кӯдаконе, ки бо дӯстон ва бузургсолони дигар дар хонавода маслиҳат мекунанд, шодтар ҳастанд.

  14 – Ба онҳо бигӯед, ки дӯсташон доред

Ҳатто агар алоқаи шумо ба ҳамсар ва фарзандонтон амре равшан бошад, онҳо ниёзманди шунидани он ҳам ҳастанд, аз ёдоварии ишқи худ ба азизонатон ғофил нашавед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.