Нигоҳе ба мабҳаси ҳуқуқи падару модар-2

101

Бахши дуюм

Дуо барои падару модар

Дуо нуқтаи авҷи розгуӣ ва ниёзхоҳии одамӣ бо Худост ва ошкоркунандаи эҳсосоти дарунӣ ва дархостҳои ботинӣ дар қолиби калимот аст. Махсусан дуои фарзанд барои падару модар, ки нишондиҳандаи муҳаббати қалбӣ, зинда будани ёди онҳо дар дили фарзандон, қадршиносӣ ва вафодории фарзандон нисбат ба падару модар дар замони ҳаёт ва пас аз он мебошад. Худованд фармудааст: ”Бигӯ Парвардигоро! Ҳамон гуна, ки онҳо маро дар кӯдакӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ”.

 

Дӯст доштани падару модар

Яке аз ҳуқуқи падару модар дӯст доштани онҳо ба хотири Худо ва фароҳам кардани асбоби роҳатӣ ва шодӣ ва бартараф намудани сабаби ҳузни онҳост. Ҳатто ба хотири адои эҳтиром, дӯстони волидайнашонро низ дӯст бидорад. Магар ин ки падару модар кофир бошанд, ки дар ин сурат бояд бо онҳо ба маъруф рафтор намуда ва эҳсон намояд, аммо дӯст надорад. Худованд фармуд: ”Эй касоне, ки имон овардед! Падарон ва бародарони худро дар сурате, ки куфрро ба ҷои имон интихоб кунанд дӯст нагиред”.

 

Итоати падару модар

Имом Содиқ(а) фармуд: Марде назди Паёмбар(с) омаду гуфт: Ё Расулаллоҳ(с) маро насиҳат кун. Паёмбар(с) фармуд: ”Ба Худо ширк наёр агарчӣ дар оташ бисузӣ ва азоб шавӣ ва падару модаратро итоат ва ба онҳо некӣ кун, хоҳ зинда бошанд ва ё на. Агар туро амр карданд, ки аҳлу молатро раҳо кунӣ, чунон кун, зеро ки он аз имон аст”.

 

Осори эҳсон ва некӣ ба падару модар

Худованди Мутаол илова бар он ки дар дунё шароити рушд, пешрафту кушоиши рӯзиро барои касоне, ки ба падару модари хеш эҳсон мекунанд, фароҳам месозад дар охират низ аз гуноҳон ва корҳои зишти онон мегузарад. Амалашонро мепазирад ва ононро дар миёни биҳиштиён ҷой медиҳад.

Аммо касоне, ки аз падару модари боимони хеш руйгардонӣ мекунанд ва ба онон беэҳтиромӣ мекунанд, илова бар он ки аз пандҳои хирадмандонаи онҳо бебаҳра мешаванд, гирифтори азоби Илоҳӣ ва аз зиёнкорон мешаванд. Паёмбари Акрам(с) фармуд: Худованд чаҳор чизро дар чаҳор чиз қарор дод, баракати илмро дар таъзими устод, бақои имонро дар таъзими Худованд, наҷот аз оташро дар тарки озори халқ ва лаззати зиндагиро дар некии ба падару модар. Ҳазрати Паёмбар(с) фармуд: ”Ҳар дафъае, ки фарзанде ба падару модараш бо меҳрубонӣ нигоҳ мекунад Худованд барояш савоби як ҳаҷҷи мабрур менависад”. Асҳоб гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Агар ҳар рӯзе сад бор бингарад чӣ? Ҳазрат фармуд: Худованд бузургтар ва поктар аз ин аст.

Яке аз балоҳои охири замон нодида гирифтани ҳуқуқи падару модар аст. Дар ҳоле, ки дар Ислом баъд аз ҳуқуқи Худованди Мутаол ва анбиё(а) ҳеҷ ҳаққе бар инсон болотар аз ҳуқуқи волидайн нест ва хеле ба он таъкид шуда ва тарки он хилофи таълимоти Илоҳӣ дониста шудааст.

 

Достони Увайси Қаранӣ бо модар

Увайси Қаранӣ шутурбонӣ мекард ва аз музди он харҷи модарашро таъмин менамуд. Ҳангоме ки шавқи зиёрати Паёмбар(с) ба сараш афтод, аз модараш иҷоза хост, ки барои зиёрати Паёмбар(с) ба Мадина биравад. Модараш гуфт: Ба шарте рухсат медиҳам, ки беш аз нисфи рӯз намонӣ. Увайс қабул кард ва раҳсипор шуд ва ба Мадина расиду ба хонаи Паёмбар(с) рафт. Иттифоқан он ҳазрат дар хона набуд. Увайс муддате истод. Нисфи рӯз гузашт. Ба хотири ваъдае, ки ба модар дода буд Паёмбар(с)-ро надида баргашт. Вақте Паёмбар(с) омад фармуд: Ин нури кист, ки дар хона мебинам? Гуфтанд: Шутурбоне бо номи Увайс омаду рафт.

Паёмбар дар васфи Увайс фармуд: ”Биҳишт аз ҳубоби Қаран ба сӯят мевазад, эй Увайси Қаранӣ ва ҳамоно равҳи Раҳмонро аз тарафи Яман меёбам”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.