Тавсияҳо ба ҷавонон

75

Тақво ва покдоманӣ

Ҳазрати Алӣ(р) дар тавсияҳои хеш ба ҷавонон, гуфтаанд:

“Бузургвортар аз он бош, ки ба пастӣ тан диҳӣ, ҳатто агар он амали паст, туро ба ҳадафат бирасонад, чун ҳеҷ чиз наметавонад боарзиштар аз шахсият ва обурӯят бошад!”

“Бандаи дигарон набош, ки Худованд туро озод офаридааст!”

Ҳазрати Алӣ(а) саҳобии гиромӣ ва бартарини онҳост, ки ҳам аз назари хешутаборӣ ва ҳам аз назари илму адаб ва имон нисбат ба Расули Худо(с) наздиктарин инсонҳо буд. Ӯ касе буд, ки ҳатто аввалин имоноваранда ба ваҳйи илоҳӣ ва ҳам сарбози беминнату фармонбардор барои Расули Худо буд.

Алӣ шавҳари Фотима – бартарин занони олам ва пораи тани Муҳаммад(с) аст, чунон ки Бухорӣ, Муслим ва дар манобеи дигар, омадааст, Паёмбари Ислом(с) фармудаанд: Фотима пораи тани ман аст…

Аз ҷумла суханони ноби ҳазрати Алӣ(а) дар бораи ҷавонон аст, ки дар инҷо бахше аз онҳоро, ки роҳнамо барои ҷавонон аст, матраҳ мекунем. Бошад, ки мо ҳам дар радифи пайравон ва мӯъминони ҳақиқӣ ба Ислом ва Муҳаммади Мустафо(с) қарор гирем.

Аҳамияти тақво ва покдоманӣ барои ҷавонон, вақте маълум мегардад, ки тамоюлот ва эҳсосоти ҷавонӣ дар назар гирифта шавад. Барои ҷавоне, ки дар маърази туғён ва шаҳватҳои зудгузар, аммо дилкаш қарор мегирад ва хоҳишҳои нафсонӣ ва шайтонии ҷинсӣ ва ҳатто тахаюл ва фикрҳои ҷинсӣ ӯро иҳота кардааст, тақво ва покдоманӣ як марҳам ва давои бемонанд, сад ва ҳисор хоҳад буд, ки ӯро аз ҳамлаҳои душманони ошкору ниҳон нигоҳ медорад ва аз тирҳои шайтонӣ маҳфуз мемонад.

Ҳазрат мефармояд: Бидонед, эй бандагони Худо, ки тақво дижи мустаҳкам ва нуфузнопазир аст.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар ҳамин боб мегӯяд: Набояд ин тасаввур шавад, ки тақво аз нишонаҳо ва мухтассоти диндорист, ҳамчун намозу рӯза, балки тақво лозимаи инсоният аст. Инсон агар бихоҳад аз тарзи зиндагии ҳайвонӣ ва ҷангалӣ берун барояд, ночор аст, ки тақво дошта бошад.

Ҷавон, ҳамеша дар ин дуроҳӣ қарор дорад ва ба сӯи ду нуқтаи зидди ҳам кашида мешавад. Аз як тараф, нидои виҷдони ахлоқӣ ва илҳоми илоҳӣ ӯро ба сӯи хубӣ мекашонад ва аз тарафи дигар ғариза ва хоҳишҳои нафсонӣ ва шайтонӣ, ӯро ба бадиҳо мекашад. Албатта чун хостаҳои нафсонӣ барои инсон бештар ҷозиба дорад, пас ӯро бештар мекашонад, махсусан агар ҷавон бошад!

Аммо фақат он ҷавоне, ки худро бо силоҳи имон ва тақво муҳофизат кунад, аз ин даргирӣ ба саломатӣ берун меравад.

Ҳазрати Юсуф(а) ҳам дар партави ҳамин сифати некӯ буд, ки худро аз шарри Шайтон раҳонид ва имтиҳонро бо сарбаландӣ қабул шуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.