Тақво ва парҳезгорӣ

103

Тақво чист ва чаро инсон ниёз ба тақво дорад?

Тақворо дар худамон чӣ гуна эҷод кунем?

Дар хутбаи 198, Наҳҷулбалоға, тақво аз дидгоҳи ҳазрати Алӣ(р), ҳамчун мояи равшании қалбҳо ва дармони дардҳои баданҳо, марҳами захми ҷонҳо, поккунандаи арвоҳ ва равшанибахши торикии чашмҳо ва амният дар нооромиҳо ва равшанкунандаи торикиҳо дониста шудааст:

“Ҳамоно тақво ва тарс аз Худо доруи бемориҳои дилҳо, равшании қалбҳо ва дармони дардҳои баданҳо, марҳами захми ҷонҳо, поккунандаи арвоҳ ва равшанибахши торикии чашмҳо ва амният дар нооромиҳо ва равшанкунандаи торикиҳои шумост.

Пас итоати Худоро пӯшиши ҷон, на пӯшиши зоҳирӣ қарор диҳед ва бо ҷон, на бо тан, фармонбардор бошед, то бо аъзою баданатон сиришта шавад ва онро бар ҳамаи корҳоятон ҳоким гардонед. Итоати Худоро роҳи ворид шудан ба оби ҳаёт, шафоатгари хостаҳо, паноҳгоҳи рӯзи изтироб, чароғи равшангари қабрҳо, оромиши ваҳшатҳои тӯлонии даврони барзах ва роҳи наҷоти лаҳзаҳои сахти зиндагӣ қарор диҳед. Зеро итоати Худо, василаи нигаҳдоранда аз ҳодисаҳои ҳалоккунанда ва аз ҷойгоҳҳои ваҳшатнок аст, ки интизори онро мекашед ва низ сабаби дурӣ аз ҳарорати оташҳои барафрухтааст. Пас касе, ки тақворо интихоб кунад, сахтиҳо аз ӯ дур гарданд, талхиҳо ширин гардад ва фишори мушкилоту нороҳатиҳо бар тараф шавад. Мушкилоти паёпай ва хастакунанда осон гардида ва маҷду бузургии аз даст рафта чун қатароти борон бар шахси тақводор фурӯ резад. Раҳмати боздоштаи ҳақ боз мегардад ва неъматҳои илоҳӣ пас аз фурӯ нишастан, ба ҷӯшиш меоянд ва баракатҳои камшуда афзоиш ёбад. Пас, аз Худое битарсед, ки бо панд додан шуморо нафъи фаровон бахшида ва бо рисолати Паёмбараш, шуморо некӯ андарз дода ва бо неъматҳояш, бар шумо миннат гузоштааст. Худро барои парастиши Худо фурӯтан гардонед ва бо анҷоми вазифаҳои илоҳӣ, ҳаққи фармонбардориро ба ҷо оваред”.

Ҳамчунин дар ҷои дигар мефармояд:

“Дунё хонаи гузаро ва охират хонаи ҷовидон аст. Пас, аз гузаргоҳи худ барои хонаи ҷовидона тӯша бигиред ва пардаҳои худро дар назди касе, ки бар асрори шумо огоҳ аст, пора накунед (яъне нофармонӣ ва гуноҳ накунед). Пеш аз он ки баданҳои шумо аз дунё хориҷ шавад, дилҳоятонро хориҷ кунед (аз дунё дил биканед). Шуморо дар дунё озмудаанд ва барои ғайри дунё (охират) офаридаанд. Касе, ки бимирад, мардум мегӯянд: Чӣ боқӣ гузошт? Аммо фариштагон мегӯянд: Чӣ пеш фиристод? Худо падаронатонро бибахшад, миқдоре аз сарвати худро пештар бифристед, то дар назди Худо боқӣ бимонад ва ҳамаро барои ворисон нагузоред, ки бар шумо воҷиб аст, ки бар он ҷавобгӯ бошед”.(Хутбаи 203).

Алӣ (а) тарс аз Худо ва тақвои илоҳиро калиди ҳар дари баста ва захираи қиёмат ва сабаби озодагӣ аз ҳар гуна вобастагӣ ва наҷот аз ҳар гуна ҳалокат дониста ва мефармоянд:

“Тарс аз Худо, калиди ҳар дари бастааст ва захираи қиёмат ва сабаби озодагӣ аз ҳар гуна вобастагӣ ва наҷот аз ҳар гуна ҳалокат аст. Дар сояи парҳезкорӣ, талошгарон пирӯз, тарсандагон аз гуноҳ, наҷот ёфта ва ба ҳар орзуе метавон расид. Мардум! Амал кунед, ки амали некӯ ба сӯи Худо боло меравад ва тавба судманд аст ва дуо қабул мешавад ва оромиш барқарор ва қаламҳои фариштагон дар ҳаракат аст. Пеш аз он ки умратон ба охир расад, ё беморӣ монеъ шавад ва ё тири марг шуморо ҳадаф қарор диҳад, ба сӯи амалҳои некӯ биштобед”. (Хутбаи 230).

Дар ҷои дигар дар мавриди авсофи зоҳидон ва тақвопешагон мефармоянд:

“Зоҳидон – гурӯҳе аз мардуми дунёанд, ки дунёпараст намебошанд, пас дар дунё зиндагӣ мекунанд, аммо олудагии дунёпарастонро надоранд. Дар дунё бо огоҳию басират амал мекунанд ва дар тарки зиштиҳо, аз ҳама пешӣ мегиранд. Баданҳояшон ба гунае дар талошу ҳаракат аст, ки гӯё дар миёни мардуми охиратанд. Аҳли дунёро менигаранд, ки марги баданҳоро бузург мешуморанд, аммо онҳо марги дилҳои зиндагонро бузургтар медонанд”.

Бинобар ин то инсон зинда аст ва маҷоли ҷуброн дорад, дар фикри ин масоил бошад ва дар масири тақвои илоҳӣ ва некўкорӣ қадам бардорад:

“Ҳоло, ки зинда ҳастед, пас амали некӯ анҷом диҳед, чун парвандаҳо кушода ва роҳи тавба омода ва Худо гурезагонро фаро мехонад ва бадкорон, умеди бозгашт доранд. Амал кунед, пеш аз он ки чароғи амал хомӯш ва фурсат тамом шуда ва марг расида ва дари тавба баста ва фариштагон ба осмон парвоз кунанд.

Пас ҳар касе бо саъйи худ, барои худ аз рӯзгори зиндагӣ барои рӯзи баъд аз марг, аз дунёи фанопазир барои ҷаҳони пойдор ва аз гузаргоҳи дунё барои зиндагии ҷовидонаи охират, тӯша бигирад. Инсон бояд аз Худо битарсад, чун то лаҳзаи марг фурсат, дода шуда ва мӯҳлати амали некӯ дорад. Инсон бояд нафсро бибандад ва онро дар ихтиёр гирифта аз нофармонӣ ва гуноҳ боз дорад ва риштаи онро ба сӯи итоати Парвардигор бикашонад”. (Хутбаи 237).

Суфориш ба парҳезкорӣ ва ёди марг

Пас, ба тақво ва тарс аз Худо рӯй оваред, ки риштаи он устувор ва дастгираи он маҳкам ва қуллаи баланди он, паноҳгоҳи боваринок мебошад. Қабл аз расидани марг, худро барои пешомадҳои он омода созед, пеш аз он ки марг шуморо дарёбад он чӣ лозимаи мулоқот аст, фароҳам оваред, чун марг поёни зиндагӣ аст ва ҳадафи аслӣ қиёмат аст. Марг барои хирадмандон панду насиҳат ва барои ҷоҳилон, василаи ибратгирӣ аст. Пеш аз фаро расидани марг, аз тангии қабрҳо ва шиддати ғаму андӯҳ ва тарс аз қиёмат ва дарҳам рехтани устухонҳо ва кар шудани гӯшҳо ва торикии лаҳад ва ваҳшат аз оянда ва ғаму андӯҳи фаровон дар тангии гӯр ва пӯшонда шудани он бо сангу хок, чӣ медонед?! Пас эй бандагон! Аз Худо! Аз Худо битарсед, ки дунё бо қонунмандии хоссе мегузарад. Шумо бо қиёмат, бо риштае пайванд хӯрдаед, гӯё нишонаҳои қиёмат ошкор мешавад ва шуморо дар роҳи худ нигаҳ дошта бо зилзилаҳояш расидааст; вазнинии бори онро бар дӯши шумо гузошта ва риштаи пайванди мардум бо дунёро бурида ва ҳамаро аз оғуши гарми дунё берун кардааст! Гӯё дунё як рӯз буду гузашт ё моҳе буду сипарӣ шуд.

Тозаҳои дунё кӯҳна шуда ва фарбеҳҳояш хароб гардид, сипас ба сӯи ҷойгоҳи танг, дар миёни мушкилоти бузург ва оташи пуршарора мераванд, ки овози забонаҳояш ваҳшатовар ва шӯълаҳояш баланд, ғурришаш пурҳаяҷон, пурнур ва гудозанда, хомӯшии шӯълаҳояш номумкин, шӯълаҳояш пурфаварон, таҳдидҳояш тарсонанда, умқаш нопайдо, атрофаш торик ва сиёҳ, дегҳояш дар ҷӯшиш ва шароиташ сахту ваҳшатнок аст.

Ояндаи парҳезкорон

Ва дар он миён “парҳезкорон гурӯҳ гурӯҳ ба сӯи биҳишт роҳнамоӣ мешаванд”. (Сураи Зумар, ояти 71). Онон аз азобу ҷазо дар амонанд ва аз сарзанишҳо осуда ва аз оташ дуранд. Дар хонаҳои амни илоҳӣ, аз ҷойгоҳи худ хушнуданд. Онон дар дунё рафторашон пок, чашмонашон гирён, шабҳояшон бо фурӯтанию истиғфор монанди рӯз ва рӯзашон, аз тарси гуноҳ монанди шаб мебошад. Пас Худованд биҳиштро охирин манзили онҳо қарор дод ва подоши онҳоро некӯ пардохт, ки сазовори он неъматҳо буданд ва лоиқи мулки ҷовидонаю неъматҳои пойдор шуданд.

Эй бандагони Худо, аз паи чизе бошед, ки растагорон, бо риоят кардани он саодатманд шуданд ва табаҳкорон, бо аз байн бурдани он, ба зиён расиданд. Пеш аз он ки марг ба шумо бирасад, бо амалҳои некӯ омодаи он бошед, чун дар гарави корҳое ҳастед, ки анҷом додаед ва аз корҳое подош дода мешавед, ки аз пешопеш фиристодаед. Ногаҳон марги ваҳшатнок мерасад, ки дигар бозгаште дар он нест ва аз лағзишҳо наметавон бахшиш хост. Худованд мою шуморо дар роҳи худ ва Паёмбараш устувор созад ва аз гуноҳони мову шумо бо фазлу раҳматаш, бигзарад. (Хутбаи 190).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.