Эҳсон ва некӯкорӣ

106

Шайх Саъдӣ дар Бӯстон, дар мавриди эҳсон ва некӯкорӣ, чунин мефармояд:

Гиреҳ бар сари банди эҳсон мазан

Ки ин зарқу шайд асту он макру фан

Зиён мекунад марди тафсирдон

Ки илму адаб мефурӯшад ба нон

Куҷо ақл ё шаръ фатво диҳад?

Ки аҳли хирад дин ба дунё диҳад?

Валекин ту бистон, ки соҳибхирад

Аз арзонфурӯшон ба рағбат харад.

***   ***   ***

Шарҳ:

Бар сари банди эҳсон гиреҳ мазан, бўғчаи эҳсонро сарбаста нигаҳ мадор, чун ҳар кас аз эҳсону некўкорӣ худдорӣ кунад, иддиои мусулмониаш ботил, риё ва нифоқ аст.

Марди олим ва донишманде, ки тафсирдон аст, агар илму адабашро ба нон ва ё манфиати дунявӣ фурўшад, зиён мекунад.

Дар кадом ҷо ақл ва ё шариат фатво додааст, ки инсони оқил метавонад динашро ба дунё фурўшад? Вале ту гавҳари донишро ба зар харидор бош! Чун инсони оқилу хирадманд аз арзонфурўшон колоро ба рағбат харидорӣ мекунад. Яъне ту муштарии фазл бош дар ин замина, на фурўшандаи он.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.