Ҳушдорҳои чаҳоргона

78

Имом Алӣ(р) ин суханонро ба фарзандаш Ҳасан(р) фармуд:

Фарзандам! Чаҳор чиз ва чаҳор чизро аз ман дар хотир дошта бош, ки бо кўмаки он ҳар коре кунӣ, ба ту зараре нахоҳад расид:

Болотарин сармояҳо ақл аст. Бузургтарин фақр ҳамоқат аст. Бадтарин танҳоию ваҳшат худбинӣ аст. Ва беҳтарин ҳасабу насаб ахлоқи нек аст.

Фарзандам! Барҳазар бош аз дўстӣ бо аҳмақ, ки мехоҳад ба ту манфиат расонад, вале  зарар мерасонад.

Барҳазар бош аз дўстии бахил, зеро ҳангоми шадидтарин ҳоҷат туро тарк мекунад.

Барҳазар бош аз дўстӣ бо инсони фоҷир ва фосиқ, зеро туро ба чизи каме мефурўшад.

Барҳазар бош аз дўстии дарўғгў, зеро ў мисли сароб аст, дурро дар назари ту наздик ва наздикро дур месозад!

(Аз ҳикматҳои Наҳҷ-ул-балоға)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.