Ҳуқуқи зану шавҳар аз забони Паёмбари Акрам(с)

261

Оиша аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пурсид:

«Чӣ касе ҳаққи бештар бар гардани зан дорад?»

Ҳазрат фармуданд:

«Шавҳараш».

Пурсид:

«Чӣ касе бештарин ҳақро бар гардани мард дорад?»

Фармуданд:

«Модараш».

Ибни Аббос нақл мекунад, ки зане назди Расули Худо омад ва гуфт:

«Ман намояндаи тамоми занон ҳастам, то аз шумо суол кунам, ки Аллоҳ Парвардигори мардҳову занон ва шумо Паёмбари занону мардон ҳастед, аммо ҷиҳод фақат бар мардҳо воҷиб аст, ки агар солим бозгарданд аҷри бисёр мебаранд ва агар кушта шаванд, шаҳид мешаванд ва дар назди Худо зиндаанду рўзӣ мехўранд ва мо бо он ки худро барои онҳо муҳайё намуда ва зиндагии дохилии ононро идора мекунем, чӣ аҷру подоше ба даст меоварем?»

Ҳазрат фармуданд:

«Ба ҳар зане, ки расидӣ аз ҷониби ман бигў, ки итоат аз шавҳар ва шинохтани ҳаққи ў, баробари ҷиҳод дар роҳи Худованд аст ва иддаи каме аз занон ҳастанд, ки ин дуро анҷом медиҳанд».

Рӯзе назди Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) зане омад ва гуфт:

«Ман зани бешавҳар ҳастам, бигўед, ки шавҳар чӣ ҳаққе бар ҳамсараш дорад, то ман агар худро қодир бар адои он бидонам, издивоҷ кунам вагарна муҷаррад бимонам».

Ҳазрат фармуданд:

«Ҳаққи шавҳар бар ҳамсар он аст, ки агар занро ба сўи худ бихонад зан дар ҳар шароите, ки ҳаст ўро итоат кунад ва худро дур нигаҳ надорад. Ва дигар ин ки зан бе иҷозати шавҳараш рўзаи мустаҳаббӣ нагирад, ки дар он сурат фақат ташнагӣ ва гуруснагиро таҳаммул карда ва савобе набурдааст ва рўзааш қабул намебошад. Севвум он ки бе иҷозати шавҳараш аз хона берун наравад, ки агар чунон кунад мавриди лаънати малоикаи осмон ва малоикаи раҳмат ва малоикаи азоб қарор мегирад, то он замоне, ки ба хона баргардад».

Ҳамчунин фармуданд:

«Агар марде ҳамсарашро барои рафъи ҳоҷаташ бихонад, вале зан (бидуни узре) напазирад ва шабро дар ҳоле, ки аз дасти ў хашмгин аст ба субҳ оварад, малоика он занро то субҳ лаънат мекунанд».

Ва низ фармуданд:

«Ба Худо савганд, ҳар зане, ки даъвати шавҳарашро барои ҳамхобагӣ напазирад, ҳамаи аҳли осмон бар ў ғазаб мекунанд, то он замоне, ки шавҳар аз ў розӣ шавад».

Он ҳазрат фармуданд:

«Бар зан ҷоиз нест, ки бе иҷозати шавҳараш рўзаи мустаҳаббӣ бигирад ва низ бар ў ҷоиз нест, ки касеро бе изни ў ба хона роҳ диҳад».

Ва низ фармуданд:

«Агар зане рўзаи мустаҳаббӣ бигирад ва шавҳараш аз ў тақозое намояд ва ў худдорӣ кунад, Худованд се гуноҳи бузург бар ў сабт мекунад».

Дар ривояте нақл шудааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд: «Ҳаққи зан бар шавҳар он аст, ки ўро таом диҳад ва либос пўшонад, ўро назанад, ўро сарзаниш нанамояд ва аз ў дурӣ накунад».

Дар навиштаҳои баъдӣ, муфассал ба ҳуқуқи зан бар шавҳар мепардозем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.