Имон бар чаҳор поя устувор аст

Ҳақиқати имон

358

Имон бар чаҳор поя устувор аст: сабр, яқин, адолат, ҷиҳод.

Сабр бар чаҳор шўъба тақсим мешавад: бар иштиёқ, тарс, зўҳд ва интизор: касе, ки муштоқи биҳишт бошад, аз шаҳавот ва тамоюлоти саркаш дурӣмекунад ва он кас, ки аз оташи ҷаҳаннам бимнок бошад, аз муҳаррамот дурӣ мегузинад, касе, ки дар дунё зоҳид бошад, мусибатҳоро ночиз мешуморад. Ва он кас, ки мунтазири марг бошад, барои анҷоми аъмоли нек суръат мегирад.

Яқин низ бар чаҳор қисмат аст: бар биниш дар ҳушёрӣ ва зиракӣ, расидан ба дақоиқи ҳикмат, панд гирифтан аз ҳикматҳо ва таваҷҷўҳ ба равиши гузаштагон: касе, ки ҳушёр ва бино бошад, ҳикмат ва дақоиқи умур барояш равшан мешавад ва касе, ки дақоиқи умур ва ҳикмат барояш равшан шуд, ибрат мегирад ва касе, ки дарси ибрат фаро гирифт, гўё ҳамеша бо гузаштагон будааст.

Адолат низ чаҳор шўъба дорад: диққат дар фаҳм, ғўтавар шудан дар илму дониш, доварии саҳеҳ ва ҳилму бурдбории собиту устувор. Бинобар ин, он кас, ки хуб бифаҳмад, ба аъмоқи дониш огоҳӣ пайдо мекунад ва касе, ки ба умқи илму дониш бирасад сероб аз сарчашмаи аҳком бозмегардад. Ва он кас, ки ҳилму бурдборӣ дошта бошад, дар кори худ зиёдаравию кўтоҳӣ намекунад ва дар байни мардум бо обрўмандию сутудагӣ зиндагӣхоҳад кард.

Ҷиҳод низ чаҳор шўъба дорад: амр ба маъруф, наҳй аз мункар, сидқу ростӣ дар маъракаи набард ва кинаю душманӣ бо фосиқон: он кас, ки амри маъруф кунад, такягоҳи мўъминонро маҳкам кардааст ва касе, ки наҳйи мсункар намояд, бинии кофиронро бар хок молидааст, ҳар кас дар маъракаи набард содиқона биистад, вазифаашро анҷом додааст ва он кас, ки фосиқонро душман дорад ва ба хотири Худо хашмгин шавад Худованд ба хотири ў хашму ғазаб мекунад ва ўро рўзи қиёмат хушнуд месозад.

Куфр низ бар чаҳор поя қарор дорад: аз паси авҳом рафтан ба гумони кунҷковӣ аз асрор, ҷангу ситез бо мардум, бероҳа шудан аз ҳақ ва пайравӣ аз ҳавою ҳавас: он кас, ки аз паи авҳом ва ҷустуҷўи асрори дигарон равад ба ҳақ бознамегардад ва касе, ки бар асари ҷаҳл ба низою ситез бархезад барои ҳамеша аз шинохти ҳақ маҳрум хоҳад монд ва касе, ки аз роҳи роҳи ҳақ мунҳариф шавад ва аз паи ҳавою ҳавасҳо равад некӣ дар назари ў бад ва бадӣ дар назари ў хуб ҷилва мекунад ва гирифтори мастии гумроҳӣмегардад ва он кас, ки ба якравию баҳонаҷўӣпардозад, роҳҳо барояш пур аз сангу ноҳамвор ва корҳо бар ў сахту печида мешаванд ва дар тангно қарор мегирад.

Шак низ бар чаҳор шўъба аст: бар ҷидол, тарс, тардид ва худбохтагӣ. Он кас, ки муҷодила ва якравӣ дар баҳсро одати хеш қарор диҳад ҳаргиз аз торикии шак ба рўшноии яқин қадам намениҳад, ҳар кас аз ояянда битарсад ба ақиб бармегардад ва он кас, ки дар тардиду дудилӣ бошад ва натавонад тасмим гирад зери суми шайтонҳо мемонад ва он кас, ки дар баробари васоиле, ки  ҳалокати дунёву охират дар он аст худбохта шавад дар ҳарду ҷаҳон ҳалок хоҳад шуд.

(Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.