Зану шавҳар ва тақсими вазоиф дар хонавода

49

Нукоти муҳимми ҳамсардорӣ – III

Бахши севвум

Оини ҳамсардорӣ

Оё аз нукоти муҳимми ҳамсардорӣ иттилоъ дорем?

Яке аз мавориде, ки заминаи ихтилофро фароҳам мекунад, масъалаи тақсими вазоиф аст. Ин мавзӯъ дар ҳамсардорӣ, барои мардон бештар таъкид мешавад.

1 – Интизороти худро баён кунед

Интизороте, ки аз ҳамдигар доред, баён кунед. Ҳамсарон дар зиндагии муштарак, аз ҳамдигар интизороте доранд, ки табиӣ ҳам ҳаст, аммо аксаран ихтилофот замоне ба вуҷуд меояд, ки интизорот ва хостаҳои худро наметавонем баён кунем.

2 – Қарору машварат бо ҳам

Фикр накунед, ки ҳамсаратон тавоноии зеҳнхонӣ дорад ва аз он чӣ шумо мехоҳед, бохабар аст. Модоме, ки шумо ба забон наоваред ва дар мавридаш бо вай ба тавофуқ нарасед, наметавонед интизор дошта бошед, ки ӯ ба чизе, ки шумо мехоҳед, амал кунад.

3 – Одилу мунсиф бошед

Агар ҳамсаратон берун аз хона машғул ба кор аст ва бахше аз махориҷи зиндагиро бар ӯҳда дорад, интизор надошта бошед, тамоми корҳои манзил ва бачадорӣ ҳам бар ӯҳдаи ӯ бошад.

4 – Кӯмак кардан ба ҳамдигар

Ҳар вақт тавонистед, ба ҳамдигар кӯмак кунед. Яке аз манобеи оромиш дар хонавода ин аст, ки бидонем ҳамсарамон ҳомии мо аст ва дар анҷоми вазоифи душвор ба мо кӯмак мекунад.

5 – Ҳамдигарро сарзаниш накунем

Агар ҳамсарамон дар мавориде, ки бо ҳам тавофуқ карда будем, кӯтоҳӣ кард, сарзаниш накунем ё пархошгарона бархурд накунем. Бо оромиш ва ҷумлаи мусбат ба ӯ тазаккур диҳем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.