Ихтилофи ҳамсарон ба хотири фарзандон (2)

120

Шумо мӯътақидед бачаҳо дар кӯдакӣ бояд бо бозӣ энержии худро тахлия кунанд, аммо ҳамсаратон бисёр муназзам ва сахтгир аст. Модар ахм мекунад ва падар лабханд мезанад. Ин фармондеҳ дастури ҳамла медиҳад ва он яке дастури ақибнишинӣ; ин ихтилофҳо дар ҳоле аст, ки ҳар дуи шумо беҳтаринҳоро барои фарзандонатон мехоҳед, аммо ҳақиқатан кӯдак ин танишҳо ва ихтилофҳоро мутаваҷҷеҳ мешавад.

Бо ин вазъият кӯдаки шумо ҳаргиз намефаҳмад, ки чӣ коре хуб аст ва чӣ коре бад; илова бар ин, таоруз ва дугонагӣ дар сабки фарзандпарварии волидайн боис мешавад то фарзанд дар ин хонавода ҳаргиз эҳсоси амният накунад ва ин масъала ӯро дучори афсурдагӣ ва изтироб хоҳад кард. Бинобарин фарзанд, робита ва хонаводаи шумо муҳимтар аз он аст, ки иҷоза диҳед ихтилофи назарҳо ҳамаи онҳоро аз байн бубарад.

Агар мехоҳед робитатон дучори таниш нашавад ва дар заминаи тарбияти кӯдактон ба тафоҳум бирасед, аз роҳкорҳои зер истифода кунед, баъзе аз роҳкорҳо аз ҷумла маҳрамона нигоҳ доштани ихтилофи ҳамсарон дар байни худашон ва гуфтугӯ кардан ва… гуфта шуд ва инак ба чанд мавриди дигар ишора мешавад:

Инъитофпазир бошед

Равиши шумо дар тарбият ва омӯзиш ниёз ба инъитофпазирӣ дорад. Дар давраҳои мухталиф ва бо таваҷҷуҳ ба шароити мутафовите, ки вуҷуд дорад шумо ниёз ба бознигарӣ ба равишҳо ва аҳдофи худ дар тарбияти фарзандатон доред.

Бинобарин бисёр зарурӣ аст, ки ҳар чиқадар ҳам ба равиши худатон эътиқод доред дар баробари он инъитофпазир бошед. Ба фикр ва назари ҳамсаратон фикр кунед. Ҳамеша ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки иштибоҳ кунед. Шарики зиндагиятон ҳам мумкин аст тағйир кунад. Бо инъитофпазирӣ ва каме ҳам таҳаммули назари мухолиф метавонед бештар ба нафъи фарзандатон ҳаракат кунед.‏

Иттилоот касб кунед

Гоҳе волидайн ба далели надоштани иттилооти кофӣ дучори ихтилоф мешаванд. Модаре таъриф мекард, ки дар бораи додани ғизои кумакӣ ба кӯдаки 6 моҳааш бо ҳамсараш дучори ихтилоф шуд. Ӯ мегуфт: “замоне, ки аз 6 моҳагӣ кам-кам ғизои кумакиро ба фарзандам шурӯъ кардам, ҳамсарам мудом аз ман ишкол мегирифт, ки набояд ба кӯдаки 6 моҳа ғизо бидиҳӣ. Ҳар чиқадар ба ӯ тавзеҳ медодам, ки кӯдак бояд бо таъми ғизоҳо ошно шавад ва қарор нест, ки ин ғизои кумакӣ ҷойгузини шири модар бошад, гӯш намедод.”

Бо кумаки мушовир ва гуфтугӯ дар ниҳоят, мушаххас шуд, ки атрофи ҳамсари ӯ ҳеҷ фарде набуда, ки дар шаш моҳагӣ ба фарзандаш ғизои кумакӣ бидиҳад; дар воқеъ, ӯ метарсид, ки додани ғизои кумакӣ ба кӯдаки шаш моҳа хатарнок бошад. Баъд аз инки ҳамсари ӯ дар бораи шурӯи сини ғизои кумакӣ иттилооти бештаре касб кард, бар сари ин мавзӯъ кӯтоҳ омад. Бинобарин, беҳтар аст гоҳе бо худ биандешид, ки шояд дар бораи равише, ки ҳамсаратон ба он мӯътақид аст иттилооти кофӣ надоред.

Ба нафъи фарзандатон ҳаракат кунед

Ҳамаи ихтилоф ва танише, ки вуҷуд дорад барои тарбияти беҳтари фарзанд аст дар ғайр ин сурат аслан ниёзе нест вориди ин низоъ шавед. Агар масъалаи шумо тарбияти дурусти фарзандатон аст кореро бикунед, ки воқеан ба нафъи ӯст. Албатта ҳар падару модаре дар ин миён гумон мекунад роҳе, ки меравад дар ҷиҳати хайр ва салоҳи фарзанд аст. Воқеият ин аст, ки шинохти хайри дигарон ба вежа хайри фарзанд кори чандон соддае нест.

Зеро мумкин аст ончи як падару модар ба унвони хайри фарзанд дар назар мегирад бар асоси як бовар ё таҷрибаи шахсии иштибоҳ шакл гирифта бошад. Дар ин маворид ба ҷои собит кардани ин, ки роҳ ва шеваи шумо беҳтар аст ва ба хайри фарзандатон наздиктар аст ва фақат барои инки ба як тавофуқи муштарак бирасед, то низои камтаре бо ҳам дошта бошед аз як коршинос ва як шахси огоҳи севум кумак бигиред.

Оё наметавонед ба тавофуқ бирасед, ки чӣ бояд бикунед? Аз як коршинос бипурсед чӣ чизе барои фарзандатон беҳтар аст, роҳи кадоматон дуруст аст ва беҳтарин равиш чист ва ҳамонро ба унвони гузинаи беҳтар дар пеш бигиред.‏

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.