Роҳкорҳои дармони изтироб

Барои муқобила ба изтироб роҳкори зиёде вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳо инчунин мебошанд:

102

 

  1. Ибтидо тарс ва изтироби худро дар робита бо мавқеияти хосс бишносед ва қабул кунед, ки шумо дучори ин изтироб ҳастед ва барои мувоҷиҳа бо ин мавқеият барномарезӣ кунед. Барои мисол агар шумо доим дар бораи масоили молӣ изтироб доред, як барномаи пасандоз тарроҳӣ кунед ё будҷаро ба таври муҷаззо дар назар бигиред.
  2. Дар мушкилоти қаблии худ боқӣ намонед. Тағйироте дар шароит эҷод кунед, ки эҳсоси роҳатии бештаре дошта бошед ва иҷоза диҳед то мушкилотро пушти сар бигузоред.
  3. Бо рӯҳ ва ҷисми худ меҳрубон бошед.
  4. Саъй кунед танишҳоро бо варзиши сангин ва масаж раҳо кунед.
  5. Аз техникҳои оромсозӣ ва раҳосозӣ (relaxation) истифода кунед.
  6. Ба андозаи кофӣ истироҳат кунед ва агар дар хоб мушкил доред ба пизишк муроҷиа кунед.
  7. Аз кофеин ва шакалот ва никотин дурӣ биҷӯед.
  8. Фикри худро машғули масоили мусбат ва ғайриизтиробзо кунед.
  9. Барои лаззат бурдан барномарезӣ кунед, масалан ба дидан як филми комедӣ, пиёдаравӣ ё кӯҳнавардӣ биравед.
  10. Барномарезии рӯзона дошта бошед, доштани кори беш аз ҳадд ё бекор будан дар тӯли рӯз метавонад ба изтироби шумо биафзояд.
  11. Нишонаҳои изтироби худро ёддошт кунед ва гоҳе ба ҳамсар ё дӯсти самимии худ онҳоро бигӯед, баъзе вақтҳо гуфтугӯ бо як дӯст аз изтироби шумо кам мекунад.
  12. Дар гурӯҳҳои фаъоли иҷтимоӣ ё хайрия ширкат кунед ё ба таври довталабона ба дигарон кумак кунед.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.