Баъд аз даъво бо ҳамсар ин корҳоро анҷом надиҳед

106

Ихтилофи назар дар ҳар зану шавҳар табии аст. Ҳар чӣ бошад мо одамҳо аз ҳам фарқ мекунем ва мумкин аст гоҳе бо ҳам ихтилофи назарҳое ҳам дошта бошем. Ҳатман мақолаҳои зиёде дар мавриди бояд ва набоядҳои рафторӣ ҳангоми даъво хондаед, аммо оё чизе дар бовари рафторҳои пас аз даъво ҳам медонед?

Ҳамонқадар, ки корҳо ва ҳарфҳои мо ҳангоми бигӯ магӯ бо шарики зиндагиамон аҳамият дорад, рафторҳоямон ҳам пас аз даъво метавонад сарнавиштсоз бошанд. Мо дар ин матлаб корҳоеро, ки шумо набояд пас аз даъво бо ҳамсаратон анҷом диҳед, бароятон овардаем. Мутмаинан бо риояти онҳо аз пас ҳар даъвое ба роҳатӣ бар хоҳед омад.

 Сарзаниш кардан

Агар баъд аз даъво якдигарро сарзаниш кунед ин мафҳумро мерасонд, ки ҳамсаратон гунаҳкори тамоми иттифоқҳо аст.

 Таҳқир кардан

Аз хатоҳои рафторӣ баъд аз даъво таҳқир кардан аст, ки ҳисси бехирадиро нишон медиҳад.

 Қаҳр накунед

Агар пас аз даъво ба андаке замон барои танҳоӣ ниёз доред, ҳеҷ айбе надорад, ба шарти онки шарики зиндагиатонро низ дар ҷараён бигузоред. Яке аз бузургтарин иштибоҳоте, ки шумо пас аз даъво анҷом медиҳед, ин аст, ки қаҳр мекунед.

Агар шумо ҳамсаратонро нодида бигиред, ӯ ин бардоштро хоҳад кард, ки шумо дар ҳоли қастгирӣ ё танбеҳи ӯ ҳастед. Ҳамин сабаб мешавад, ки ӯ муқобилаашро паст накунад ва ҳамчунон фосилаашро бо шумо ҳифз кунад.

Дар ин шароит, агар воқеан наметавонед бо ӯ иртибот барқарор кунед, беҳтар аст, ки ба ӯ бигӯед: “Ман мисли ту наметавонам хеле зуд ҳама чизро фаромӯш кунам ва ба ҳолати қабл боз гардам, беҳтар аст, ки 24 соат ба ман замон диҳӣ. Ба эҳтимоли зиёд ҳама чиз ҳал хоҳад шуд, дар ғайри ин сурат боз ҳам бо ҳам сӯҳбат хоҳем кард”.

  Ҳарфҳои ҳамсаратонро фаромӯш кунед

Калимаҳои озор диҳандае, ки ҳамсаратон дар вақти даъво ба шумо мегӯядро фаромӯш кунед ва дар зеҳни худ нигаҳ надоред ва бигузоред ҳар чӣ ҳамсаратон вақти даъво гуфтааст, ҳамон ҷо боқӣ бимонад. Аммо пас аз оромиши худ ва ҳамсаратон ба ӯ бигӯед, ки кадом як аз калимаҳое, ки ӯ дар муноқиша ба забон меоварад, шуморо озор медиҳад.

Узурхоҳӣ накунед

Замоне, ки бо ҳамсаратон дучори мушкил шудед ва бо ӯ ба муноқиша пардохтед пас аз даъво танҳо аз ӯ узурхоҳӣ накунед, балки бигӯед, ки ман ба хотири фалон чиз ё фалон ҳарф, аз ту узурхоҳӣ мехоҳам ва дар оянда саъй мекунам, ки хатоямро ҷуброн кунам.

Ҳамчунин барои кор бади худ ва бархурди тундатон баҳона тароши накунед ва нагӯед: “Рӯзгори баде доштаам, сардард дорам ё шаби қабл бад хобидаам”; Чун ин ҷумлаҳо, мушкилро ҳал намекунанд пас агар асабонӣ ё хастаед ва ё аз назари рӯҳӣ осеб дидаед ва ё дар маҳалли кор ё ҳар ҷои дигаре шароити бадеро гузарондаед, қабл аз расидан ба хона ҳамсаратонро аз ин мавзӯъ хабар дор кунед, то ӯ бидонад шумо бештар аз шароити одӣ ҳассос ва шиканандаед”.

Ҳаргиз ба хотири тарс аз баррасии нав аз ин марҳала нагурезед.

Агар сӯҳбат накунед, мушкили шумо боқӣ мемонад ва нороҳатӣ аз байн намеравад.

Ба калимаҳои ҳамсари худ вокуниш нишон диҳед ба унвони мисол, ба ӯ бигӯед пас ту барои ман аҳамият дорӣ дуруст аст? Ва ӯро тасдиқ кунед то бовар кунад, ки ӯро ба хубӣ мешиносед.

 Агар ӯ боз сари сӯҳбатро боз кард, ба ӯ пушт накунед

Имкон дорад, ки шарики зиндагии шумо чанд рӯз пас аз даъво дубора ба тарафатон биёяд ва бори дигар мавзӯи даъворо пеш бикашад. Агарчи шумо ҳавсалаи баҳси дубораро надоред аммо беҳтар аст, ки дар ин шароит ба ӯ пушт накунед.

Пешниҳоди мо ба шумо ин аст, ки ҳамеша пас аз ҳар даъвое ба тарафи муқобилатон бигӯед, ки дар бораи мавзӯи баҳсшуда фикр кунад ва агар ниёзе ба сӯҳбат кардани дубора буд, шуморо низ хабардор кунад. Агар мушкили шарики зиндагиатон ҳал нашуд, дар дили ӯ монда ва баъдтарҳо ба шакли дигаре сар боз мекунад. Бинобар ин нороҳатиҳои ӯро ҳатто агар чанд рӯз аз даъво гузаштааст, нодида нагиред.

 Наздикӣ баъд аз даъво

Баъзе аз мардон алоқа доранд то баъд аз даъво ва пас аз онки узрхоҳӣ карданд ва масъала ҳал шуд робитаи ҷинсӣ дошта бошанд, то бештар ба ҳамсарашон наздик шаванд. Аммо занон аксаран дар ин мавқеъ омодагии эҳсосӣ барои робитаи ҷинсӣ надоранд. Агар шумо ҳам аз он даста заноне ҳастед, ки дар ин мавқеъ ба наздики алоқа надоред бо оромиш ба ҳамсаратон бигӯед. Масалан ба ӯ бигӯед: “Медонам дӯст дори ҳисси байнамон беҳтар бишавад ва ин барои ман хеле муҳим аст, вале ҳозир ман омодагии ин алоқаро надорам”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.