Роҳҳои маҳор кардани хашм

100

Барои худдорӣ аз хашму асабоният аз чӣ равишҳое истифода кунем?

Маҳор кардани асабоният ва хашм

Ҳамаи мо дар тӯли зиндагиамон мавҷи асабониятро дар дараҷаҳои мухталиф таҷриба кардаем. Ва шояд борҳо пеш омадааст, ки ба хотири як мавзӯи ночиз, даргириҳо эҷод кунем ва дучори асабонияти ғайриқобили контрол шавем.

Барои он ки дар ҳолат, қарор нагирем ва ҷони худ ва дигаронро ба хатар наандозем, мавориде, ки дар поён барои маҳор ва мудирияти асабоният зикр мешавад, бояд анҷом диҳем.

1 – Бубахшед ва фаромӯш кунед

Бахшиш бузургтарин подзаҳр барои рафъи асабоният мебошад. Агар шумо ба асабоният иҷоза бидиҳед, ки дар шумо нуфуз кунад ва ба афкори манфӣ фикр кунед, дар ниҳоят чизе ҷуз талхӣ, хашму бадбинӣ насибатон нахоҳад шуд.

2 – Шиносоии роҳи бурунрафт аз ҳолати хашму асабоният

Дар сурати асабоният саъй кунед нафаси амиқе бикашед ва аз роҳи ҳалҳои мантиқӣ барои рафъи мушкилоте, ки боиси асабонияти шумо мешаванд истифода кунед.

3 – Тақвияти маҳорати гӯш додан

Вақте мо шунавандаем, фавран иртиботамонро бо шахсе, ки дар ҳоли ҳарф задан бо мост, барқарор мекунем. Гӯш додан ба суханҳои гӯянда нишон медиҳад, ки шумо муроқиб ҳастед ва ба фикру эҳсосоти дигарон эҳтиром қоил ҳастед ва низ боиси тақвияти эҳсоси ҳамдилӣ мешавад.

4 – Тамрини ором будан

Нафаси амиқ ва тасовир ва садоҳои оромбахш метавонад сабаби ором шудани шумо бишавад ва иҷозати асабоният ва ъушунату хашмро ба шумо намедиҳад. Албатта муҳимтарин чизе, ки ба оромиши бештари мо кӯмак мекунад, варзиш аст.

5 – Бознигарӣ ва бозсозии одатҳои гузашта

Ашхосе, ки ҳамеша хашмгину асабонӣ ҳастанд, ҳамеша дар ҳоли қасам хӯрдан ва носазо гуфтан мебошанд. Ҳамин корҳо мушкил ба шумор меояд ва ошкор аст, ки дар ҳангоми асабоният аз хушунатҳои беш аз ҳад истифода мекунанд. Бояд саъй кунед, роҳи худатонро тағйир диҳед ва мантиқитарин роҳро баргузинед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.