Вижагиҳои ҳамсари хуб

77

Агар ҳамсари шумо ин вижагиҳоро дорад, шумо одами хушбахте ҳастед:

1 – Ҳамсаратон аҳдофи мушобеҳе бо шумо дорад

Бештари издивоҷҳо муваффақ намешаванд, зеро ду нафар аҳдофи мутафовите бо ҳам доранд. Агар шарики зиндагии шумо бо шумо дар мавриди чизҳое монанди чанд то фарзанд доштан, маҳалли зиндагӣ ва ё чизҳои дигар бо шумо мувофиқ бошад, дар оянда муваффақият бо шумо хоҳад буд.

2 – Ҳамсаратон шуморо доварӣ намекунад

Ҳамаи мо ба унвони як инсон, хос ҳастем ва рафторҳои хосси худамонро дорем, ки дигарон шояд онро надоранд. Бинобар ин сахт аст, ки касеро пайдо кунем, ки чизи аҷибе надошта бошад, пас агар рфикр мекунед, ки яке аз ин афрод ҳастед ва шарики зиндагии шумо чизе дар мавриди он чизҳо ва рафторҳои аҷибу ғариби шумо намегӯяд ё аз шумо намехоҳад, ки ин корҳоро тарк кунед, пас шуморо ба унвони касе, ки ҳастед ва ҳамон тавре ки ҳастед, дӯст медорад.

3 – Аъзои хонаводаи ӯ шуморо дӯст медоранд

Агарчӣ ин аз сахттарин корҳост, аммо бояд талош кунем, ки хонавода моро дӯст дошта бошанд ва мо хонаводаи ҳамсарамонро дӯст дошта бошем ва онҳоро хушҳол кунем.

4 – Ҳамсаратон ба шумо ба унвони пуштибони қавӣ нигоҳ мекунад

Як ҳамсари хуб дар шароити хос, на пеши дӯстонаш меравад ва на кори дигаре мекунад, балки фақат шумоо ҳомии хеш медонад. Ӯ медонад шумо барои ӯ ҳастед, бинобар ин метавонад рӯи шумо ҳисоб кунад ва шумо низ ба ӯ такя кунед.

5 – Ҳеч сирреро аз шумо пинҳон намедорад

Одатан мардҳо чизҳое дар бораи  зиндагии худро бо дигарон дар миён намегузоранд ва ҳатто бо ҳамсарашон. Аммо агар фикр мекунед, ки ӯ дар бораи ҳама чизе, ки ба унвони роз аз ҳама пинҳон мекунад ва бо шумо дар бораи онҳо сӯҳбат мекунед, пас ба шумо эътимод дорад ва бидуни шак шуморо дӯст дорад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.