Тарбияти фарзанд дар оила

Яке аз муҳимтарин корҳое, ки инсон дар умри худ анҷом медиҳад, бунёди оила ва сипас тарбияти фарзандон аст.

60

Оила қонунест, ки шахс дар муҳити он худро аз ниёзҳои инсонӣ бениёз мегардонад. Яъне ҳар инсоне дар муҳити оила анъанаҳои табиии ба вуҷуд овардани наслро идома дода, бо воситаи оила ба ҷомеа мепайвандад ва шахсияту ҳуввият касб мекунад.

Оила ва оиладорӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии инсонӣ маҳсуб гашта, пойдорӣ ва мустаҳкамии он асоси хушбахтии аъзоёни он дар ҳаёти шахсӣ ба шумор меравад. Оила намунаи олӣ ва таърихии институти иҷтимоӣ буда, зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад. Табиист, ки фаҳму дарк, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар дар оила аввалин дарсест,ки дар зеҳни кудак нақш мебандад ва фаъолияти минбаъдааш низ аз ҳамин гуна шароит вобастагӣ дорад. Муҳити оила хуб ёбад, ҳар навъе ки бошад таъсири худро ба кӯдак мегузорад ва умрбод дар вуҷуди он боқӣ мемонад. Дар ниҳоят кудак ба ҳама гуна бардоште,ки аз оила дорад вориди ҷамъият мегардад.

Ҳар як оила ӯҳдадор аст, ки фарзандони худро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намоянд. Дар оилаҳои хуб фарзандони бомаърифати хуб ба воя мерасанд ва ояндаи ҷомеа аз ин гуна фарзандон вобастагии зиче дорад. Агар волидон барои дар роҳи илму дониш роҳнамун намудани фарзандони хеш кӯшиш намоянд, дар ҷомеа оилаи солиму бофарҳангба вуҷуд меояд. Барои ҳар як падару модарро зарур аст,ки фикри ояндаи фарзандро андешида, онҳоро аз беҳудагардиҳо манъ карда, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ тарбия намоянд.

Нуқтаи дигаре,ки ҳоло дар хонаводаҳо дар тарбияти фарзанд фаромӯш шудааст, ин мутолиаи китоб дар муҳити оила мебошад. Вақте волидон дар назди фарзанд китоб мутолиа мекунанд ё китобро ҳамчун ганҷи маонӣ ҳифз менамоянд,албатта ин ба тарбияти фарзанд таъсири мусбӣ мерасонад. Агар волидайн порае аз қисса ё ҳикоя ба фарзандон роҷеъ ба мӯҳтавои китоб саволу ҷавоб намоянд, шавқи китобхониро дар онҳо бедор месозанд. Бо назардошти тараққиёт ва пешравии ҷамъият, тарбияти насли наврас низ ба худ таваҷӯҳи бештареро талаб мекунад. Зеро мушоҳидаҳо ва омӯзишҳои педагогию психологии солҳои охир нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди оилаҳои муваффақу хушбахти зиёд, мушкилоти мувофиқ ба замони нав ба вуҷуд омадаанд, ки ба раванди таълиму тарбияти фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд. Ба монанди ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон, нашъамандӣ, таъсири тамаддунҳои хориҷӣ ва ғайра, аз ҷумлаи чунин мушкилот мебошанд.

Ҳаёти солими ҷомеа аз фазои солими оила маншаъ мегирад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши онро дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд.

Тарбияти оилавӣ корӣ муҳим буда, аз волидайн талаб ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи волидайн, ки дар тарбияти фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои ахлоқи накӯ ва ба ҷомеа нафърасон мебошад.

Оилаи муосир дар асоси тағйироте, ки дар ҷомеаи навин ба вуҷуд меояд, инкишоф меёбад. Васеъ паҳн шудани воситаҳои иртиботӣ, коммуникатсионӣ,пешравии илм ва дар ин замина дастовардҳои техника ва технологияҳои замони нав на танҳо ба некуаҳволии оила таъсир мерасонад, балки боиси инкишофи ҳамаҷонибаи насли наврас низ мегардад. Воситаи асосии иҷтимоикунонии насли наврас оила мебошад, ки он фарзандонро ба ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятӣ омода месозад. Бояд донист, ки муҳимтарин вазифаи оила таъмини хушбахтии аҳли хонавода ва тарбияти шоиста мебошад.

Тарбияти оилавӣ, ки онро машъали тарбия гӯянд, ба ба охлоқи инсонӣ асос шуда, дигар ҷузҳои таркибии тарбия аз он сарчашма мегиранд. Фарзанд маҳсули оила асту тарбияаш аз хонадон ва панди падару модар, инчунин аз муҳити маънавӣ маншаъ мегирад.

Тавре маълум аст, ки давраҳои бачагӣ, наврасӣ ва ҷавонии инсон дар оила мегузаранд. Аз ин хотир, падару модар ва калонсолони хонаро зарур аст, то ки вижагиҳои тағйироти синну солии фарзандонро ҳис карда,ба имкониятҳои онҳо такя кунанд ва барои муътадил ҷорӣ шудани ташаккули шахсияташон цамхорӣ намоянд. Қобилияти эҷодии кӯдакро пайхас намуда, ҳамзамон дар айёми наврасӣ, ки давраи басо ҳассос аст, ба онҳо аҳамият бояд дод.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.