Вақти тиллоии тарбият

225

Бачаи инсон як мавҷуди таълимпазир аст; шояд таълимпазиртарин мавҷуд дар ин олам, инсон аст ва агар инсон метавонад ҳайвони ваҳширо аҳлӣ кунад, қатъан хоҳад тавонист мавҷудеро, ки то ин ҳад таълимпазир аст дар чорчӯбе, ки худаш мехоҳад идора кунад, аммо тарбият як вақти тиллоӣ дорад, ки мо маъмулан онро аз даст медиҳем. Хеле аз хонаводаҳо ба ин ҳадиси Пайғамбар(с) такя мекунанд, ки се то ҳафт сол вуҷуд дорад; ҳафт соли аввали умр, бача сарвар аст. Баъд ин ҳадисро ба ин маъно гирифтаанд, ки ҳар коре хост анҷом диҳад. Дар ҳоле, ки чунин фаҳм дуруст нест. Касе, ки ин вақт зери ҳафт солро аз даст медиҳад он вақти тиллоиро аз даст додааст. Кӯдак дар ин син ду вежагӣ дорад, ки бояд аз он истифода кард.

Аввал инки бача моли мост ва моли каси дигар нест. Ҳазрати Алӣ(а) фармуданд:

بَادِرُوا أَوْلَادَکمْ بِالْحَدِیثِ قَبْلَ أَنْ یسْبِقَکمْ إِلَیهِمُ الْمُرْجِئَة

 “Қабл аз инки гурӯҳҳои инҳирофӣ бачаҳоро аз шумо бирубоянд шумо худатон пешӣ бигиред”.

Тарбият арсаи фурсатсӯзӣ нест, мо агар бачамон аз дусолагӣ ба сесолагӣ расид ва чизҳое, ки бояд дар дусолагӣ ба ӯ ёд бедиҳем ёд надодем, фурсати бузурги яксоларо аз даст додаем. Кӯдак дар ин син моли гурӯҳҳои ҳамсолу ҳамёл нест, моли мост.

Вежагии дигари ин син ин аст, ки бачаҳо дар ин син ба шиддат омодагии рӯҳӣ, равонӣ ва қалбӣ доранд. Ҳазрати Алӣ(а) хитоб ба Имом Ҳасан(а) мефармояд: «Қабл аз инки қалбат сахт шавад, ман ба адабу адабомӯзии ту пардохтам». Яъне инсон дар як замони синнӣ қалбаш боварнопазир мешавад ё боварпазирияш кам мешавад. Даврони кӯдакӣ даврони хушбоварӣ аст. Ҳатто наметавонад чизеро ба осонӣ инкор кунад, чун наметавонад ба хубӣ ҳарф бизанад, наметавонад дурӯғ бигӯяд ва… ин син бо ин вежагиҳо беҳтарин син барои омӯзиш аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.