Осори бади талоқ

202

 

Бо инки талоқ ба ҳукми зарурат барои дурӣ аз мухотироте пазируфта шудааст, бо вуҷуди ин чун аз авомил гусехтагӣ ва пошидагии конуни хонавода аст, ба ночор авоқиби иҷтимоии онро бояд интизор дошт, зеро талоқ дар назари ҷурмшиносон дар воқеъ аз авомили ҷурмзо ҳисоб мешавад, аз назари ҷурмшиносон натоиҷи вахими талоқро бояд ба ин шарҳ баррасӣ намуд:

1- Асари талоқ дар мардон ва занон, ки фарзанд надоранд.

2- Асари талоқ дар фарзандон.

3- Зиёнҳои иҷтимоии талоқ

Дар мардон асароти талоқ ин аст, ки ононро афроди ғайримутааҳҳид (хилофи аҳду паймон амалкунанда) бор меовард. Омори ҷиноӣ нишон медиҳад, ки теъдоди ин афроди ғайримутааҳҳид дар миёни зиндониён зиёд аст.

Асари талоқ дар занон ба хусус онҳое, ки паноҳгоҳе надоранд ва дорои истиқлоли иқтисодӣ нестанд, сахт хатарнок аст, занони муталлақа хеле дер ба хонаи бахти дувум пой мегузоранд ва эбасо, ки ин умед ҳаргиз ҷомаи амал напушад ва эҳтимолан роҳро барои инҳироф ва суқути онон бигушояд.

Асари талоқ дар фарзандони мутааллиқ ба конуни аз ҳам пошида бисёр шадид аст ва уқдаҳои ғайриқобили таҳаммул ва ҳамроҳ бо нафрат дар онон бавуҷуд меовард, ки шадидтар аз вазъи ятимӣ аст.

Яке аз бузургтарин асароти манфии талоқ ин аст, ки чун кудакон аксаран баъд аз талоқ бо модарони худ зиндагӣ мекунанд, ба далели ноогоҳӣ ва бетаҷрубагӣ аз равишҳои бисёр ғалате истифода мекунанд. Ба ин маъно, ки падари фарзандашонро монанди як дев ба онҳо муаррифӣ мекунанд, онҳо маъмулан ба хотираҳое, ки бо падар доштаанд ранги ғам медиҳанд ва хешро бегуноҳ ва маъсум ҷилва медиҳанд ғофил аз ин, ки ҳар кӯдаке ниёзманди он аст, ки падар ва модари худ, ҳар дуро бо арзиш бидонад ва дар ғайри ин сурат мутаваҷҷеҳ мешавад, ки худаш низ беарзиш аст. (Маҳдихон, 1382, с 78).

 Осори иҷтимоии талоқ

Инсон ба хотири ин зода шудааст, ки саодатманд бошад; Омадааст то дигаронро хушбахт созад. Худхоҳӣ ҳамсареро, ки барои осудагии худ моил ба инҳилоли хонавода аст, таклифи ӯро дар таъмини саодати ҳамсар ва фарзандон маҳдуд мекунад.

Дар баробари ҳаққе, ки ӯ барои таъмини осоиши худ дорад, фарзандони ӯ низ ҳаққ доранд, ки осуда ба сар баранд. Масъули зиндагӣ ва таъмини саодати кӯдакон ва хонавода ӯ аст ва ин таклиф бояд бар ҳавасҳо муқаддам дошта шавад.

Кӯдаке, ки ба хотир ҷудоии падар ва модар ночор аст то яке аз ин ду муҳаббатро аз дил берун кунад дар воқеъ ниме аз дунёи худро тамом шуда медонад. Бештари ин кӯдакон аз доштани мураббии дилсӯз маҳрум мемонанд ва омор нишон медиҳад, ки падар ва модари 70 дарсад аз ҷавонони муҷрим аз ҳам ҷудо шуда будаанд. Кудуратҳои хонаводагӣ, агар нопойдор ва ба қасди бар ҳам задани пайванди заношуӣ набошад, ҳамеша қобили ҷуброн аст, вале инҳилоли хонавода дарде аст, ки ба ҳеҷ доруе дармон намешавад.

Пешбинии талоқ, натанҳо аз равобити озоди зан ва мард намекоҳад, онро тарвиҷ низ мекунад. Зеро ҳамсаре, ки бо дигарӣ робита дорад ҳамеша умедвор аст, ки рӯзе ҳаваси хешро ба либоси қонунӣ ва машрӯъ дароварад ва бо ошиқи худ хонаводаи дигаре ташкил диҳад. Пас дар тасмими худ устувортар мешавад, ба ишқи нопок доман мезанад ва барои инки монее дар сари роҳ надошта бошад, аз кудакдор шудан низ мегурезад, яъне ахлоқи умумиро ба фасод ва табоҳӣ мекашд ва бо маҳдуд кардани насл, аз иқтидори миллӣ ва иқтисодии кишвар низ ҷилавгирӣ мекунад.

Барои натиҷагирӣ аз ин баҳс, бояд донист, ки далели ҳар ду даста бо порае аз ҳақиқате ҳамроҳ аст вале ҳеҷ кадом қотеъ ба назар намерасад. Инсонҳо аз ҳайси авотиф бо ҳам баробар нестанд ва равобити иҷтимоӣ чандон печида ва мубҳам аст, ки ҳеҷгоҳ наметавон ба адолати мутлақ расид. Бинобарин, қонуни умумӣ ва навъӣ ҳар андоза, ки бар ҳақиқат такия зада бошад, ҳамеша адолатро ҳифз намекунад.

Бояд ба ахлоқ рӯй овард ва тадбире андешид, ки мардум эътибор ва аҳамияти хонаводаро дар дил эҳсос кунанд; Зан ва мард дар равобити худ ҷониби инсоф бидоранд ва ҳамаи некиҳоро барои худ нахоҳанд.

Қонун низ дар роҳи расидан ба ин мақсуд муассир аст. Бояд дар истиқрори хонавода кӯшид, вале ҳифзи селлули фосид низ самаре барои ҷомеа надорад. Пешбинии талоқ ба унвони амри макрӯҳ вале лозим муфид аст аммо бояд мавориди он дар чаҳорчуби ахлоқ ва боварҳои умумӣ, маҳдуд бошад.

Маҳоким набоисти, бозичаи дасти вакилони ду тараф ва ҳилаҳои ҳуқуқии эшон шаванд, ё амри талоқро беаҳамият нигаранд. Бояд дид дар ҳар мавриди хосс адолат чӣ иқтизо дорад ва муҳаррики руҷуъ ба додгоҳ чист ва ҳукм ба ҷудоӣ маслиҳатро риоят мекунад ё мафсадае ба бор меовард. (Котузиён, 1376, сс 312, 314).

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.