Талоқ ҳаргиз!

117

 

Бар хилофи ончи дар ибтидои ба вуҷуд омадани ихтилоф ва носозгорӣ ба назар мерасад, талоқ , танҳо роҳи ҳал нест. Печидагии бофти равобити хонаводагӣ ва таъсир ва таассурҳое, ки ҳар як аз пайвастанҳо ва гусастанҳо бар афрод мегузорад ва ҷудоӣ, осори бади ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва тарбиятӣ ва муоширатӣ бар ҳар ду тараф ва вобастагон ва фарзандон мегузорад, сабаб мешавад, ки дар вуҷуд омадани ихтилофот, талоқро бадтарин роҳи ҳал бидонем.

Талоқ, шояд осонтарин роҳ бошад, вале ҳаргиз беҳтарин ва оқилонатарин роҳи ҳал барои носозгориҳо нест, ба хусус агар дар шароити асабоният ва хашм анҷом шавад.

Аз ин рӯ, талоқ, аз манфӯртарин ҳалолҳои илоҳӣ ба шумор омадааст.

Ҳар чанд ҷоиз аст, вале бисёр нописанд аст.

Имом Содиқ (а) фармуд: Ҳеҷ чиз, аз ончи Худованди мутаол онҳоро ҳалол қарор додааст, назди ӯ аз талоқ, манфӯртар ва нописандидатар нест:

Ва дар сухани дигар фармудааст: Ҳеҷ чиз назди Худованд, мабғузтар ва накӯҳидатар аз хонае нест, ки дар Ислом, бо ҷудоӣ (ва талоқ ) хароб шавад.

Кӯдаконе, ки бесарпараст, ё маҳрум аз муҳаббати падар ё модарӣ мемонанд, аз назари тарбият мушкил пайдо мекунанд ва аз назари отифӣ дучори камбуд мешаванд.

Ағлаб низ номодарӣ (моиндар) наметавонад холигии отифии набуди модарро дар кӯдакони бепаноҳе, ки сояи шуми талоқ бар сарашон афтодааст, пур кунад.

Худи зан ва шавҳаре ҳам, ки аз ҳам ҷудо мешаванд, аксаран гирифтори буҳронҳо ва мушкилоти аҷиб ва фаровоне мешаванд, ки қаблан ҳаргиз фикри онро ҳам намекарданд.

Инҷост, ки хароб шудани хона дар асари ҷудоӣ, ки дар ҳадис омадааст намуна пайдо мекунад.

Талоқ, навъе овор аст, ки бар сари афроди хонавода фурӯ мерезад ва бунёни хонаводаро вайрон месозад. Хонахаробӣ дар сояи талоқ, яъне ин!

Талоқ ба хотири носозгории ахлоқӣ ва набуди ҳамдигарфаҳмӣ, як масъала аст, талоқ аз сари ҳавас ва майли нафсонӣ ва таҷриба кардани занҳои мухталиф, масъалаи дигар, ки зишттар ва зидди ахлоқитар аст.

Расули Худо (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ба марде гузар кард ва аз ӯ пурсид: занатро чӣ кардӣ?

Гуфт: Ё расулаллоҳ ! талоқ додам.

Фармуд: Беонки бадӣ ва бадрафторӣ дошта бошад?

Гуфт: Оре, бе бадрафторӣ ва бадӣ.

Сипас он мард, зани дигаре гирифт. Паёмбари Акрам (с) ӯро дид. Пурсид:

чикор кардӣ? Гуфт: Издивоҷ кардам.

Сипас, баъд аз муддате ӯро дид ва пурсид: бо занат чикор кардӣ? Гуфт: талоқаш додам.

Ҳазрат пурсид: Беонки бадӣ ва ироде дошта бошад?

Гуфт: Оре.

Бори дигар Расули Худо (с) ӯро дид ва ӯ аз издивоҷи дигар ва талоқи дигар хабар дод. Расули Худо (с) фармуд:

Худованд, душман медорад (ё лаънат мекунад) ҳар зан ё мардеро, ки чашанда бошанд.

Яъне издивоҷ на бар асоси бунён ниҳодани як қонуни мустаҳкам ва бе халал, ва талоқ на аз сари носозгорӣ ва набудани имкони идомаи зиндагии муштарак ва ба унвони охирин роҳи ҳал, балки бар асоси ҳавасронӣ ва таҷриба кардани занҳои мухталиф ва шавҳарҳои мутааддид.

Ин гуна нигоҳ ба зиндагӣ, ба бозича гирифтани зиндагӣ аст.

Зиндагиҳои талхтар ва шиканандатар пас аз талоқ, ибрати хубе барои касоне аст, ки бо ба вуҷуд омадани кӯчактарин ноҳамоҳангӣ дар зиндагӣ, пои талоқро ба миён мекашанд.

Бояд то метавон, бо ҳусни ният ва ба кумаки довари бетараф ва доварони хонаводагӣ ихтилофотро решаёбӣ ва решакан кард, чаро сухан аз талоқ ва ҷудоӣ ?

Ибтидои оташи фасод, ё талоқ як ҷарақа аст

Ин ҷарақа, рафта-рафта шӯъла мешавад

Аз ин сабаб, бояд аз ба вуҷуд омадани ин ҷарақа бим дошт

варна, шӯъла соқаҳои хушкро

мекашд ба коми хеш

медиҳад ба дасти бод

меравад ҳар ончи буда … ҳаргиз ин чунин мабод,

ҳаргиз ин чунин мабод!

метавон, боз дар камини субҳи равшанӣ нишаст

метавон ситора вор

рӯшноии шаб шуд ва раҳе ба хонаҳо гушӯд

метавон

зулмати талоқро аз чеҳраи ҳаёти хештан зудуд

метавон ,

хуб буд ва хуб буд.

 Баробар будани дахлу харҷ

Хаймаи ифофе, ки ба номи конуни хонавода, бо ҳазор ранҷу умед ва орзу бар по мешавад, бояд сари по нигоҳ дошт ва аз вазидани тундбодҳое, ки ин хаймаро бар ҳам мезанад ҷилавгирӣ кард ва агар ҳам тӯфон вазидан оғоз кард, бояд чунон бо тадбир ва дӯрандешӣ ва матонат амал кард, ки ин хайма аз ҳам нагусалад ва ин конун аз ҳам напошад.

Масоили молӣ ва модӣ ва ончи ба даромад ва масраф ва ҳазина ва ҳуқуқ бар мегардад, метавонад яке аз мавориди буҳронзо ва тӯфонхез бошад, ки андаке дар бораи он баҳс мешавад.

Даромад ва махориҷ

Барномарезии иқтисодӣ яке аз пояҳои сабот ва пойдори бунёни хонавода аст ва бе он, ихтилоф пеш хоҳад омад.

Зану шавҳар (ва ба табаи, фарзандони хона) бояд баробарии маъқул ва мантиқӣ байни дахл ва харҷ эҷод кунанд ва бо пазириши ‍ воқеиятҳо, монеи мушкилсоз шудани интизороти фардӣ шаванд.

Агар бар асоси тавсеаталабиҳои баъзе ҳамсарон ё маҳор накардани махориҷи ғайри зарурӣ, ин баробарии даромад ва харҷ барҳам бихӯрад, ё аслан дар амри даромад ва махориҷ, ҳисобгарӣ ва мутобиқсозӣ набошад, ноҳанҷориҳои рафторӣ дар хонавода пеш меояд.

Саъдӣ гӯяд:

Бар аҳволи он кас бибояд гирист, ки дахлаш бувад нуздаҳ, харҷ бист.

Баъзеҳо бо ҳуқуқи коргарӣ, худнамоии инжинерӣ мекунанд ва ин навъ набуди баробарӣ дар дахлу харҷ аст ва барои ҷалби таваҷҷуҳи дигарон ё худнамоӣ, беш аз тавони молӣ харҷ мекунанд ва натиҷааш пайдоиши буҳрон дар маишати хонавода аст.

Занони хонадор, мудирияти умури хонаро агар бар меҳвари қаноат ва парҳез аз харҷҳои ғайри лозим ва ташрифотӣ ва таҷаммулотӣ танзим накунанд ва аз шавҳарони худ, таваққӯъоти ғайри мунсифона ва беҷо ва хориҷ аз тавони молӣ ва андозаи даромади ӯ дошта бошанд, ё ҳазинаҳои ғайри заруриро бар онон бор кунанд, бояд мунтазири ба вуҷуд омадани нороҳатӣ бошанд, чун ё ҳамсарашон ба хостаҳои афзӯнталбонаи онон таваҷҷуҳ намекунад, ки натиҷааш ба вуҷуд омадани ҳарфҳо ва ҷанҷол аст, ё аз роҳе (ҳалол ва ҳаром ва ришва ва ғ.) саъй дар таъмини хостаҳои зан мекунад, ки натиҷааш олуда сохтани зиндагӣ ба ҳаром аст.

Асоси хонавода ва зиндагии муштарак, бар ҳамкорӣ аст. Агар ҳар як аз зан ва шавҳар, талабкорона ё таҳмилгарона бо тарафи муқобил бархурд кунанд, он тафоҳум падид нахоҳад омад.

Суст шудани пояҳои ниҳоди хонавода, гоҳе дар асари ҳамин масоили модӣ ва иқтисодӣ аст ва оғози он ҳам чӣ басо аз умури ҷузъӣ ва беаҳамият аст ва сар аз буҳрон дар меоварад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.