Даврони оғозини зиндагӣ

211

Тавсияҳои пизишкон дар мавриди равобити ҷинсии завҷҳои ҷавон

Пурсиш: Доктори азиз, ман ахиран издивоҷ кардаам ва бокирагиамро аз даст додаам. Ва аслан онтавр, ки ҳама бароям таъриф карда буданд набуд. Аввал инкӣ, онқадарҳо ҳам, ки фикр мекардам дарднок набуд. Ҳатто бояд бигӯям, ки дар хеле аз қисматҳои он аслан дарде надоштам. Дувум инкӣ, аслан ҳеҷ хуне наомад. Ин хеле бароям аҷиб буд. Лутфан бигӯед оё инҳо табиӣ ҳастанд ва читавр метавонам ҳама чизро дуруст кунам.

Посух: Умедворем, ки ондаста аз хонандагони мо, ки ҳанӯз бокира ҳастанд ҳам номаи шуморо хонда бошанд ва аз он дарс бигиранд.

Мутаассифона шумо бо се бовари нодуруст дар мавриди мавзӯи бокирагӣ фиреб хӯрдаед. Ин боварҳо ба шиддат дар миёни навҷавонон ривоҷ дорад ва осебҳои зиёде ҳам ба онҳо мезанад. Иҷоза бидиҳед ин мавзӯъотро як-як баррасӣ кунем:

  1. Аз даст додани бокирагӣ ҳамеша бисёр дарднок аст. Ин аслан дуруст нест. Таҳқиқот нишон додааст, ки дар бисёре аз маворид, фард ҳеҷ дардеро таҷриба накардааст. Баъзе аз духтарҳо эҳсос дард мекунанд аммо агар комилан релакс бошед ин дард камтар хоҳад буд.
  2. Аз даст додани бокирагӣ бо миқдори зиёде хунрезӣ ҳамроҳ аст. Боз ҳам ин бовар иштибоҳ аст. Занони бисёре миқдори хунрезии бисёр каме дошта, ки дар асари пора шудани пардаи бикорат эҷод мешавад; Аммо хеле аз духтарҳо ҳам аслан дучори хунрезӣ намешаванд. Фақат дар мавориди бисёр нодир ин хунрезӣ шадид аст.
  3. Аз даст додани бокирагӣ ҳам лаззат овар ва ҳам тарснок аст. Ин аслан дуруст нест. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар бисёре аз хонумҳои ҷавон, боиси ноумеди шудааст. Онҳо хеле лаззат набурда ва мутааҷҷибанд, ки ин ҳама сарусдо дар мавриди робитаи ҷинси барои чӣ будааст.

Шумо ҳеҷ мушкиле надоред. Ва ниёзе ба дуруст кардани чизе ҳам нест. Шумо комилан табиӣ ҳастед.

Ҳамонтавр, ки қаблан гуфтем, аксари хонумҳои ҷавон дар ибтидои робитаи ҷинсӣ чандон аз он лаззат намебаранд. Маъмулан чандин сол тӯл мекашад, ки ёд бигиранд аз он лаззат бибаранд.

Илова бар ин, теъдоди каме аз занон ҳастанд, ки вақте бокирагии худро аз даст медиҳанд, ургосмро таҷриба кунанд.

Умедворам, ки бо иттилооте, ки дар ихтиёратон гузоштем, итминон пайдо карда бошед ва онро ба дӯстонатон ҳам мунтақил кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.