Авомиле, ки зиндагии муштаракро ба хатар меандозад

202

Ҳар як аз нукоти зер метавонад зиндагии заношуиро ба хатар биадозад:

  1) Тааҳҳуди беш аз андоза

Кору машғулияти беш аз андоза ва хастагии ҷисмӣ ва рӯҳӣ; Ин мушкил дар завҷҳои ҷавоне, ки дар мадраса ё донишгоҳ таҳсил мекунанд ё ба наздикӣ дар ҷое ба кор гирифта шудаанд бештар ба чашм мехӯрад. То ҷое, ки мумкин аст саъй кунед авоили издивоҷ ба донишгоҳ биравед, кори тамомвақт дошта бошед, соҳиби фарзанде шавед, хона бисозед ё кор ва косибии ҷадиде роҳ биандозед. Ин корҳо мушкилот ва сахтиҳои зиёде ба ҳамроҳ дорад ва бисёре аз завҷҳои ҷавоне, ки бо ин мушкилот рӯбарӯ мешаванд, пас аз онки издивоҷашон бо шикаст рӯбарӯ мешавад бо тааҷҷуб аз худ мепурсанд: «Чаро чунин иттифоқе афтод?» Масъулият ва машғалаи зиёд боис мешавад, ки зан ва шавҳар фурсати каме барои ҳамдигар дошта бошанд ва бинобарин фосилаи онҳо рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва замоне мерасад, ки барои ҳам мисли ду ғариба ҳастанд, пас саъй кунед дар авоили издивоҷ , барои худ, кор ва дардисар натарошед ва вақти бештареро бо ҳам бигузаронед то ҳамдигарро бештар бишиносед.

2 ) Суратҳисобҳои боло

Суратҳисобҳои боло ва баҳс бар сари чигунакии харҷ кардани пул; Аҷноси масрафии худро бо пули нақд харидорӣ кунед, дар ғайри ин сурат онҳоро ба сурати қистӣ (кридит) нахаред. Тамоми пулатонро барои хариди хона ё автомобил, ки иститоати хариди онро доред харҷ накунед. Ҳамеша миқдоре аз пулатонро барои рӯзи мабодо пасандоз кунед ва бо он ба сафарҳои кӯтоҳ биравед ва агар соҳиби фарзанде ҳастед, онро барои вақтҳои зарурӣ канор бигузоред. Саъй кунед даромадатонро оқилона ва дуруст харҷ кунед.

  3) Худписандӣ

Дар ҷаҳон ду гурӯҳ аз мардум вуҷуд доранд, афроди бахшанда ва афроди гиранда. Издивоҷи ду нафар бахшанда метавонад як масъалаи ризоятбахш ва хушоянд барои ҳар ду тараф бошад, байни ду нафари бахшанда ва гиранда ҳамеша мухолифат ва душманӣ вуҷуд дорад, аммо ду нафари гиранда дар арзи шаш ҳафта зиндагии муштарак, ба ҷони ҳам меафтанд ва дамор аз зиндагии ҳам дар меоваранд. Худписандӣ ва худхоҳӣ, издивоҷро ба вартаи нобудӣ мекашонад.

 4) Дахолати волидайн

Агар баъзе аз зан ё шавҳарҳо ба таври комил аз волидайнашон ҷудо нашаванд, эҳтимоли ба вуҷуд омадани мушкил дар зиндагии заношуии онҳо вуҷуд хоҳад дошт. Баъзе аз волидайн дӯст надоранд фарзандашон пас аз издивоҷ аз онҳо дӯр шавад ва беҳтар медонанд, ки дар канорашон зиндагӣ кунад. Баъзе аз онҳо дар кучактарин масъалаҳои зиндагии фарзандашон дахолат мекунанд ва намегузоранд зиндагии фазанд ва арусашон бар асоси риволи табиӣ пеш биравад. Онҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ надоранд, ки дар ин сурат мумкин аст боиси ба вуҷуд овардани мушкил дар зиндагии муштараки фарзандашон шаванд.

  5) Интизороти зиёд ва беҷо

Бисёре аз завҷайн интизор доранд, ки пас аз издивоҷ вориди як сарзамини пур аз шодӣ ва хушбахтӣ шаванд. Онҳо ҳамеша рӯъёи қасри приёнро дар сар мепарваронанд, ғофил аз ин, ки гоҳе вақтҳо дар зиндагии заношуӣ мушкилоте пеш меояд, ки арсаи зиндагии онҳоро танг мекунад.

 6) Баҳс ва ҷадал

Сухани мо бо касоне аст, ки фазои хонаро бо баҳсу даъвоҳои худ олуда мекунанд ва боиси ранҷиш ва нигаронии тарафи муқобили худ мешаванд ва ӯро аз идомаи зиндагии муштарак дилсард мекунад. Бадбинӣ ва ҳасодат, яке аз илали эҷоди ҷару баҳси завҷайн аст ва худбинӣ омили дигаре аст, ки боиси озор расондан ба тарафи муқобил мешавад.

  7) Нашъамандӣ

Нашъамандӣ натанҳо боиси аз ҳам пошидани зиндагии муштарак мешавад балки фардро низ аз байн мебарад. Ҳамеша аз маводи мухаддир (нашъаовар) ва нушиданиҳои спиртӣ дӯрӣ кунед.

  8) Хиёнат ва бевафоӣ нисбат ба ҳамсар

Издивоҷ, паймон ва тааҳҳуд байни ду нафар аст ва онҳоро мутааҳҳид месозад, ки то охири умр ба ҳам вафодор бимонанд ва дар ғаму шодиҳои зиндагӣ, шарики якдигар бошанд. Мутаассифона баъзе аз ҳамсарон ба ин тааҳҳуд пойдор намемонанд ва пас аз муддате аз ҷодаи дурустӣ мунҳариф мешаванд ва ба ҳамсарашон хиёнат мекунанд ва бо ин кор китоби зиндагии муштаракашонро барои ҳамеша мебанданд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.