Усули ҷазо додани кӯдакон кадомҳоянд

206

Ҳамаи бачаҳо гоҳвақт иштибоҳ мекунанд, қоидаҳоеро риоя намекунанд ё дигаронро озору азияти медиҳанд. Нақши волидон дар ин мавқеъ ёдоварии усул ва истифода аз роҳкорҳои муассир барои ҷилавгирӣ аз рафтори номатлуб ва тақвияти рафторҳои хуби бачаҳо мебошад. Бештар вақт пайдо кардани як шиваи муассири тарбиявӣ барои падару модар душвор аст. Танбеҳ ва ҷазо додани кӯдак дар ҳақиқат роҳе барои ёдоварие ба бачаҳост барои рафторе, ки иштибоҳ буда ва набояд такрор шавад дар ғайри ин сурат чунин ҷазое мебинад.

Калимаи танбеҳ ва ҷазо додан бештар бо ёдоварии хотироти бад барои кӯдакони насли қадим ҳамроҳ аст. Дар гузашта танбеҳи кӯдакон ба таври комилан хушунатомез ва ғайри илмӣ барои мутаваққиф кардани рафтори иштибоҳи кӯдакон истифода мешуд. Имрӯза аммо иҷрои танбеҳ ба сурати қадимии худ таъйид шуда нест ва бештар ҷанбаи ислоҳи рафтор ба худ гирифтааст. Диққат кунед танбеҳи кӯдакон ҳамеша ба унвони роҳкори охири тарбиявӣ истифода мешавад, вале замоне, ки қасди истифода аз онро доред бояд ҳатман гуфтаҳои зерро риоя кунед то осеб ба кӯдак ворид нашавад. Бо Хонаводаи Намуна то охири ин навишта ҳамроҳ бошед.

Ҳаргиз аз танбеҳи баданӣ истифода накунед

Танбеҳи кӯдакон ба сурати баданӣ ё равишҳое мисли рехтани филфил дар даҳони кӯдак, танбеҳ бо қошуқи доғ ё фиристодани бача ба муҳити торик, солҳост аз байн рафта ва истифода аз ин равишҳо сабаби эҷоди мушкилоти ғайри қобили ҷуброн барои бачаҳо мешавад.

Осебе, ки ин равиш дар пай дорад хело бештар аз таъсири мусбати он аст. Танбеҳи кӯдакон бо чунин равишҳое метавонад боиси паёмадҳое мисли мушкилоти изтиробу васвос ва ё тарсҳои шадид, бад ахлоқ шудани кӯдак, кобусҳо ва мушкилоте мисли беихтиёрии идрор шавад. Чизе, ки шумо бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошед ин аст, ки ҳар андозае, ки асабонӣ бошед ё рафтори фарзандатон иштибоҳ бошад далел намешавад, ки ӯро латукӯб ё аз равиши осебрасон барои танбеҳаш истифода кунед.

Ба ин мавзӯъ фикр кунед, ки фарзанди шумо хела вақт рафторҳои ғайри иродӣ анҷом медиҳад ва ҳеҷ қасде барои осеб задан ё эҷоди дардисар надорад. Беҳтар аст бидонед мумкин аст танбеҳи кӯдакон ба сурати баданӣ сабабӣ якравии бештар ва тақвияти рафтори бадаш шавад.

Таносуб байни рафтори номуносиби кӯдак ва шиддати танбеҳро риоят кунед

Диққат кунед барои ислоҳи рафтору танбеҳи кӯдак, шумо бояд аз як системаи мантиқӣ ва қобили пешбинӣ кумак бигиред, маслан як нуктаи муҳим дар танбеҳи кӯдакон ин аст, ки байни рафтори номуносиби кӯдак ва шиддату мизони танбеҳ шуданаш таносуб вуҷуд дошта бошад, агар шумо ин нуктаро риоят накунед ва барои мисол дар қиболи анҷоми кори кучак, танбеҳи бузурге дар назар бигиред осебҳои зиёде ба кӯдакатон ворид мешавад.

Барои мисол фарзанди шумо аз тамрини футбол боз мегардад, аммо ба ҷои қарор додани либосҳои касифаш дар сабади махсус онҳоро руи мубли хона меандозад, танбеҳе, ки шумо ироа медиҳед: маҳрум кардани кӯдак аз рафтан ба тамрин ба муддати як ҳафтааст. Ба назар мерасад муддатзамон ё навъи ин танбеҳ дар қиболи рафтори кӯдак номутаносиб аст, ба ҷои он метавонед аз кӯдак бихоҳед худаш либосҳои он рӯзашро барои тамрини рӯз баъд бишуяд ё як рӯз бо ҳамон либосҳои касиф ба тамрин равад.

Қабл аз танбеҳи кӯдак хашми худро хомуш кунед

Табиӣ аст замоне, ки фарзандатон дардисар дуруст мекунад асабонӣ шавед, аммо ин нуктаро ба хотир дошта бошед, ки хашми шумо сабаб мешавад танбеҳ бефоида шавад.

Дар воқеъ замоне, ки шумо бо асабоният ҳушдорҳоро ба фарзандатон медиҳед ва паёми омӯзандаро мехоҳед расонед кӯдак аз руи тарс итоат хоҳад кард ва ин навъ тарс, ба сурати кӯтоҳмуддат рафтори кӯдакро тағйир медиҳад. Беҳтар аст қабл аз танбеҳи кӯдакон, худатонро ором кунед чун агар дар асабоният танбеҳ кунед, бештар аз он ки роҳкори муассир дар тарбияти фарзандатон ба кор бигиред ба ӯ осеб расонидаед.

Мутмаин шавед, ки кӯдак далели танбеҳшуданаш ва рафтори дурустро фаҳмидааст

Дар замони танбеҳи кӯдакон бояд бо лаҳни ҷиддӣ ва бидуни хашм ба таври мухтасару возеҳ ба кӯдак бигӯед чи иштибоҳе анҷом додааст, ки натиҷаи он танбеҳ шудааст. Барои мисол: чун дафтари бародаратро хат-хат кардӣ имрӯз наметавонӣ барномаи маҳбубатро тамошо кунӣ.

Шумо бояд дар канори танбеҳ, рафтори дурусту муносиб ва ё ҳатто ҷуброни иштибоҳро ба кӯдакатон омӯзиш бидиҳед.

Беҳтар аст паёми омӯзандаи худро ба сурати содаву возеҳ ба кӯдак бигӯед. Ин равиш беҳтар ва муассиртар аз муҷозоти кутоҳмуддат ва ҳамроҳ бо ашку оҳу нола ва таҳдид аст. Танбеҳи кӯдакон ба шакли шартӣ (агар ин корро анҷом диҳӣ дустат дорам) на танҳо муассир нест балки ба шахсияти кӯдак осеб мерасонад ва пояеро барои равобити ояндааш месозад, ки фақат дар баробари итоат, муҳаббат дарёфт кунад.

Ҳаргиз дар пеши дигарон кӯдакро танбеҳ накунед

Тасаввур кунед фарзандатон дар як меҳмонӣ дасти бачаеро чунон газидааст, ки дасташ кабуд шуда ва падару модари ӯ шикоят доранд, чӣ вокуниш нишон медиҳед? Бештар вақтҳое, ки кӯдак дар пеши дигарон кори баде анҷом медиҳад волидон хиҷолатзада мешаванд ва дар ҷамъ кӯдакро танбеҳ мекунанд. Воқеият ин аст, ки танбеҳи кӯдакон дар ҷамъ комилан иштибоҳ аст ва ба иззати нафас ва худбоварии кӯдак осеб мезанад.

Равоншиносон муътақиданд, танбеҳи кӯдакон замоне муассир аст, ки дар танҳоӣ ва байни волидон ва кӯдак иттифоқ афтад на дар пеши чашми аъзои хонавода ва ё ҳар ҷамъи дигар. Дар натиҷа замоне, ки дар чунин мавқеияте қарор мегиред, кӯдакро ба муҳите хилват бареду қонунҳоеро ба ӯ ёдовар шавед ва бо лаҳни  орому бидуни хашм тавзеҳ диҳед, ки танбеҳи ӯ шомили чи мавориде мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.