Занони улгу аз назари Қуръон(қисмати аввал)

156

Агар инсон вораста шуд ме‏тавонад улгуи дигар инсонҳо қарор гирад.

Агар мард бошад, улгуи мардум аст на мардон, ва агар зан бошад боз улгуи мардум аст на занон.

Ин матлабро Қуръони Карим ба сурати сареҳ равшан карда ва чаҳор занро ба унвони зани намуна (ду намунаи хуб ва ду намунаи бад) зикр ме‏кунад. Зан, чӣ бад ва чӣ хуб намунаи занон нест, зани намуна аст.

Қуръони Карим ме‏фармояд: Онки хуб аст намунаи мардум аст на намунаи мардон ва зани хуб, намунаи занон нест, балки зани намуна аст, чӣ ин, ки зани бад, намунаи занони бад нест, балки намунаи инсонҳои бад аст.

Дар ин мақола ба баррасии вежагиҳои ” зани фиръавн ” ба унвони яке аз намунаҳои хуб ва шоиста аз занону мардон мепардозем ва дар мақолаи баъд ба баррасии фазоили дигар усваҳои хуб ва бад, ки дар Қуръон зикр шудааст, хоҳем пардохт.

Қуръони Карим ду намунаи хуб аз занонро ба унвони улгу зикр ме‏кунад, занони бо фазилате, ки Худованд онҳоро намунаи мардуми муъмин ме‏шуморад ва дар бораи онҳо чунин ме‏фармояд:

Барои касоне, ки имон овардаанд Худованд ҳамсари фиръавнро мисол оварда онгоҳ, ки гуфт: Парвардигоро пеши худ дар биҳишт барои ман хонае бисоз ва маро аз фиръавн ва кирдораш наҷот бахш ва маро аз дасти мардуми ситамгар бираҳон. (сураи Таҳрим, ояти.11)

Алоҳтаоло дар ин оя низ мефармояд:

«Барои касоне, ки имон овардаанд Худованд ҳамсари фиръавнро мисол овардааст» (сураи Таҳрим, ояти.11)

мефармояд: Намунаи мардуми хуб, зани фиръавн аст.

Як чунин зане, дар хонае зиндагӣ ме‏кард, ки соҳиби он хона иддао дошт:

Парвардгори бузургтари шумо манам.(сураи Нозиот, ояти 24)

Ва шиор медод:

Барои шумо худое ғайр аз худам наме‏шиносам(сураи Қасас, ояти38). Аллоҳи Мутаол дар Қуръони Карим ба сурати ҳаср мефармояд:

Тасбеҳ кун номи парвардгори волои худро. (сураи Аъло, ояти.1)

Калимаи аъло мафҳуме аст, ки ҳасрро ҳамроҳ дорад, бинобар ин, ду нафар ба унвони аъло наме‏тавонанд ёфт ‏шаванд, фиръавн низ бо гуфтани ин калима иддиои инҳисор дошт ва ин аъло буданро иддао ме‏кард. Ў ҳамон тавре, ки иддаои рубубиятро дошт, муддаии тавҳиди рбубӣ ҳам буд. Сухан аз чанд худо наме‏гуфт. Ў мегуфт: натанҳо ман худоям, балки ман, танҳо худо ҳастам. Ба ҷой «ло илоҳа иллаллаҳ» шиори «ло илоҳа илло ана» ме‏дод ва дар чунин хонае бонуе нашъат гирифт, ки намунаи мардуми диндор аст.

Иллати ин, ки ин бону намунаи мардуми хуб аст ‏ба хотир он аст, ки дар ниёиш ба зоти поки Алоҳ мегуяд: Парвардигоро дар назди худат бароям дар ҷаннат хонае бино кун. (сураи Таҳрим, ояти.11)

Ин зан дар канори Худо, биҳиштро ме‏талабад. Дигарон биҳиштро металабанд, ва дар дуоҳояшон аз Худованд:

Биҳишт‏ҳое, ки аз зери онҳо наҳрҳо ҷорӣ аст.(сураи Бақара, ояти.25)  Дархост ме‏кунанд, аммо ин бону аввал Худоро мехоҳад ва баъд дар канори Худо, хона талаб ме‏кунад. Наме‏гуяд «Парвардигоро бароям дар ҷаннат хонае бино кун‏» балки ме‏гуяд: Парвардигоро дар назди худат бароям дар ҷаннат хонае бино кун, аввал назди Аллоҳро зикр ме‏кунад баъд сухан аз биҳиштро ба миён ме‏оварад. Яъне агар сухан аз:

«Аввал ҳамсоя баъд манзили худ» аст, ин бону ҳам ме‏гуяд: «Авал Аллоҳ баъд ҷаннат‏» албатта ҷаннате, ки назди Аллоҳ бошад, бо ҷаннате, ки аз зери дарахтонаш нҳрҳо ҷорист тафовути фаровон дорад.

Бинобарин бонуе, ки то ба ин ҳадд олӣ мефаҳмад ва дар хоста‏ҳояш табарро ва тавалло дошта ва масоили иҷтимоӣ ва фардиро аз зоти поки Алоҳ мехоҳад, оё ин зани намуна, танҳо намунаи занон аст? Ё ба таъбири Қуръони Карим намунаи мардум ҷомеа аст?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.