Ҳамоҳангии падару модар дар тарбияти кӯдак

75

Падару модар бояд дар тарбияти кӯдак, усули яксонеро риоят кунанд ва бо ҳам ҳамоҳанг бошанд.

Агар дар бархе масоил бо ҳам ихтилофи назар доранд, бояд ҳадди ақал дар назди кӯдак вонамуд кунанд, ки дар тарбияти онон ҳамоҳанг амал мекнанд.

Дар мавриди фарзанди худ адабро риоят кунем. Сӯҳбати муаддабона дар ҳангоми хашму нороҳатӣ, муаллими хубе барои кӯдак ва навҷавон аст, ки ба ӯ ёд медиҳад, ҳатто дар ҳангоми хашм ба таври саҳеҳ рафтор кунанд.

Замонеро барои таваҷҷӯҳ ба кӯдак ихтисос диҳем. Дар ин замон, бо вай сӯҳбат кунем, дарди дил кунем ва дарди дилҳояшро бишнавем ва ё бозӣ кунем, ки ин бастагӣ ба синни кӯдак дорад.

Кӯдак бояд эҳсос кунад, ки замони хоссеро барои вай ихтисос додаем. Метавонем ҳар рӯз чанд дақиқа ва дар поёни ҳафта, як соат ин корро анҷом диҳем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.