9 роҳкор барои маҳкам кардани пояҳои хонавода

Кайфияти зиндагии хонаводагӣ бар ҳар бахши дигар зиндагии мо таъсир мегузорад. Назарсанҷиҳо ба мо мегӯянд, ки бузургтарин манбаи хушбахтӣ, хонаводааст ва ҳамин назарсанҷиҳо мегӯянд бузургтарин манбаи ноумедӣ дар зиндагии афрод, муқобила бо мушкилоти хонаводагӣ аст, аммо чун ҳар як аз мо ҷузъе аз хонавода ҳастем лозим аст бидонем, ки хонаводаҳои муваффақ ва мустаҳкам чигуна зиндагӣ мекунанд?

95

Шумо ба унвони волидайн нақши асосӣ дар парвариш ва муҳофизат аз хонавода доред, аммо эҷоди равобити хонаводагии муваффақ ва маҳкам ҳамеша ба таври табиӣ иттифоқ намеафтад.

Ҳастаи аслии хонавода бо пайванди заношуии доимии зан ва мард шакл мегирад, аммо барои онки завҷайн битавонанд ташкили хонаводаи муваффақ диҳанд ва бунёни маҳкам дар хонавода ба воқеият табдил шавад, лозим аст ба нуктаҳои зер таваҷҷуҳ кунанд:

Ҳадафмандӣ

Асосан инсонҳои ҳадафманд метавонанд ба муваффақияти воқеӣ даст ёбанд; ҳадафмандӣ дар як хонаводаи муваффақ ба таври куллӣ ба маънои расидан ба оромиш аст. Вақте зан ва шавҳар дар канори ҳам қарор мегиранд ва қудраташон бар асоси асли тавонафзоӣ, афзоиш пайдо мекунад, метавонанд бо кумаки якдигар оромиш гирифта ва масоил ва мушкилотро ҳал кунанд. Худованд дар ояти 21 сураи Рум мефрмояд: “Яке аз оятҳои лутфи ӯ он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҷуфте офарид, ки дар канори ӯ оромиш ёфта ва бо ҳам унс бигиред ва миёни шумо раъфат ва меҳрубонӣ барқарор фармуд.”

Бинобарин аввалин вежагии як хонаводаи муваффақ, ҳадафмандӣ барои расидан ба оромиш аст, аммо ин оромиш аз раҳгузари талош, ҳамдилӣ ва масъулиятпазирӣ ба даст меояд, на имконоти молӣ. Хонаводаҳое, ки тасаввур мекунанд бо имконоти молӣ ва рифоҳӣ оромиш ба даст меояд, сахт дар иштибоҳанд; агар аксари талоқҳо ва ҷудоиҳо дар хонаводаҳои рифоҳзада иттифоқ меафтад ва омори ҷудоӣ ва талоқ ба шакли маънодоре дар хонаводаҳои сарватманд бештар аст.

Талошгарӣ ва умедворӣ

Талош, маҳсули умед буда ва умедвор будан яке аз рамзҳои муваффақият ва истеҳком дар хонавода ба шумор меояд. Дуруст аст, ки мушкилоти зиндагӣ, гаронӣ, беморӣ ва… бисёр аст, аммо хонаводаи муваффақ, хонаводае аст, ки аз по намеафтад ва умедворона ва ҳамдилона дар канори ҳам мекӯшанд.

Дарки якдигар

Севумин вежагии хонаводаи муваффақ ин аст, ки тарафи муқобилашонро ба хотири мушкилот муттаҳам намекунанд ва раъфат ва меҳрубонӣ байнашонро ба хотири як даста аз мушкилот ба ҳам намезананд. Ихтилофи назар дар зиндагии заношуӣ табиӣ аст ва бар асоси ояти 14 сураи Нӯҳ Худованд инсонҳоро ба шаклҳои мухталифе офаридааст; бинобарин дарки ихтилофот, яке аз муҳимтарин нишонаҳои муваффақият дар хонавода аст. Ба иборати дигар, хонаводаи муваффақ, хонаводае аст, ки дар роҳи эҷоди тафоҳум ва ҳамдилӣ гуфтугӯ мекунанд ва мушкилот ва тафовутҳоро табдил ба ихтилоф намекунанд.

Гуфтугӯ кардан

Яке аз вежагиҳои муҳими хонаводаи муваффақ, маҳорати гуфтугӯ бо якдигар аст. Доштани гӯши шунаво, забони гӯё ва маҳорати гуфтугӯ.

гуфтугӯ аз вежагиҳое аст, ки боис мешавад аъзои хонавода битавонанд ҳарфҳо, кинаҳо, хастагиҳо ва нороҳатиҳояшонро бо якдигар дар миён гузошта ва мусоламатомез мушкилоташонро ҳал кунанд. Дар воқеъ, аз вежагиҳои хонаводаи муваффақ ин аст, ки айбҷӯӣ намекунанд ва медонанд мушкилотро чигуна ва чӣ замоне матраҳ кунанд.

Маъзаратхоҳӣ

Мутаассифона бархе афрод ҳазинаи узрхоҳиро боло мебаранд ва вақте касе узрхоҳӣ мекунад, бо ӯ сахт бархурд мекунанд, аммо дар як хонаводаи муваффақ, маъзаратхоҳӣ як масъалаи оддӣ аст.

Муҳаббат кардан

Зебо садо кардани якдигар, муҳаббат кардан ва эҳтиром гузоштан аз вежагиҳои боризи хонаводаи муваффақ ва мустаҳкам аст. Хонаводаи муваффақ дар рафторашон табодули муҳаббат мекунанд

Пӯшиши муносиб

Хонаводаи муваффақ ба қадре барои ҳамдигар арзиш ва эҳтиром қоил ҳастанд, ки ҳатто дар баробари якдигар пӯшишҳои ороста ва мураттаб доранд. Дар ривоят аст, ки гоҳе вақтҳо ранге аз либосе пӯшида мешавад, ки дар урфи он замон таъриф шуда набуд, аммо вақте пурсуҷӯ мекарданд, ҳазрат мефрмуданд, ки ба хотири ҳамсарам, ки ин рангро дӯст медорад, ин ранг аз либосро мепӯшам.

Мушорикат дар корҳои хона

Хонаводаи муваффақ, хонаводаи мушорикатӣ ҳастанд ва дар умури манзил мисли пухти ғизо ва тамиз кардани хона ба якдигар кумак мекунанд; инҳо чизҳое аст, ки иттифоқан дар ривоят ҳам бисёр ба онҳо таъкид шудааст. Паёмбари Акрам(с) дар хитоб ба ҳазрати Алӣ(а) мефрмоианд: “эй Алӣ! хидмат ба ҳамсар каффораи (пок кунанда) гуноҳони кабира аст ва хомӯшкунандаи оташи хашми Парвардгори ҷа аст.”

Таваҷҷуҳ ба масоили маънавӣ

Хонаводаи муваффақ аҳли маънавият, барномаҳои ибодӣ, намоз, зиёрат ва… аст, зеро фазои маънавӣ як борандози рӯҳии хубе аст, то хонаводаҳо битавонанд аз зарфияти маънавият дар ҷиҳати беҳтар шудани равобит ва боло бурдани гароишҳояшон истифода кунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.