Рамзи муваффақият

88

Гунҷишкаке бо саросемагӣ ва бо тамоми тавонаш ба самти оташи фурӯзон наздик мешуду бармегашт.

Пурсиданд: Чӣ кор мекунӣ?

Посух дод: Дар ин наздикӣ, чашмаи обе ҳаст. Ман меравам нӯки худамро пур аз об мекунам ва онро рӯи ин оташ мерезам.

Ба гунҷишк гуфтанд: Ҳаҷми оташ бисёр бештар аз обест, ки ту бо нӯки худ рӯи он мерезӣ! Ва ин об фоидае надорад!

Гунҷишк гуфт: Шояд ман натавонам оташро хомуш кунам, аммо он ҳангом ки Худованд мепурсад: Замоне ки дӯстат дар оташ месӯхт, ту чӣ кардӣ?

Посух медиҳам: Ҳар он чӣ аз дастам меомад, анҷом додам.

Ёдамон бошад, ки ҳамеша аввалин ва муҳимтарин қадам барои муваффақият, пазируфтани масъулият аст. Мо то лаҳзае, ки масъулияти зиндагиамонро бар ӯҳдаи хеш нагирифтаем, хабаре аз муваффақият нахоҳад буд!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.