Одоби меҳрварзӣ бо ҳамсар

162

Ду инсони мӯъмин, ки бо оини муқаддаси издивоҷ паймони занушавҳарӣ мебанданд ва ташкили хонавода медиҳанд, аз унсу муҳаббат ва оромишу комёбиҳои машрӯи ҷинсӣ бархурдор мешаванд ва дар натиҷа инҳироф ва комҷӯиҳои ғайримашрӯъ маҳфуз ва дар амон хоҳанд буд. Ба ин ҷиҳат аст, ки Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Ҳар кас издивоҷ кунад, нисфи динашро ҳифз кардааст”.

Доштани ҳамсари диндор дар роҳнамоӣ ва ташвиқи фард барои анҷоми таклифи динӣ аз ҷумла воҷибот, мустаҳаббот ва тарки макруҳот ва муҳаррамот ва оростагӣ ба ахлоқи нек ва дурӣ аз ахлоқи нописанд нақши бисёр муҳиммеро адо мекунад. зан ё марди диндор ва мӯъмин, дигариро ба хубӣ ва салоҳ даъват мекунад, ба ҳамин ҷиҳат, ба марду зан супориш шудааст, ки ба ҳангоми издивоҷ мавзӯи имон ва диндорӣ ва ахлоқи писандидаро ба унвони шарти асосӣ матраҳ созанд.

Дини муқаддаси ислом, ки барои роҳнамоӣ ва аъмини саодати башар нозил гашта ва ҳамаи абъоди вуҷудии ӯро дар тамоми мароҳили зиндагиаш дар назар гирифтааст, духтару писареро, ки мехоҳанд дар оянда падару модари хонавода шаванд, дар ин водии муҳим ва ҳассос бидуни роҳнамо раҳо накардааст, балки бокамоли лутфу иноят, дасти эшонро мегирад ва қадам ба қадам онҳоро роҳнамоӣ мекунад.

Муҳимтарин мабоҳиси ин мақола чанд бахши зерро ташкил медиҳад:

1 – Авомили улфату муҳаббат миёни зану шавҳар

2 – Авомили ихтилоф ва кудурат миёни онҳо ва роҳи илоҷи онҳо

3 – Ҷойгоҳ ва арзиши воқеии зан дар хонавода аз назари ислом.

***

Меҳрварзӣ

Зан сарчашмаи муҳаббат ва мавҷуди бисёр отифию эҳсосотӣ аст. аз вуҷудаш меҳру муҳаббат меборад, зиндагиаш ба ишқ бастагӣ дорад. Дилаш мехоҳад маҳбуби дигарон бошад, ҳарчӣ маҳбубтар бошад, шодобтар хоҳад буд ва барои ба даст овардани маҳбубият то сарҳадди фидокорӣ пеш меравад. Агар бидонад, ки маҳбуби касе воқеъ наушдааст, худро шикастхӯрда ва беасар мепиндорад ва бештар вақтҳо пажмурдаву афсурда хоҳад буд. Бинобар ин метавон иддао намуд, ки бузургтарин рамзи зандорӣ иззори муҳаббату алоқа аст. агар зан бифаҳмад маҳбуби шавҳараш нест, аз хонаву зиндагӣ безор мегардад, ба фаъолиятҳои хонадорӣ ва бачадорӣ беалоқа мешавад ва аз худ мепурсад, чаро барои шавҳаре талош кунам, ки дӯстам надорад.

Меҳру муҳаббати хонаводагӣ дар зиндагии муштарак аз ҳар чизе боарзиштар аст, ки Худованди бузург низ дар Қуръони Маҷид онро аз неъматҳои бузург бар бандагони хеш медонад. АЗ Имом Содиқ(р) нақл шудааст: “Зан аз мард офарида шудааст ва тамоми таваҷҷӯҳаш ба сӯи мардҳост, пас ҳамсаронатонро дӯст бидоред!”

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.