Хусусиёти як ҳамсари хуб чист?

73

Барои интихоби ҳамсар чӣ сифот ва мушаххасотеро дар назар бигирем?

Ҳамсари хуб неъмати илоҳӣ мебошад ва ин неъмати бузург, боиси саодати хонаводаҳо, оромиши дилҳо ва тарбияти саҳеҳи фарзандон мегардад. Ба ҳамин далел, ҳангоми издивоҷ ба милокҳо ва меъёрҳо бояд диққат кунем. Бояд аз Худованди Мутаол кӯмак бихоҳем то ҳамсари хубу муносиб насибамон гардонад.

Аз Имом Содиқ(р) нақл шудааст: “Ҳар гоҳ касе аз шумо қасди издивоҷ намуд, сазовор аст, ду ракъат намоз бигузорад ва аз Худо бихоҳад, ки ҳамсари боиффату амин, бодиёнат ва мутавозеъ ва ҳофизи номусу асрор насиби вай бинамояд”.

***

Сифоти муштараки ҳамсарони хуб

1 – Имон ва диндорӣ

Аз Имом Боқир(р) нақл шудааст: “Шахсе ба ҳузури Паёмбари Акрам(с) шарафёб гардид ва дар мавриди издивоҷи худ бо он сарвар машварат кард. Ҳазрат фармуданд: Бо шахсе, ки аҳли диёнату тақво бошад издивоҷ кунед”.

Дар ривояти дигаре нақл шудааст, ки марде дар бораи издивоҷи духтараш бо Имом Ҳасан(р) сӯҳбат намуд ва Имом фармуданд: “Духтари худро ба марди ботақво шавҳар бидеҳ. Зеро агар духтари туро дӯст дошта бошад, гиромиаш медорад ва агар дӯсташ надошта бошад, ба вай ситам намекунад”.

2 – Ахлоқи нек

Ҳусейни Башшори Боситӣ мегӯяд: Ба Имом Ризо(р) номае навиштам ба ин мазмун ки: яке аз хешовандон аз духтарам хостгорӣ кардааст, вале бадахлоқ аст. Акнун чӣ кунам?

Имом фармуданд: Агар бадахлоқ аст, духтар ба ӯ надеҳ!

3 – Асолату шарофати хонаводагӣ

Манзур аз шарофати хонаводагӣ, шӯҳрат, сарват ва мавқеияти иҷтимоӣ нест, зеро баъзе аз хонаводаҳо зотан шариф, бузургвор, обрӯманд ва мутадаййин ҳастанд, гарчӣ фақир бошанд ва баъзе хонаводаҳо пасту фурӯмоя ва бедин ҳастанд, гарчӣ сарватманду дорои мақом ҳам бошанд.

Паёмбари Акрам(с) фармуданд: “Дар доман ва хонаводаи шоиста издивоҷ кунед, зеро ирқ таъсир мегузорад”…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.