Зане, ки аз ҳар даре бихоҳад, вориди биҳишт мешавад

90

 

Расули Акрам(с) фармуданд: “Ҳар вақт зане намозҳои панҷгонаашро бихонад ва иззату номусаш ҳифозат кунад ва аз шавҳараш итоат кунад, дар рӯзи қиёмат, ихтиёри онро хоҳад дошт, ки аз ҳар дарвозаи биҳишт, ки бихоҳад, метавонад вориди биҳишт шавад”.

Воқеан чӣ роҳи ҳалли бузурге дар хусуси арзиш ва мақоми занон ва дар рӯзи қиёмат, аз чӣ манзалати бузурге бархурдор хоҳанд шуд ва бо чӣ сарбаландӣ ва бо чӣ изате вориди биҳишт хоҳанд гардид.

Занони мусалмон бояд саъяшон бар ин бошад, ки ҳам худашон намозҳояшонро сари вақт бихонанд ва ҳам мушаввиқи бузурге барои аҳли хонавода, хусусан шавҳарашон бошанд, то дар гузоштани ин фаризаи илоҳӣ саҳлангорӣ нашавад. Ва самараи ин ҳаракати маънавӣ ин хоҳад буд, ки саҳнаи вурудашон ба биҳишт бисёр саҳлу муносиб ва бошукӯҳ хоҳад буд.

Дар шариати ислом, дар баробари амали андаке аз занон ваъдаи биҳишт ба онон дода шудааст ва ба нисбати мардон, аз занон мутолибаи камтаре сурат мегирад, бидуни тардид, вуруди занон ба биҳишт, дар муқоиса бо мардон, бисёр осонтар хоҳад буд.

Самараи дур нигаҳ доштани худашон аз муртакиб шудан ба гуноҳ, хондани намозҳояшон, хидмат намудан ба шавҳарашон ва итоат аз шавҳар дар мавориди шаръӣ, ин хоҳад буд, ки муҷаввизи вуруд ба биҳиштро дарёфт намуда ва аз ҳар масире, ки бихоҳанд, метавонанд вориди биҳишт шаванд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.