Оростагии зоҳир

83

Фазоили ахлоқӣ дар хонавода

Бахши панҷӯм: Оростагии зоҳир

Аз масоиле, ки барои ҳар мӯъмине писандида аст, зебоӣ ва риояти ороиши зоҳир аст.

Худованди Мутаол мабдаи зебӣоист ва ҷаҳонро низ зебо падид овардааст. Аз ин дидгоҳ, дар асли офариниш ҳама чиз зебост ва зиштӣ дар он роҳ надорад, вале он гоҳ ки анвоъ, ақсом ва афроди мавҷудот бо якдигар муқоиса ва санҷида мешаванд, бархе аз бархеи дигар зеботар некӯтар ҷилва мекунанд.

Зебоии сурат ва андоми хуш ва зоҳири ороставу муносиб, ба таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ кӯмак мекунад ва улфат ба вуҷуд меоварад.

Бинобар ин дар ривоёт бар рӯи ин вижагӣ ва таваҷҷӯҳ ба он супориш шудааст, ки барои намуна ба як ривоят аз он басанда мекунем.

Абубасир мегӯяд: Алӣ(р) фармуд: Худованд зебост ва зебоиро дӯст дорад ва мехоҳад асари неъматҳои худро бар бандааш бубинад.

Таҳким ва тақвияти пайванди хонаводагӣ ва зану шавҳарӣ. Ки ба шиддат мавриди таъкид ва супориши пешвоёни дин аст, таваҷҷӯҳ ва манзур доштани ин вижагиро дар зану мард ва дар интихоби ҳамсар, металабад.

Албатта дар мақоми авлавиятбандиҳо, хислатҳои инсонӣ ва маънавӣ муқаддамтаранд ва қатъан рӯйкард танҳо ба зебоӣ, ба маънои ғафлат аз маънавият ва ахлоқи динӣ, хасоратомез ва зиёнбор аст ва дар ривоёт аз он накӯҳиш шудааст, вале дар ҷойгоҳи худ, аҳамият дорад.

Имом Содиқ(р) дар ҳадисе аз Расули Акрам(с) нақл мекунанд, ки он ҳазрат фармуданд6 “Беҳтарин занони уммати ман зеборӯтарин ва каммаҳртарини онҳост!”

Алатта бо таваҷҷӯҳ ба ин ки хушчеҳра будан аз умурест, ки бо диди моддӣ ба он нигариста мешавад, сабук будани маҳри чунин зане, нишон аз имон ва сафои дил ва ботини солими ӯст, ки ҳам сирате нек дорад ва ҳам сурати некӯ.

Мутобиқи бархе ривоятҳо, робитаи байни ин ду барқарор аст, ки ба таъйиди илму таҷриба низ расида ва гарчи куллият надорад, вале ба таври ғолиб ин гуна аст.

Ҳазрати Ризо(а) аз падарони бузургвори худ нақл мекунанд, ки Расули Акрам(с) фармуданд: “Хубиҳоро назди хушсуратон биҷӯед, зеро рафтор ва корҳояшон сазовортар ва наздиктар ба хубӣ аст”.

Зебоӣ ва оростагӣ на танҳо авсофи хуб барои як зан ба унвони ҳамсар аст, балки аз вижагиҳои писандидаи мард низ ҳаст.

Имом Содиқ(а) нақл мекунанд: Рӯзе ба дари хонаи Расули Акрам(с) омад ва изни вуруд хост. Он ҳазрат дар хона ба зарфи обе бархӯрд ва дар он нигарист ва риши худро мавзуну ороста кард. Оиша(р) ба он ҳазрат гуфт: Шумо сарвари фарзандони Одам ва фиристодаи Парвардигори ҷаҳонед. Бо ин ҳол, дар баробари зарфи обе истода ва сару сурати худро ороста мекунед?

Ҳазрат фармуданд: Эй Оиша, Худованд дӯст дорад, вақте бандаи мӯъминаш ба сӯи бародари динии худ меравад, худро барои ӯ зебову ороста кунад.

Муҳаммад ибни Фазли Табарсӣ дар ҳолоти ҳазрати Расули Акрам(с) менависад: “Ӯ гузашта аз ин ки барои ҳамсарони худ ва дар хона ба ороиши худ мерасид, бо асҳоби хеш низ ин гуна буд”. Дар ин ҳадис, омодагӣ ва зебоӣ дар дохили хона, асл ва мабно қарор гирифта ва оростагӣ барои берун аз хона фаръ ба шумор рафтааст.

Аз Имом Козим(р) нақл шудааст: “Омодасозии мард худро барои ҳамсараш, боиси афзоиш ва тақвияти иффати зан мешавад”.

Ончӣ гуфтем, метавонад муҳимтарин нуқоти муштараки байни зану мард дар ҳамсари намуна будан ва гузиниши он бошад ва албатта набояд аз нақши дониш, ақл, адаби иҷтимоӣ низ даршумори муҳимтаринҳо ғафлат кард, ки пардохтан ба ҳаряк аз онҳо ва низ сифоти вижаи ҳар як аз зану мард маҷоли васеътаре металабад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.