Вазоифи мутақобили ҳамсарон(қисмати аввал)

179

Инсон қабл аз издивоҷ аз масъулияти идораи зиндагии муштарак барканор буда ва танҳо дар абъоди фардӣ ва иҷтимоии зиндагии худ масъул аст, аммо баъди издивоҷ, масъулияти сангини дигаре бар уҳдаи ӯ қарор мегирад ва он эҳсоси вазифа дар баробари ҳамсар аст.

Чунин вазоифе ки мо ҷанбаи ахлоқии онро мадди назар дорем, бархе вежаи зан ё шавҳар ва бархе муштараки миёни ҳарду аст.

Пойбанд будан ба ин вазоиф, заминаҳои ихтилоф ва нороҳатиро дар зиндагии муштарк коҳиш дода, сафо ва самимияти хонаводагиро ба армағон меоварад. Баракс, саҳлангорӣ нисбат ба ҳар як, паёмадҳои ногуворе дар пай хоҳад дошт.

Дар ин дарс ва дарсҳои оянда ба баёни вазоифи мутақобил ва муштараки ҳамсарон мепардозем.

Ҷалби муҳаббати ҳамсар

Манзур аз ҷалби муҳаббати ҳамсар ин аст ки инсон аз роҳҳои саҳеҳ ва матлуб, авотифи инсонии ӯро таҳрик карда, алоқаи ӯро нисбат ба худ ва конуни гарми хонавода ташдид намаяд ва дар ҳатти имкон, ризояти хотирашро фароҳам кунад.

Ҷалби муҳаббати ҳамсар, як равиши амалӣ барои таҳкими равобити хонаводагӣ аст. Дустӣ ва муҳббати зану шавҳар нисбат ба якдигар ҳар чанд аз ибтидо дар конуни хонавода вуҷуд дорад, аммо барои тадовум ва такими ҳар чи бештари он, бояд талоши дуҷониба сурат гирад. Алӣ(а) мефармояд:

«Бо ибрози дустӣ, муҳаббат муҳкамтар мешавад»[1]

Зарурати ҷалби муҳаббати ҳамсар замоне ошкор мешавад ки зиндагии муштарак аз мароҳили муқаддамотӣ бигузарад ва вориди масоили муҳим ва ҷиддӣ шавад, яъне онгоҳ ки мушкиот, даргириҳо ва кашмакашҳои зиндагӣ, аъсоби зану шавҳарро фарсуда сохта, алоқаи онҳоро нисбат ба якдигар кам кунад ва зиндагии муштараки онҳоро, дастхуши нобасомониҳо гардонад.

Роҳҳои ҷалби муҳаббат

Барои эҷоди муҳаббат ва таваҷҷуҳи бештари зан ва шавҳар ба якдигар, роҳҳое вуҷуд дорад ки бо таваҷҷуҳ ба шароити гуногуни руҳӣ ва ахлоқии афрод, мухталиф аст ва мо ба бархе аз онҳо ишора мекунем:

  • Бархурди неку

Дар фарозу нишеби зиндагӣ ва дар муҳити кору хонавода, бо кушодаруӣ ва хушахлоқӣ ва бархурди неку, метавон муҳити солим ва оканда аз муҳаббат ва самимият ба вуҷуд овард. Ҳазрати Алӣ(а) фармуд:

«Бархурди шоиста, мояи тадовуми пайванд аст.»[2]

Барои ҷалби муҳаббати ҳамсар бояд ҳар кори маъқул ва писандидаеро анҷом дод. Ба унвони мисол, аз ибтидои вуруд ба хона, зану шавҳар бо салом ва аҳволпурсӣ ва кушодаруӣ бо якдигар бархурд кунанд. Дар баъзе аз ривоёт, рафтори шоистаи зан дар ҳангоми вуруди шавҳар ба хона, аз ҷумлаи ҳуқуқи мард бар зан шумурда шудааст, чунонки Расули Худо(с) фармуд:

«Ҳаққи мард бар зан инаст ки… ҳангоми вуруд то дари хона истиқболаш кунад ва ба вай хушомад гуяд.»[3]

Бадеҳист ки чунин бархурде, муҳаббат ба занро дар қалби шавҳар афзоиш дода, хастагии кори рузонаро бартараф карда ва зиндагиро дилпазир ва ҷаззоб месозад.

  • Сипосгузорӣ

Зан ки тамоми талоши худро вақфи зиндагии хонаводагӣ кардааст, сазовори тақдиру ташаккур аз суи шавҳар мебошад. Дар ин сурат, бо дилгармии бештар ба талоши худ идома дода, лутфу эҳсони худро бо ҳарорати зиёдтаре тақдими ҳамсар ва фарзандонаш мекунад, вале агар заҳамоташ нодида гирифта шавад, ба тадриҷ шуру нишоташ ба дилсардӣ ва пажмурдагӣ табдил хоҳад шуд. Имом Содиқ(а) мефармояд:

«Дар таврот навиштааст: сипосгузорӣ кун аз касе ки ба ту эҳсон карда ва эҳсон кун ба касе ки аз ту сипосгузорӣ кард, зеро неъматҳо бо сипосгузорӣ пойдоранд ва бо носипосӣ нопойдор».[4]

  • Ҳадия додан

Ҳадия додан ки нишонгари муҳаббат ва иродати қалбии афрод нисбат ба якдигар аст, дар зиндагии муштараки хонаводагӣ аз аҳаммияти бештаре бархурдор аст ва муҷиби афзоиши муҳаббати зан нисбат ба шавҳараш мешавад ва кинаҳо ва думаниҳоро аз байн мебарад. Аз ин рӯ, шоиста аст ки шавҳар ба таносуби имконоти худ, ҳадоёи муносибе таҳия карда, ба вежа дар муносибатҳои гуногун ва низ пас аз бозгарш аз мусофират ки ба таври маъмул ҳамсар дар интизори ӯ нишаста аст ба ӯ тақдим кунад. Расули Акрам(с) мефармояд:

«Ҳадия муҷиби маваддату пойдории бурдборӣ мешавад ва кинаҳоро аз байн мебарад, ба якдигар ҳадия диҳед то риштаи муҳаббататон устувор шавад.»[5]

  • Оростагӣ ба дигар фазоили ахлоқӣ

Оростаг шудан ба дигар фазоили ахлоқӣ ҳамчун сабр, гузашт, мулоимат, эҳсон, саховат, инсоф, тавозуъ, ҳусни хулқ ва дигар авсофи шоиста дар ҷалби муҳаббати ҳамсар бисёр муассир аст. Амиралмуъминин Алӣ(а) фармуд:

«Се чиз муҷиби муҳаббат мешавад: диндорӣ, тавозуъ ва саховат»[6]

Ҳамчунин мефармояд:

«Се чиз муҷиби муҳаббат мешавад: некхулқӣ, некрафторӣ ва тавозуъ.»[7]

Таъсири фазоили ахлоқӣ дар ҷалби муҳаббати ҳамсар ва таъмини саодати хонаводагӣ ба андозае аст ки инсон агар ҳам дорои ин фазоил набошад, ба хотири тадовуми саодатмандонаи зиндагии муштарак ва дар амон мондан аз офоти фаровони он, бояд ниҳояти саъйи худро дар таҳсили онҳо ба кор гирад. Эмом Содиқ(а) дар ин бора фармуд:

«Ҳар марде ниёзманд аст ки дар хона ва хонаводааш се хислатро бар уҳда гирад гарчи одаташ набошад: муоширати шоиста, гушодадастӣ ҳисоб шуда ва ғайрату ҳифзи номус»[8]

Сабру хештандорӣ дар баробари номулоимоти зудгузари зиндагии муштарак, аз ҷумлаи сифоти ахлоқие аст ки дар рафъи кудурати байни марду зан ва ҷалби муҳаббати ҳамсар, нақши муҳимме дорад. Касе ки дар руёруӣ бо ҳар масъалаи ногуворе ба дигарон паноҳ бурда ва ҳалли мушкили хонаводагии худро дар шикоят аз ҳамсар меҷуяд, на танҳо ба беҳтар шудани зиндагии худ кумак накарда, балки асбоби нобасомонии бештарро фароҳам созад. Расули Худо(с) мефармояд:

«Ман занеро ки аз хонаи худ доманкашон барои шикоят аз шавҳар берун равад, душман медорам»[9]

Зиштии ин кори ношоист, мунҳасир ба занон нест ва шомили мардоне ки бо дидани ҳар амри номатлубе ба ҷои ислоҳи ҳамсар, ба ифшои айбҳои ӯ ва сабук кардани ӯ назди дигарон мепардозад, низ мешавад. Бинобар ин, ду тараф бояд бо матонат ва бурдборӣ ба ҳалли мушкил бипардозад ва қадре кутоҳ биёянд. Пайғамбар(с) мефармояд:

«Беҳтарин занони шумо зане аст ки вақте ӯ ё шавҳараш хашмгин шавад, ба шавҳараш бигуяд: дасти ман дар дасти туст ва хобро ба чашмам роҳ намедиҳам то вақте ки аз ман розӣ шавӣ.»[10]

Таҳсили ризояти хотири ҳамсар ки то ин ҳат мавриди таҳсини Пайғамбар(с) қарор гирифта, масъалае нест ки мунҳасир ба зан бошад, балки ҳар як аз зану шавҳар ки дар касби сифоти волои ахлоқӣ, муваффақтар ва аз фазоили бештаре бархурдор бошад, ба ҷои таваққуъ аз ҳамсар, худ пешқадами чунин рафтори шоистае хоҳад буд.

[1]. Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ3, саҳ.237.

[2] . ҳамон, саҳ.220.

[3] . Васоил, ҷ14, саҳ.254.

[4] . Усули кофӣ, ҷ2, саҳ.149.

[5] . Баҳоруланвор, ҷ.77, саҳ 166.

[6] . Шарҳи Ғурарул ҳикам, ҷ3, саҳ.342.

[7] . ҳамон, ҷ3, саҳ.244.

[8] . Тафинатул биҳор, ҷ2, саҳ 328.

[9] . Наҳҷулфасоҳа, саҳ.194.

[10] . Биҳоруланвор, ҷ100, саҳ.239.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.