Зани хушбахт кадом зан аст?

116

Бонуи хушбахт аз дидгоҳи Ислом кадом аст?

Дар ривояте омадааст, ки саҳобагон рӯзе аз Расули Акрам(с) пурсиданд:

Кадом зан беҳтар аст?

Он ҳазрат посух доданд:

Ҳамон зане, ки ҳар гоҳ шавҳараш вайро нигоҳ кунад, ӯро хушнуд гардонад. Ҳар вақт ба анҷоми коре дастур диҳад, аз ӯ итоат кунад ва аз иззату номусаш муҳофизат намояд ва бар хилофи майли шавҳараш молро харҷ накунад.

Мақсуд дар ин ривоят ин аст, ки зан ба ҳадде хушахлоқу хушбархурд бошад, ки ҳар вақт шавҳараш ба манзил биёяд ва бо ӯ гуфтугӯ намояд, бархурди зан боис шавад то шавҳар ногувориҳо ва хастагиҳояшро фаромӯш созад.

Хуб аст, бонувони гиромӣ дар паи муносибати хуб бо шавҳар бошанд, то аз ин тариқ, ба наҳви аҳсан ва беҳтар битавонанд, хонаводаи хушбахту бонишоте дошта бошанд ва масири саодат ва оқибатбахайриро барои худ ва хонаводаашон фароҳам созанд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.