Нигоҳе ба вазоифи ҳаштгонаи зану шавҳар

90

Эҳтироми мутақобили зану шавҳар

Муҳаббати зану шавҳар

Эҷоди оромиши руҳӣ

Ахлоқ

Масъулиятпазирӣ

Рафоқат ва миёнаравӣ

Хушгумонӣ

Дарки якдигар

***

1 – Эҳтироми мутақобили ҳамсарон

Эҳтироми зану шавҳар боиси саломатии руҳ, афзоиши муҳаббат ва истеҳкоми пояҳои зиндагӣ мешавад ва ин эҳтиром сабаби арзиш қоил шудан ба шахсияти якдигар, эҳтиром ба назарот, афкор ва салиқаҳои ҳамдигар мешавад ва тамоми пояҳо ва усули зиндагиро таҳти таъсир қарор медиҳад.

2 – Муҳаббати зану шавҳар

Яке аз асоситарин эҳсосот миёни нсонҳо ниёз ба муҳаббат ва барқарории робитаи отифӣ аст. зиндагӣбидуни муҳаббат ҳаргиз ҳаяҷонангез нахоҳад буд, ба ҳамин далел зану шавҳар дӯст доранд аз муҳаббати якдигар баҳраманд шаванд ва нисбат ба ҳам ибрози алоқа дошта бошанд.

3 – Эҷоди оромиши руҳӣ, ҳангоми гузашту бахшиш

Гузашт аз хатоҳо ва лағзишҳои якдигар боиси самимияти бештари зану шавҳар мешавад, вале бетаваҷҷӯҳӣ ва адами баёни эсҳсосоти воқеӣ мӯҷиби бадбинӣ, изтироб ва айбҷӯӣ аз тарафи муқобил мешавад.

Гузашт аз хатоҳо ва бахшиши якдигар сабаби оромиши руҳӣ ва аз байн бурдани қаҳрҳо мешавад ва боиси илтиём ёфтани зану шавҳар дар канори ҳам мегардад, ҳамин бахшиш мӯҷиб мешавад, зану шавҳар ошиқи ҳамдигар шуда ва ба гузашти замон, зиндагии якдигарро комил кунанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.