Хушахлоқӣ дар хонавода

93

Хушахлоқӣ бо ҳамсар

Содатарин роҳ барои хушахлоқӣ – лабханд задан аст.

***

 Даҳ қадам ба самти хушахлоқ шудан

1 – Барҷастасозии мавориди мусбат. Ба бахшҳое аз зиндагиатон фикр кунед, ки хуб пеш меравед, на ба онҳое, ки шуморо озор медиҳад.

2 – Муваффақиятҳои гузаштаро ба ёд биёред. Пеш аз эҷоди ангеза дар худатон барои пешбурди бештари умур дар оянда, ончӣ анҷом додаед, ба худатон ёдовар шавед.

3 – Ибодат кунед. Анҷоми умури динӣ ва мазҳабӣ бештарин таъсирро бар раҳоӣ аз изтиробу афсурдагӣ дорад.

4 – Ба мусиқӣ гӯш диҳед. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шаклҳои бисёре аз халос шудан аз ҳолоти бад вуҷуд дорад, ин кор ҳадди ақал ва ба таври муваққат яке аз роиҷтарин ва муассиртарин маворид барои тақвияти хулқу хӯй аст.

5 – Худатонро дармон кунед. Эътирозҳо ва гузаштҳо метавонанд ҳангоме ки эҳсос мекунед поин афтодаед, шуморо боло бикашад. Онҳо мӯҷиб мешаванд, ки шумо эҳсоси хоссе дошта бошед.

6 – Довталаб шавед. Корҳои довталабона ва фаъолият дар хайрияҳо, эҳсоси беҳтар буданро ба мо медиҳад.

7 – Рафтори шод дошта бошед. Лабханд задан ва доштани чеҳраи шод боиси аз байн рафтани мушкилот намешавад, аммо ба беҳбуди ҳолат ва ахлоқ кӯмак мекунад.

9 – Таъкидатон бар оянда бошад. Агарчӣ наметавонед гузаштаро дубора бинависед, аммо метавонед аз он дарс бигиред. Тасмим бигиред, ки дафъаи баъд, беҳтару сахттар кор кунед.

10 – Барои афсӯс хӯрдан ҳаддеро қоил шавед. Ба худатон бигӯед: имрӯз субҳ дар бораи худам эҳсоси таассуф мекунам, аммо имрӯз баъд аз зуҳр ба зиндагиам таваҷҷӯҳ хоҳам кард ва масоили субҳро канор мегузорам.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.