Чигуна тавоноиҳои иҷтимоӣ, отифӣ, ҳаракатӣ ва зеҳниро дар фарзандонмон тақвият кунем?

170

8 роҳи фаол кардани мағзӣ дар кӯдакон

Оё медонед чигуна метавонед зарфияти мағзи фарзандатонро беҳбуд бахшед? Мағз 24 соат шабонарӯз кор мекунад ва барои пешрафт ба фаъолият эҳтиёҷ дорад. Дар ин мақола дар мавриди он бештар мехонем.

 Эҷоди фаъолияти мағзи кӯдак

Вақте аз саломати мағз сухан мегӯем мақсадамон чист? Хуб, ба ҳамин содагӣ, яъне кӯмак ба фарзандатон то марҳилаҳои отифӣ ва рушдии мутаносиб бо сини худро дошта бошад. Барои ин кори муҳим, фаъол кардани мағзи кӯдакатон аст.

Мутахассисон мегӯяанд: Таҷрибаҳо ва ҳаркатдиҳандаҳое, ки мағз дар аввалин марҳалаҳои зиндагӣ дарёфт мекунад, чигунагии шаклгирии роҳҳои биологикиро муаян мекунад, ки натанҳо дар ёдгирӣ ва рафтор таъсир мегузорд, балки ба саломати умумӣ дар тӯли зиндагӣ низ таъсиргузор аст.

Бар асоси иттилооти боло метавонем натиҷагирӣ кунем, ки барои саломати идеали мағз лозим аст кӯдакатон тавоноиҳои иҷтимоиро ёд бигирад ва ба дурустӣ посухгӯи он чӣ дар мактаб аз ӯ интизор доранд бошад. Бинобарин, дар ин мақола мо масъалаҳоеро барои фаъол кардани мағзи фарзандатонро баён хоҳем кард.

 Чигуна метавонед мағзи фарзандатонро фаъол кунед?

Барои ба ҳаркат даровардани мағз, тавсия мекунем варзиши рубик анҷом диҳед. Варзишҳои рубик варзишҳои зеҳнӣ аст, ки барои эҷоди роҳҳои асабии ҷадид дар мағз бо истифода аз ҳавос ба равишҳои ғайриоддӣ тарҳ шудаанд ва ҳамчун варзиши мағз шинохта мешаванд. Дар асл, варзишҳои рубик маҷмӯае аз варизишҳое аст, ки ба шумо ин имконро медиҳад, ки ҳам аз роҳи фаъолиятҳои ҷисмӣ ва ҳам зеҳни бо ҳар ду тарафи мағзатон кор кунед.

Ҳамон тавре, ки дар идома хоҳед дид, варзишҳои баданӣ ва зеҳниро тавсия кардаем, ки сабаби афзоиш ва пешрафти алоқаҳои асабӣ дар мағз мешаванд.

Сафолгарӣ ё бозӣ бо гил, дар замоне ки ҳамоҳанги даст ва чашмро ба хубӣ анҷом медиҳад, интихоби олӣ барои ҳаркат додани тавоноиҳо ҳаракати нозук низ мебошад

 1- Расми Хатҳои паралел

Аз кӯдакатон бихоҳед ду қалам бардорад ва ҳар кадомро дар як дасташ бигирад. Як коғази бузург дар пешаш бигузоред, агар коғази бузург надоред, аз ду варақ истифода кунед. Акнун замони он расидааст, ки коратонро шурӯъ кунед: Нақшаи кор ин аст, ки кӯдаки шумо бояд ҳамзамон бо ҳар ду дасташ хатҳоеро бикашад.

Ӯ бояд ҳаракатҳои гуногунеро имтиҳон кунад: Аз боло ва поин, доирае ва ғайра. Ин машқи содда (ва саргармкунанда) истеъдодҳои ҳаракати нозук ва навиштанро тақвият мекунад.

  2- Чаҳор даст ва по рафтан

Биёед як вақтҳое нишон диҳем, ки кӯдак ҳастем ва чаҳор дасту по роҳ биравем! Мақсад аз ин бозӣ беҳбуди ҳамоҳангӣ ва фаъолсозии мағз аз тариқи биноӣ ва ёдгирии ҳаракатӣ аст.

барои анҷоми ин бозӣ, фарзанди шумо бояд ҳамзамон ҳаракати бозу ва поро барои ҳаракат ба пеш анҷом диҳад, монанди вақте, ки кӯдак чаҳор дасту по меравад. Ҳангоме ки фарзандатон ритм дорад, метавонед тағйиротеро бо ҳиссҳои дигар амалӣ кунед. Ҳамчун мисол, бо пахши оҳанг ба пеш ҳаракат кунад ва бо исти оҳанг ҳаракати ӯ ҳам биистад.

 3- Анҷоми бозиҳои фикрӣ

Бо анҷоми фаъолиятҳо ва бозиҳои такроршванда ҳофизаи кӯдаки худро фаъол кунед.

Анҷоми бозиҳои тақвияткунандаи ҳофиза метавонад барои афроди хонавода ҳам бисёр саргармкунанда бошад ва ба бачаҳо кӯмак кунад то дар заминаҳои фикрӣ, ки аксаран дар онҳо варизш надоранд фаъолият кунанд.

 4- Муаммоҳо

Муаммоҳо ё ҳамон позел ба ин маънӣ аст, ки кӯдак бояд тасвири пуррае аз қитъаҳои хурд бисозад ва ба ин тартиб тавоноиҳо ва истеъдодҳои фикрӣ ва мантиқӣ дар ӯ тақвият шавад. Кам-кам муаммоҳо бо теъдоди қитъаҳои бештарро интихоб кунед. Ба ёд дошта бошед, ки сини тавсия шуда тавассути созандаи асбоббозӣ фақат як пешниҳод аст ва шумо метавонед бо диққат ба тавоноиҳои фарзандатон аз муаммоҳои гуногуне истифода кунед.

 5- Ҷадвалҳо

Кӯдакони бузургтар метавонанд ҷадвалҳоро ҳал кунанд. Ин машқҳо барои тақвияти диққат, тафаккури мантиқӣ ва диққат фавқулодаанд.

 6- Наққошӣ кашидан

Наққошӣ сабаби афзоиши халлоқият ва равшан шудани эҳсосот мешавад.

Барои фарзандатон як китоб бихонед ва сипас аз ӯ бихоҳед дар мавриди он чӣ хондаед, наққошӣ ё тарроҳӣ кунад. Ба ин тартиб, ба ӯ кӯмак хоҳед кард то рӯи халлоқият, ҳофиза, дарки матлаб ва ибрози эҳсосот кор кунад.

 7- Фаъолитҳои мусиқӣ

Омӯзиши навозндагӣ як фаъолияти хуб барои фаъолияти саломати мағз кӯдак аст. Ҳамчун мисол, навохтани пиянина иллтаи фаҳмидани нотаҳе аст, ки мехонад, рамзкушоии онҳо ва дар ниҳоят табдили онҳо ба ҳаркатҳои даст аст, ки бояд ба хубӣ ҳамоҳанг бошад то садои хубе ҳосил шавад.

 8- Бозӣ бо гил

Сафолгари ё бози бо гил, дар замони ин ки ҳамоҳангии даст ва чашмро ба хубӣ анҷом медиҳад, интихоби олӣ барои ба фаъолият андохтани тавоноиҳои ҳаракати зариф низ мебошад. Шумо метавонед бо кӯдаки худ бозӣ кунед то навъҳои гуногуни ҳайвонотро бисозад ва ҳатто бозиро ба достоне, ки хондаед ҳамоҳанг кунед то дар дарки матлаб ва иҷрои нақши достон низ тавоноӣ пайдо кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.