Эҳтироми зану шавҳар

115

Эҳтироми дутарафаи зану шавҳар

Муҳаббат ба якдигар

Гузашту бахшиш

Масъулиятпазирӣ

Тафоҳум бо якдигар

***

Барои он ки хонаводаҳо ба саодат бирасанд, ниёз ба шинохти ҷомеъ ва фарогир доранд ва ба ин восита, авмоили саодату хушбахтии хонаводаҳо фароҳам мегардад.

Ин авомил зербинои хушбахтии хонаводаҳо ба шумор меояд ва саломати руҳӣ ва ахлоқии хонаводаҳоро таъмин мекунад. аз тарафе ҳам набуди ҳар як аз онҳо сустии аркони хонаводаро ба бор хоҳад дошт.

***

Эҳтироми дутарафаи зану шавҳар

Эҳтироми зану шавҳар ба якдигар дар саломати руҳӣ, афзоиши муҳаббат ва истеҳкоми хонавода таъсири басазое дорад.

Доираи ин эҳтиром, арҷ ниҳодан ба шахсияти якдигар, эҳтиром ба назариёт, афкор ва салиқаи ҳамдигарро дарбар мегирад ва тамоми шууни зиндагии онҳоро таҳти таъсири некӯи худ қарор хоҳад дод.

Мард бояд ба ҳамсари худ эҳтиром гузошта, аз иҳонату беэҳтиромӣ, носазогӯӣ, сабук кардан ва беобрӯ кардан, таҳқир ва хурд кардани шахсияти зан бипарҳезад ва ҳар гуна интиқодеро бо риояти эҳтирому адаб матраҳ кунад. Аз фарёд задан, ибрози хушунат ва таҳқирӯ дар ниҳону ошкор худдорӣ кунад.

Расули Худо(с) мефармоянд: “Бародарам Ҷабраил ба ман хабар дод ва ба қадре супориши занонро ба ман мекард, то онҷо ки гумон кардам, ҷоиз нест шавҳар ба занаш “уф” бигӯяд. Эй Муҳаммад, дар мавриди занон тақвои илоҳиро пеша кунед. Бо онон меҳрубон бошед ва ризояти хотири онҳоро фароҳам кунед, то дар канори шумо бошанд. Онҳоро бар коре маҷбур накунед, барояшон хашм нагиред ва моле, ки ба онҳо додаед, ҷуз бо ризоят ва иҷозати онҳо, пас нагиред!”

Зане, ки аз ҳамсари худ беэҳтиромӣ дида ва мавриди иҳонати ӯ қарор мегирад, шахсияташ латма мебинад ва нишоту шукуфоии худро аз даст медиҳад ва ба тадриҷ бовар мекунад, ки назди ҳамсараш арзише надорад ва бо чунин руҳияи дарҳамшикастае наметавонад фарзандони бошахсият парвариш диҳад.

Имом Содиқ(р) дар мавриди эҳтироми зан тавсия карда мефармояд: “Ҳар кас зан бигирад, бояд ба ӯ эҳтиром бигзорад. Ҳамоно зани ҳар кадом аз шумоҳо дилбару маъшуқи шумост, бинобар ин ҳар кас зан мегирад, набояд ӯро зойеъ созад”.

Албатта ин масъала аз тарафи зан низ бояд риоят шавад ва нисбат ба ҳамсараш эҳтиром кунад. Дар инробита, низ дар ривоят чунин фармудаанд: “Бисёр саодатманд аст, зане, ки ба шавҳараш эҳтиром гузорад, ӯро озор надиҳад ва ҳамвора аз ӯ итоат кунад”.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.