Чигунагии расидан ба тафоҳум дар тасмимгириҳои зиндагии муштарак

Ба гуфтаи як завҷи дармонгар тасмимгирӣ дар равобити завҷайн ағлаб ҳолати яктарафа дорад яъне ё мард тасмимгиранда аст ва ё зан, ки ҳар ду роҳ хато аст, зеро дар ин наҳваи тасмимгирии адолат ва инсоф риоят намешавад; бинобарин мизони ризоят аз зиндагии муштарак коҳиш меёбад.

261

 

Зиндагии муштарак монанди ронандагӣ қавонине дорад, ки дар сурати тахаллуф, паёмадҳои он гиребонгири ҳамаи аъзои хонавода мешавад. Тасмимгирии муштарак дар зиндагӣ яке аз он қавонини зарурӣ аст, ки адами риояти он метавонад равобит ва зиндагии завҷайнро таҳти таъсир қарор диҳад.

 Гуфтугӯ бо доктор Муҳсини Муҳаммадинё завҷдармонгар ва устоди донишгоҳ

 Тасмимгирӣ дар зиндагии муштарак асосан бояд ба чӣ сурате бошад?

 Тасмимгирӣ дар зиндагии муштарак яке аз масоили пинҳон дар равобити завҷайн аст, ки маъмулан боиси ихтилоф ва даргирӣ мешавад, зеро тасмимгирӣ дар равобити завҷайн ағлаб ҳолати яктарафа дорад, яъне ё мард тасмимгиранда аст ва ё зан, ки ҳар ду роҳ хато аст, зеро дар ин наҳваи тасмимгирӣ адолат ва инсоф риоят намешавад; бинобарин мизони ризоят аз зиндагии муштарак коҳиш меёбад.

 Эҳтиром, оромиш, дарки мутақобил ва ишқро меҳвари робита қарор диҳед ва ба хотири мавзӯоти мавриди ихтилоф, ишқ ва эҳтиром байнатонро аз байн набаред .

 Мо вақте издивоҷ мекунем думболи самимият, оромиш, эҳтиром ва эътимоди ба нафс ҳастем, ки бо тасмимгирии якҷониба тамоми инҳо аз байн хоҳад рафт; ба унвони мисол вақте як нафар ба танҳоӣ тасмим мегирад, ки ба мусофират наравем, зоҳиран он фард пирӯз шуда, аммо ин тасмимгирӣ як ҷониба ба маънои шикасти ҳар ду нафар аст, зеро ин тасмим дар эҳсосот, рафтор ва афкори нохудогоҳи тарафи муқобил таъсир мегузорад ва зиндагӣ дигар мисли қабл ширин ва лаззатбахш нахоҳад буд; бинобарин тасмимгирӣ бояд дутарафа ва бо ризояти ҳар ду тараф бошад.

 Худованд дар сураи Фаҷр мефармояд: “Эй рӯҳи оромёфта ва матин ба сӯи Парвардигорт бозгард, ки ту аз ӯ хушнуд ва ӯ аз ту хурсанд аст.” Дар воқеъ, Худованд бо он азамат ва бузургӣ ризояти бандгонашро дар назар гирифтааст. Паноҳ ба Худо, завҷайн, ки болотар аз Худо нестанд; бинобарин дар тасмимгирӣ бояд ризояти ҳамдигарро ба даст оваранд.

 Зан ва шавҳар ҳар кадом дар чӣ заминаҳое метавонанд тасмимгиранда бошанд?

 Милоки аслӣ барои тасмимгирии яктарафа, ақл ва иттилооти бештар аст, ки ин масъала дар амал ва бо гузашти замон собит хоҳад шуд; масалан духтари хонавода мехоҳад то соати 11 шаб бо дӯстонаш берун аз хона бошад, аммо падар ба далели ҳузури бештар дар иҷтимоъ ва дарки беҳтар шароити ҷомеа мухолифат карда ва тасмими ниҳоеро мегирад ё дар масоили иқтисодӣ занҳо дақиқтар ба масоил нигоҳ мекунанд, зеро хонумҳо ҷузъинагар буда ва дар як масъала, абъоди мухталиферо дар назар мегиранд, аммо мардҳо куллинигар ҳастанд. Ағлаби хонумҳо дар ҳангоми харид дертар аммо беҳтар интихоб мекунанд ва баръакси онҳо мардон зудтар интихоб мекунанд, аммо мизони иштибоҳашон бештар аст; бинобарин дар чунин мавриде метавон ба зан майдон дод то дар тасмимгириҳои иқтисодӣ вуруд пайдо кунад, аммо наҳваи тасмимгирии зан набояд ба ҳисси қудратталабӣ ва иқтидори мард осеб бирасонад.

 Роҳи ҳалли ихтилоф дар тасмимгирӣ чист?

 Дар сурати ихтилофи назар бояд аз канорагирӣ, сукут, қаҳр, таҳқир ва ё зӯргӯӣ барои таҳмили тасмим ба тарафи муқобил иҷтиноб кард, зеро дар ин сурат бозии равонӣ ба вуҷуд меояд, ки фард мехоҳад бо озор додани тарафи муқобил ба як манофеъ бирасад; бинобарин беҳтарин роҳи ҳал барои ҳалли ихтилоф, сӯҳбат кардан аст, аммо барои гуфтугӯ бояд нуктаҳои зерро риоят кард:

 гуфтугӯ бояд дар муҳити ором ва ба дур аз таниш бошад.

 гуфтугӯ танҳо бар меҳвари мавзӯъи мавриди ихтилоф бошад ва аз ҳошия ва сӯҳбат дар бораи ихтилофҳои гузашта иҷтиноб шавад.

 баҳс ва гуфтугӯ яктарафа набошад балки ба тарафи муқобил ҳам иҷозати ҳарф задан ва изҳори назар дода шавад. Нишонаи як робитаи хуб ин аст, ки аввалан ба тарафи муқобил иҷозати ҳарф задан бидиҳед (васати ҳарф ӯ напаред) ва дувум инки худатон ҳам ҳарфҳоятонро бизанед.

 вақте ҳарф мезанед ба гунае бо ҳамдигар сӯҳбат кунед, ки тарафи муқобил битавонад худашро дар шумо бубинад; яъне ақоид ва эҳсосоти тарафи муқобилро дарк карда ва бозхурд нишон диҳед.

 эҳтиром, оромиш, дарки мутақобил ва ишқро меҳвари робита қарор диҳед ва ба хотири мавзӯоти мавриди ихтилоф, ишқ ва эҳтироми байнатонро аз байн набаред.

 дар замони гуфтугӯ ҳомӣ бошед на нуқтаи муқобил; мутаассифона ағлаби завҷайн дар замони ҳалли ихтилоф бештар ба фикри дифоъ аз худашон ҳастанд, дар ҳоле, ки агар завҷайн, битавонанд худашонро ҷои ҳамдигар бигузоранд ва тарафи муқобилашонро дарк кунанд хеле аз ихтилофҳо ба роҳатӣ ҳал хоҳад шуд.

 тасмимгирӣ дар бораи мавзӯъоти мавриди ихтилофро ба ҳеҷ унвон пой дар ҳаво нагузоред; онқадар гуфтугӯ кунед то ба як тасмими муштарак бирасед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.