Ҷадидтарин нишонаҳои коронавирусро бишносед

Натиҷаҳои як баррасии нав аз он ҳикоят дорад, ки як оризаи нав низ мумкин аст ба ибтилои фард ба коронавирус иртибот дошта бошад.

112

Бархе аз беморони мубтало ба КОВИД-19 дорои нишонаҳои чашмӣ ҳастанд ва мумкин аст коронавируси нав дар тарашшуҳоти мултаҳима (конъюнктива)-и беморони мубтало ба КОВИД-19 вуҷуд дошта бошад.

Дар ҳоле, ки сурфа, таб ва душворӣ дар нафас кашидан аз нишонаҳои шоеъи ибтило ба бемории мазкур аст, як мутолиаи нав нишон дода, ки чашми ба ранги гулобак низ далеле аст, ки фард бояд барои бемории корона озмоиш шавад.

Ин мутолиа, ки дар журнали чашмпизишкии Канада мунташир шуда, мушаххас кард, ки илтиҳоби ҳамзамони қарния (роговица) ва мултаҳима низ метавонад аз нишонаҳои аслии КОВИД-19 бошад.

Муҳаққиқон хотирнишон карданд, ки дар моҳи март, як зани 29 сола бо як мавриди шадид аз бемории мултаҳима ва нишонаҳои мушкил дар нафас кашидан ба муассисаи чашми бемористони Алберта Роял Александра муроҷиа кард ва пас аз чанд рӯз мушаххас шуд, ки вай мубтало ба вируси корона шудааст.

Донишмандони ин пажӯҳиш аз Канада ёдовар шуданд фарди бемор ҳеҷ нишонаҳое назири таб ва сурфа надоштааст.

Муҳаққиқон хотирнишон карданд: Дар ҳоле, ки ин ёфта иттилооти муҳими беҳдоштии навро барои мардум фароҳам мекунад, аммо муоинаҳои чашмро барои чашмпизишкон ва коркунон низ печидатар мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.