Зӯргӯӣ ва чигуна қарор гирифтан дар баробари афроди зӯргӯ

98

Таҳқиқот нишон додааст, ки омӯзиши чигуна ҳалли мушкилот ба кӯдакон метавонад пеши зӯргӯиро бигирад ва эҳтимоли қурбонӣ шудани онҳоро бисёр коҳиш диҳад. Дар ин мақола ба баррасии ин равишҳо мепардозем.

Ҳамонтавре, ки гуфтам ин маврид дар бештар шароит нодида гирифта мешавад, аммо дар чанд соли ахир аҳамият додан ба ин маврид афзоиш ёфтааст. 50 иёлот дар Амрико қавонини зидди зӯргӯӣ(bullying) ба тасвиб расондаанд ва барномаҳое барои пешгирии ин сабаб ба вуҷуд омадааст. Аммо дар беҳтарин ҳолат танҳо як чаҳоруми тамоми ин қавонин ва барномаҳо дар ниҳоят муфид воқеъ мешаванд. Таҳқиқот дар ин замина ҳудуи 30 сол мебошад, ки ба ҳар ҳол роҳи муфид ва доимӣ барои ин мушкил пайдо шавад. Мутолиаҳо дар ин замина умедвор кунанда ҳастанд, ки агар талошҳои системик, бо давом ва вобаста бар илм бошад зӯргӯӣ метавонад то ҳадди зиёде дар ҷавомеа коҳиш пайдо кунад.

Муаллимон ҳамеша хубии коркардани бачаҳо бо якдигар барои ҳалли мушкилотро ба хубӣ дарк кардаанд, ҷудоии инҳо истифода аз тавоноиҳои ҳалли мушкил яке аз беҳтарин роҳҳо барои кӯмак ба бачаҳо дар мавориде мисли муборизот дар замини бозӣ, аз байн бурдани кудуратҳои дӯстона, тақвияти тағйир пазирӣ, ҳамдилӣ ва эҷоди сулҳ ва …. мебошад, тибқи мутолиот фаҳмида мешавад, ки бачаҳо ба хусус писароне, ки бо равиши ҳали мушкилот носозгорӣ нишон медиҳанд бештар эҳтимол дорад, ки ба як фарди зӯргӯ табдил шаванд. Бачаҳое, ки зӯргӯӣ ме‎кунанд ё мавриди зӯргӯӣ қарор мегиранд дар ҳали мушкилот бо мавонеи зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, ҳамин мутолиот собит кардааст, ки омӯзиши ҳали мушкилот ба кӯдакон эҳтимоли зӯргӯӣ кардан ё мавриди зӯргӯӣ воқеъ шуданро дар онҳо аз байн мебарад.

Навъе аз хушунат вуҷуд дорад, ки дар он фарде талош мекунад алоқа ё мавқеияти иҷтимоии фарди дигарро ба куллӣ нобуд кунад, равиши зикр шудаи дар боло ҳатто метавонад ин навъ аз зӯргӯиро, ки то ин син идома пайдо кардааст ҳал кунад.

Бачаҳое, ки барои дигарон зургӯӣ мекунанд ва ҳамчунин ба думболи қудрат ва султагарӣ ҳастанд, онҳо аз хушунат истифода мекунанд то битавонанд дигаронро таҳти контроли худ бигиранд. Натиҷаи таҳқиқи зикр шуда баён мекунад кӯдаконе, ки дар ин равиш муваффақият ба даст меоваранд дар оянда баҷои истифода аз мушти худ метавонанд аз мағзи худ истифода кунанд. Ин навъ кӯдакон майли камтаре ба қудрат доранд ва бештар саъй мекунанд эҳтиётгар бошанд, алоқаи бештаре ба таҳсил доранд ва роҳаттар метавонанд дӯст пайдо кунанд.

Хабари хуб ин аст, ки равиши зикр шударо ба роҳатӣ метавон дар даруни килоси дарсӣ қарор дод ва онро ба бачаҳо омӯзиш дод ба ҳамин далел барномаҳое монанди: Таҷзия ва таҳлили ихтилофот, адолати беҳбуд ёфта, ва равиши ҳали мушкилот бояд бахши ҷудои нопазири системаи мактаб ва системаи омӯзишии падару модар бошад ва тамоми ин мавридҳо бо диққат ба син ва дарки кӯдак ба ӯ омӯзиш дода шавад.

Дар идома техникҳои мухталифи ҳали мушкилро баррасӣ мекунем:

Даст аз муҳофизат бардоред ва бигузоред фарзандатон бо зӯргӯӣ муқобила кунад

Агар мехоҳед, ки фарзандонатон роҳу равиши зиндагиро ёд бигиранд, бояд ақиб нишини кунед ва ба онҳо иҷозат бидиҳед, ки бо мушкилот дасту панҷа нарм кунанд, пешниҳодоте ба онҳо бидиҳед, аммо ба ҳеҷ унвон роҳи ҳал пеши пояшон нагузоред. Саъй накунед мушкилотро барояшон ҳал кунед чун агар шумо ин корро барояшон анҷом диҳед онҳо фурсати ёдгирии худро аз даст медиҳанд, ба сурати хулоса ҳимоят кунанда бошед аммо наҷот диҳанда набошед.

 Омӯзиши равиши ҳали мушкил

Бачаҳо ин равишро худ ба худ ба даст намеоваранд пас роҳе пайдо кунед то равиши ҳалли мушкилотро ба онҳо омӯзиш диҳед аз кӯдакон бихоҳед мушкилотро таъриф кунанд ва ҳамчунин аз онҳо бихоҳед, ки ҷузъиётро баён кунанд ва дар охир аз онҳо бипурсед, ки ҳоло чӣ кор метавон кард? Пас аз он бе якгон нишоне аз шӯхи ё аксуламали таҳқиромез тамоми пешниҳодҳои бачаро бишнавед баъд аз он роҳҳоеро, ки муносибтар ҳастанд ва бо омӯзишҳои ахир мухолифат надорандро истифода кунед.

 Равиши истифода аз ҳали ихтилоф

Зӯргӯӣ як ихтилоф ақида нест, балки таҳқири як тарафа аст, пас замоне ки аз ҳали ихтилоф байн як зӯргӯ ва як фарди маврид ҳадаф воқеъ шудааст истифода мекунед, эҳтиёт кунед.

 Фароҳам кардани варзиш

Бачаҳо ба варзиши зиёде барои равиши ҳали мушкилот ниёз доранд. Ба иттифоқот рӯзона диққат кунед монанди даъво дар замини бозӣ, ихтилоф байн хоҳар ва бародар сари пулти телевизион. Аз гуруҳҳои хонаводагӣ ё гурӯҳҳои мактабӣ истифода кунед то ин равишро ба фарзандонтон биёмӯзед.

Бачаҳо бо дидан, беҳтар ёд мегиранд то бо шунидан. Бо ҳамсаратон ихтилоф доред? Ба фарзандатон нишон диҳед, ки метавонед одилона мубориза кунед. Бо раистон мушкил доред? Ба кӯдаконатон нишон диҳед чигуна мушкилро таҷзия ва таҳлил ва ҳал мекунед.

 Сарзаниш накунед

Агар фарзанди шумо дар мактаб маврид озор ва азият қарор мегирад, ба ҳеҷ гуна ӯро сарзаниш ё таҳқир накунед масалан бигӯед “Чиқадар беурза ҳастӣ, ки ба ту зӯрӣ мекунанд”. Агар фарзанди шумо ин ҷумларо аз шумо бишинавад ҳукми инро дорад, ки ду бор осеб дидааст як бор аз тарафи фарди зӯргӯ ва якбор аз тарафи шумо. Агар шумо фарзандатро мавриди сарзаниш қарор диҳед ва баъд аз он мушкилоти ҷиддитаре мисли суи истифодаи ҷинсӣ ба вуҷуд биёяд фарзанди шумо дигар бо шумо дар бораи онҳо сӯҳбат нахоҳад кард. Аз фарзандатон ҳимоят кунед ва ба ӯ боварӣ диҳед, ки то поёни мушкил бо ӯ ҳамроҳ хоҳед буд.

 Ҷуръат доштанро омӯзиш диҳед то аз зӯргӯӣ ҷилавгирӣ кунед

Ҷуръатдоштан, ба ин маъно нест, ки фарзанди шумо табдил ба як навҷавони хашмгин шавад ва ҳар кас, ки ба ӯ бигӯяд болои чашмат абрӯст ба ӯ ҳамла кунад. Ҷуръат доштан ба ин маъно аст, ки фарди бе ин ки даргир шавад битавонад аз худаш дифоъ кунад ва мавриди зӯргӯӣ воқеъ нашавад. Дар ин мавқеъ аз фарзандатон бихоҳед, ки билофосила ба муаллим ё сардори синфи макатаб иттилоъ диҳад, албатта агар фарзанди шумо натавонад инкорро кунад дар ин ҷо паёмадҳое барои шумо дорад, оё фарзандатонро ба дурусти тарбият кардаед? Оё ба ӯ боварӣ ба нафс додаед? Оё ба ӯ иҷоза додаед, ки изҳори назар кунад? Оё худатон намунаи хубе аз ҷуръат кардан будаед?

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.