Тавсияҳои ба падару модарони синфи якумиҳо

191

 1-Ҳаяҷонашро барои рафтан ба мактаб бештар кунед

Кӯдаки шумо ҳатто бо вуҷуди гузарондани давраи омодагии ба мактаб, акнун вориди давраи омӯзиши ҷиддитаре хоҳад шуд дар ҳоле, ки ӯ фақат ҳафт сола аст. Ӯ бояд бо як макони нав, дӯстони нав, фаъолиятҳои нав ва муаллими нав ҳамоҳанг шавад. Барои кӯдак рафтан ба мактаб як қадами калидӣ аст, ки мудирияташ барои ӯ чандон осон нест. Барои кӯмак ба кӯдак ва тамом шудани ин рӯзи хос, ба омодагиҳои махсусе эҳтиёҷманд ҳастед.

Қабл аз оғози соли таҳсилӣ, мактабро ба ӯ нишон бидиҳед ва дар сурати имкон чанд бор роҳи хона то мактабро ҳамроҳи ӯ тай кунед. Бо ин кор ба ӯ эҳсоси оромиш ва боварӣ хоҳед дод. Аз хотироти мактаби худ бо шавқ ва завқи фаровон таъриф ё бо хариди васоили мактабии маврид ниёзаш, ҳаяҷон ӯро барои рафтан ба мактаб бештар кунед.

  2-Бузург шудани ӯро ёдоварӣ ва таҳсин кунед

Фарзанди шумо як марҳила аз зиндагиро ба поён расонидааст кӯдак нест. Ин ҷумларо ҳамеша дар баробараш такрор кунед то ба ӯ барои қабул кардани шароити нав кӯмак кунад. Барояш равшан кунед, ки ҳама бачаҳои ҳам сину соли ӯ ба мактаб мераванд. Муҳимтар аз ҳама ин кӣ, ба ӯ нагӯед дар мактаб қарор аст бо дӯстонаш хӯш бигузаронад, чаро, ки мумкин аст дар аввалин рӯзи мактаб аз ин мавзӯъ ноумед шавад.

  3-Барномаи як рӯзаи мактабро барояш шарҳ диҳед

Барномаи як рӯзаи мактабро ба сурати возеҳ барояш шарҳ диҳед; Фаъолиятҳо, бозиҳо, занги танафус, маҳал ва замони хӯрдани субҳона, соати баргашт ба хона, чӣ касе субҳ ӯро ба мактаб хоҳад бурд, чӣ касе ӯро ба хона бар мегардонад ва…. Бо ин кор посухгӯи ҳама саволҳои зеҳнии ба ҳамхурдаи фарзанди худ, қабл аз рафтан ба мактаб хоҳед буд. Ёдатон бошад, ки ӯ ниёз ба иттилооти бисёр дақиқ ва равшан дорад.

  4-Танзими соати хоби фарзанд

Аз он ҷо, ки кӯдак байн сини 3 то 6 сол ҳанӯз эҳтиёҷманд ба 12 соати хоб дорад, пас хоб ба андоза ва зуд бедор шудани ӯро танзим кунед. Ин тағйири соат дар ибтидо барои фарзанди шумо сахт хоҳад буд ва ҳатто мумкин аст барои нарфтан ба мактаб баҳонагирӣ кунад, аммо сабур бошед.

  5-Тавзеҳи ҷойгоҳи фарзанд дар мактаб

Ҳарчанд кӯдак оҳиста-оҳиста ёд мегирад, ки агар дар хона, ӯ ва хостаҳояш дар маркази таваҷҷуҳ ва аввалавият, оила аст, аммо дар мактаб ӯ ҷузъӣ аз 25 донишомӯзи синф, он ҳам фақат бо як муаллим хоҳад буд. Бо ин ҳол ба фарзанди худ ёдовар шавед, ки дар мактаб ва синф, корҳои хоста шуда бояд анҷом шавад, ҳатто агар майл ва алоқае ба анҷоми онҳо надошта бошад. Ӯ бояд ҷойгоҳи худ ҳамчун як донишомӯз дар мактабро бидонад.

  6-Корҳои ҳатмии рӯзи аввали мактаб

Барои субҳи аввалин рӯзи мактаб тавре барномарезӣ кунед, то аз як субҳонаи ором ба ҳамроҳи хонавода лаззат бибарад. Либос, кафш, сумка ва зарфи ғазоро таҳия кунед, ки истифода аз он содда ва дилпазир бошад. Худоҳофизии ширин ва хубе бо ӯ дошта бошед ва ба ӯ бигӯед: «Имрӯз, аввалин рӯзи мактаби ту аст, ба маҳзи ин ки вориди синф шудӣ ман мактбаро тарк хоҳам кард, аммо баъд аз мактаб мунтазират хоҳам буд». Гуфтани ин ҳарф осон нест, аммо лозим аст.

Ба муаллимаш салом дода ва хеле зуд маҳаллро тарк кунед то ба дардисар гирифтор нашавед. Дар сурати гиря ва бетобии ӯ нигарон набошед, мурабиён ва масъулони мактаб ба хубӣ аз паси ин мушкилоти хурд ва одӣ ҳарсола бармеоянд. Мутмаин бошед ӯ хеле зуд ҳам бозиҳои худро пайдо ва ба шароити нав одат хоҳад кард. Истисноан барои рӯзи аввали мактаб, худатон шахсан ва бо рӯи хӯш ва каме зудтар аз поёни соати мактаб барои овардани ӯ биравед.

  7-Ингуна рафтор кардан дар рӯзҳои якум

Дарбораи ончи дар мактаб анҷом дода, зиёд савол накунед; Фарзанди хурди шумо акнун зиндагии нави худро дорад ва шумо бояд қабул кунед, ки қарор нест ҳама ҷузъиётро бидонед, аммо дар иваз, ба ончи, ки дар мактаб омӯзиш мебинад, алоқаи зиёде нишон диҳед.

Бо муаллим дар тамос бошед ва ба вазифаҳояш диққат кунед, аммо  диққа кунед ва талош накунед аз омӯзиш муаллим ва ҳаҷми вазифаҳои ӯ зиёдтар равед. Ончи аҳамият дорад ин аст, ки ӯ дар канори дарс, зиндаги дар иҷтимоъ, дӯст ёбӣ ва тавоноиҳои зиндагиро ёд мегирад; Дар иваз дар хона ба оромиш ниёз дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.