Ҳушдори табибон дар бораи алоими норасоии қалбӣ

97

Табибон варами шадиди по, тангии нафас, сурфа, афзоиши хастагӣ, гиҷӣ ва камиштиҳоиро аломатҳои ҳушдордиҳандаи норасоии қалбӣ тавсиф карданд.

Муҳаққиқони улуми пизишкӣ дар донишгоҳи Гарварди Амрико эълон карданд норасоии қалбӣ ба ин маъност, ки қалб қодир нест ба мизони кофӣ хунрасонӣ кунад то ниёз бадан таъмин шавад.
Таъсироти маъмули ин беморӣ, шомили хастагӣ, тангии нафас ва таварруми поҳост.
Донишмандон бо таъкид бар тағйири сабки зиндагӣ барои дармони норасои қалбӣ мегӯянд: бо истифода аз доруҳои муносиб, эҷоди тавозун дар варзиш ва истироҳат, режими камнамак ва муроқибат аз мизони моеъоти дарёфтӣ, метавон бемориро назорат кард.
Афзоиши вазни ногаҳонӣ (як то якуним килограмм дар як рӯз ё 2/5 килограмм ё бештар дар як ҳафта), таваррум ё дард дар шикам, танги нафас ғайри муртабит бо фаъолияти ҷисмӣ, эҳсоси нороҳатӣ дар танаффус ҳангом хоб ва аз хоб паридан бо тангии нафас аз дигар аломатҳои ҳушдордиҳандаи норасои қалбӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.