Чанд дақиқа дар канори фарди бемор бимонем корона мегирем?

77

Муҳаққиқони Муассисаи миллии таҳқиқоти саломат ва донишкадаи беҳдошти донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон эълом карданд бояд аз қарор гирифтан дар маърази мустақими сурфа ва атсаи фарди бемор, ҳузур дар маҳалле, ки бемори КОВИД-19 чанд дақиқа қабл дар он атса ва сурфа зада, сӯҳбат кардан бо бемор бо фосилаи кам ва дар фазои баста ва ҳатто ҳузури беш аз ҳудуди 50 дақиқа дар утоқи бемори КОВИД-19, ки атса, сурфа ва ҳарф ҳам намезанад, парҳез кард.

Ба гуфтаи ин муҳаққиқон, бар асоси формоли мунташиршуда дар бархе мутолиот, олуда шудан ба вируси корона ҳосили зарби дози мушаххасе аз вирус ва муддати замони рӯбарӯ шудан бо он аст.

Бар асоси мутолиоти анҷомшуда рӯи вируси МЕРС ва САРС, ки вируси корона низ аз хонаводаи онҳо аст, тахмин зада мешавад ҳазор зарраи вирусӣ барои эҷоди уфунат лозим аст.

Як сурфа ҳудуди се ҳазор қатра раҳо мекунад ва қатраҳо бо суръати ҳудуд 80 километр дар соат метавонанд ҳаракат кунанд.

Ҳар атса низ ҳудуди 30 ҳазор қатраро раҳо мекунад, ки то 321 километр дар соатро метавонанд бипаймоянд.

Ҳарчанд ағлаби қатраҳо бузург ҳастанд ва ба суръат меафтанд, аммо теъдоди зиёде аз онҳо дар ҳаво боқӣ мемонанд ва метавонанд дар чанд сония тӯли як утоқро тай кунанд.

Агар фарде мубтало бошад, қатраҳо дар ҳар сурфа ё атсаи ӯ мумкин аст ҳовии 200 миллион зарраи вирусӣ бошанд.

Агар фарде наздик бемор бошад ва бемори мубтало мустақим ба самти ӯ атса ё сурфа кунад, бисёр эҳтимол дорад, ки ҳазор зарра вирусро фурӯ диҳад ва ба беморӣ мубтало шавад.

Ҳамчунин агар чанд дақиқа баъд аз он атса ё сурфа низ касе ба утоқ ворид шавад ва чанд нафас бикашад эҳтимол дорад, ки вируси лозим барои мубтало шудан ба КОВИД-19-ро дарёфт кунад.

Аммо агар фарди солиме ба утоқе, ки шахси олуда дар он нафас мекашад ва атса ва сурфа намезанад ворид шавад, мумкин аст 50 дақиқа ё бештар тӯл бикашад то як дози уфуниро фурӯ диҳад ва бемор шавад.

Сӯҳбат кардан низ раҳосозии қатраҳои танаффусиро 10 баробар афзоиш медиҳад ба тавре, ки панҷ дақиқа сӯҳбат кардан аз наздик бо фарди мубтало сабаб мешавад фарди солим, дози мавриди ниёз барои бемор шуданро дарёфт кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.