Бо гӯшти ин парранда ихтилолоти меъдаю рӯдаро табобат кунед

117

Тиме аз муҳаққиқони байналмилалӣ ба сарпарастии донишгоҳи McMaster Канада ба ин натиҷа расидаанд, ки гӯшти мурғи марҷон ба дармони ихтилолоти ҳозима ва меъда кӯмак мекунад.

Тибқи ин гузориш, гӯшти мурғи марҷон дорои аминокислотаи триптофан мебошад, ки дар баробари баъзе бактерияҳои муфид барои рӯда, ба шифо ёфтани меъда ва хуб кор кардани он мусоидат мекунад. Муҳаққиқон гуфтанд, ки мавҷудияти триптофан дар рӯда метавонад барои меъда фоидаовар бошад ва дар гӯшти мурғи марҷон ва шоколад, банан ва сабзавот, аз қабили брокколи, фаровон аст.

Гӯшти мурғи марҷон манбаи ғанӣ протеин буда ва ду буриши захими муодили 84 гарми гӯшти мурғи марҷон ҳовии 24 гарми протеин, муодили 48 дарсади арзиши ғизои рӯзона аст.

Протеин барои рушду нигаҳдории афзоиши мушакҳо, сохтори ҳуҷайраҳо ва кӯмак ба интиқол додани маводи ғизоӣ ба организм муҳим аст ва ҳамчунин як режими ғизоии ғанӣ аз протеин низ метавонад бо афзоиши эҳсоси сирӣ ба коҳиши вазн кӯмак кунад.

Гӯшти мурғи марҷон ҳовии витаминҳои гурӯҳи B аст, ки барои афзоиши тавлиди энержӣ ва иртибототи ҳуҷайра муҳим аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.