Тавсияҳое ба ҷавонон, дар бораи падару модар

72

Бо падару модар чӣ гуна рафтор кунем?

Падару модар ҳаққи беназире бар гардани фарзандон доранд, аз ин рӯ, икром ва таъзими хоссе аз ҷониби фарзанд бояд анҷом гирад. Риояти ҳуқуқ ва эҳтироми онон, осори маънавии бисёре дошта ва ҳатто дар умури дунявӣ таъсиргузор аст.

Аз сӯи дигар, зоеъ намудин ҳаққи онон ва дуруштӣ бо онон, анҷом надодани вазифаи фарзандӣ осори зиёнбор ва ҷуброннопазире дар дунё ва охират барои фарзанд дар пай хоҳад дошт.

Бахше аз роҳкорҳои амалӣ дар адои ҳуқуқ ва бузургдошти мақоми падару модар мавориди зер аст:

1 – Бо онҳо некӯ сухан бигӯед.

2 – Агар онҳоро нороҳат кардаед, бикӯшед, то хушҳолашон кунед.

3 – Дар некӣ кардан ба падару модар, хубу бад будани онҳоро мулоҳиза накунед, (ҳатто бояд ба падару модари ғайримӯъмин низ некӣ кард).

4 – агар итоат аз онон мумкин набуд, ҳаққи бадрафторӣ надоред.

5 – Пеш аз он ки чизе аз шумо бихоҳанд, ҳоҷаташонро бароварда кунед.

6 – Дар ҳузурашон боэҳтиром бинишинед.

7 – Садои худро аз садои онҳо баландтар накунед.

8 – Мустақим ба чашмонашон нигоҳ накунед.

9 – Онҳоро ба исм садо назанед.

10 – Пештар аз онон роҳ наравед, (магар ин ки зарурате дошта бошед).

11 – Бикӯшед, то ҳаргиз онҳоро хашмгин насозед.

12 – Дар ҳадди мумкин, дар баровардани ниёзҳо ва таъмини ҳазинаи (харҷи зиндагӣ) онон бикӯшед.

13 – Ҳар қадар ки метавонед ба эшон некӣ кунед.

14 – Ҳаргиз дар муқобилашон такаббур наварзед.

15 – Дархостҳояшонро бароварда созед.

16 – Агар ба шумо бадие карданд, бар ивази он, барояшон истиғфор ва талаби хайр кунед.

17 – Дар маҷлис болотар аз эшон нанишинед.

18 – Ҳаргиз сареҳан ба онҳо ҷавоби рад надиҳед.

19 – Агар аз шумо хостанд, пеши онон бимонед, дар ҳадди имкон, аз эшон ҷудо нашавед.

20 – Дар эҳсон ба волидайн, ҷониби модарро бештар муроот кунед.

21 – Коре накунед, ки дигарон ба падару модари шумо бад бигӯянд.

22 – Дар вақти вурудашон аз ҷой бархезед,

23 – Муроқиби саломатии онон бошед ва агар ниёз ба табиб (ва дорую даво) доранд, зуд иқдом кунед.

24 – Ғайбати эшонро раво мадоред ва нагузоред, дигарон онҳоро ғайбат кунанд.

25 – Нуқоти заъфи ононро барои дигарон бозгӯ макунед, магар дар мавориди хос.

26 – Сифоти некашонро дар ҳузуру ғиёбашон ёдовар шавед.

27 – Муҳаббати худро ба онҳо ошкор кунед.

28 – Ҳар чӣ метавонед дар баробарашон тавзӯъ кунед.

29 – Аз эшон тақозое накунед, ки боиси хиҷолаташон шавад.

30 – Бадиҳояшонро фаромӯш кунед.

31 – Оҳоро бо сухан ва рафтор таҳқир накунед.

32 – Барои падару модари худ дуо ва эҳсон намоед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.