Симои хонаводаи намуна дар аҳодис

241

Қуръони Карим: “Бо занон ба шоистагӣ рафтор кунед ва агар онон ба ҷиҳате нохушояндатон буданд, изҳор накунед, чӣ басо чизҳо, ки нописанди шумост, ҳол он ки Худованд дар он хайри фаровоне барои шумо қарор додааст”. (Сураи Нисо, ояти 19).

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Ҳар кас дӯст дорад, Худовандро поку покиза дидор кунад, бояд издивоҷ намояд”.

“Гиромитарини шумо дар назди Худованд касест, ки бештар ба ҳамсараш эҳтиром бигузорад”.

“Ҳар кас духтари гиромиашро ба издивоҷи марди гунаҳкоре  дарорад, дар ҳақиқат насли худро зоеъ кардааст”.

“Мард сарпарасти хонавода аст ва дар бораи онон аз ӯ суол мешавад ва зан сарпарасти хонаи шавҳараш ва фарзандони ӯст ва дар бораи онон аз вай суол мешавад”.

“Ҳеч шафоаткунандае барои зан, назди парвардагораш, наҷотбахштар аз ризояти шавҳар нест”.

“Якдигарро ба рафтори нек бо занон супориш кунед”.

“Бидонед, беҳтарин инсонҳо касоне ҳастанд, ки дер ба хашм оянд ва зуд розӣ шаванд ва бадтарин инсонҳо касоне ҳастанд, ки зуд ба хашм оянду дер розӣ шаванд (ва гузашт кунанд)”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.