Авомили рушди кӯдак(қисмати аввал)

66

Рушди кӯдак ниёзмади авомили аст то дар сояи ба коргирии онҳо, шахсияти ақлӣ ва равонии вай ҳамсӯ бо парвариши ҷисмиаш рушд ёбад.

Пеш аз пардохтан ба иллатҳои рушди кӯдак, таваҷҷӯҳ ба ин нукта лозим аст, ки дар байни ин авомил, хонавода аз аҳамияти бисёр болои бархурдор аст ва нақши хонавода дар рушди кӯдак ба гунаӣ аст, ки метавонад соири авомилро таҳти таъсир қарор диҳад. Расули худо бо таваҷҷӯҳ ба ҳассосияти ин нақш мефармоянд:

“Ҳар тифли бар асоси фитрати (тавҳиди) мутаваллид мешавад, магар инки падар ва модар ӯро яҳудӣ ё насронӣ бор оваранд”.

Амири муъминон Алӣ (а) мефармоянд:

    “Саҷоёи ахлоқӣ, далели покии варосат ва фазилати решаи хонаводагӣ аст”.

Бо тавҷҷуҳ ба аҳамияти нақши хонавода дар тарбияти фарзанд ва низ ҳассосияти даврони кӯдакӣ ва таъсирипазирии кӯдак дар ин даврон, волидайн вазифадоранд пеш аз вуруди кӯдак дар саҳнаи иҷтимо ба рушд ва тарбияти саҳеҳи вай ҳиммат гуморанд ва лаҳзаи аз вазифаҳои муҳими худ нисбат ба онҳо ғафлат накунанд.

Имом Алӣ (а) хитоб ба фарзандашон,аҳамияти даврони кӯдакӣ ва зарурати тарбияти кӯдак дар ин давронро гушзад карда мефармоянд:

   “Дили навҷавон ҳамчун замини холӣ аст (ки дар он тухм напошида бошад) ҳар тухме, ки дар он афшонда шавад, мепазирад. Пеш аз онки дилат сахт ва зеҳтан ба дигар матолиб машғул шавад, парваришатро оғоз кун”.

Ва ҳамин натиҷаи таълим ва тарбияти ба мавқеъ ва ҳисоб шудаи он ҳазрат буд, ки  тамоми истеъдодҳои ниҳонии фарзандони бузургворашро дар туфулият ба феълият расонд ва ононро ба олитарин дараҷаи инсоният расонд ва ҳамаро бо шаҳомат, озодагӣ, иззати нафс ва шарофат бор овард ва ин ҳама, натиҷаи парваришҳои асил ва пурмояи хонавода аст. Чунон, ки хонаводае, ки  шоиста ва покдоман набошад ва муҳити он олудаи ба гуноҳ бошад, заминаи хубе барои тарбият вапарвариши фарзандон дар он хона вуҷуд надорад ва кӯдакони чунин хонаводаҳои аз арзишҳои ахлоқӣ ва сифоти инсонӣ баҳраи чандоне нахоҳанд дошт ва ба инҳирофот ва харобкориҳо тан хоҳанд дод.

Хушк абре, ки буд, з-об туҳӣ              нояд аз вай сифат об диҳӣ

Инак бо равшан шудани нақши хонавода дар тарбияти кӯдак ба баёни иллатҳои рушди кӯдак мепардозем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.