Самимият дар хонавода

47

Эҷоди самимият дар хонавода

1 – Самимияти ҷисмӣ

2 – Самимияти отифӣ ва ҳаяҷонӣ

3 – Самимияти фикрӣ…

***

Агар дар хонавода самимият вуҷуд дошта бошад, хеле аз мушкилоти руҳӣ ва равонии аъзои хонавода, роҳи ҳалли худро меёбад.

Албатта дар ҳар хонаводае, то ҳудуде самимият вуҷуд дорад, аммо барои беҳтар шудани он, ҳамаи аъзои хонавода бояд талош кунанд.

Ёдамон наравад, ки ҳар кӯдаке ниёз дорад, ки иртиботи самимӣ бо дигарон дошта бошад ва бо рафъи ниёзҳои ҷисмиаш, ҳанӯз ниёзҳои ӯ бартараф нашудааст ва оғӯш гирифтан ва навъе самимият аз падару модар ва наздикони худро интизор дорад.

Бинобар ин, хонавода муҳимтирин ниҳодест, ки метавонад ниёзҳои отифии афродро бартараф кунад.

***

Эҷоди самимият дар хонавода

Самимият ба маънои тавоноии эҷоди робитаи амиқ бо дигарон аст, ки ҷанбаҳо ва абъоди мухталифи фардро дарбар мегирад.

Робитаи самимона фақат дар яке аз абъоди самимият, яъне самимияти ҷисмонӣ, фикрӣ ва ё отифӣ ва ҳаяҷонӣ хулоса намешавад.

Барои доштани як робитаи самимона ва пойдор, бояд масоили зер риоят шавад, дар ғайри ин сурат, самимият аз байн хоҳад рафт:

1 – Самимияти ҷисмӣ

Дар воқеъ, самимияти ҷисмӣ ва физикӣ сода аст ва рафторҳое назири даст додан, бӯсидани фарзандро дарбар мегирад.

Корҳои содае мисли ин, байни аъзои хонавода эҳсоси тааллуқ ва наздикиро дар ҷамъи хонаводагиӣ эҷод мекунад.

2 – Самимияти отифӣ ва ҳаяҷонӣ

Самимияти отифӣ ба маънои барқарории иртибот ва саҳим шудан бо тамомии эҳсосоти шахс, ҳам эҳсосоти мусбат (шодкомӣ, сархушӣ, ҳаяҷонӣ) ва ҳам эҳсости манфӣ (хашм, гуноҳ, шарм, танҳоӣ…) Барои ин навъи самимият ниёз аст, то афрод (зану шавҳар ё аъзои хонавода ва…) аз ниёзҳои равонӣ ҳам огоҳ бошанд ва бо маҳорати иртиботи муассир (гуфтан, шунидан) ин ниёзро бароварда созанд.

Барқарории самимияти отифӣ ва ҳаяҷонӣ муҳимтар аз самимияти ҷисмӣ аст.

Самимияти отифӣ худ эҷод намешавад. Барои эҷоди самимияти отифӣ, бояд то ҳадде аз худ бигӯед, бидуни ин ки дар дигарон ё худатон эҳсоси баде ба вуҷуд биёваред.

Эҷоди робитаи отифӣ ва ҳаяҷонӣ, ҳунарест, ки ниёз ба ёдгирӣ дорад ва яке аз маҳоратҳои муҳим дар эҷоди самимияти отифӣ, маҳорати шиносондани худ ба дигарон, аз тариқи сӯҳбат кардан дар бораи худ, ба шакли муносиб аст.

Самимияти отифӣ аз усули муҳимми ташкили хонаводаи солим аст.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.