Эҷоди самимият дар хонавода

95

Самимият байни аъзои хонавода

Самимият байни падару модар

Дар баҳси гузашта ишора ба ин кардем, ки самимият дар хонавода, боиси аз байн рафтани мушклоти руҳию равонии аъзои хонавода хоҳад шуд ва низ гуфтем, ки самимият ба чанд навъ тақсим мешавад, самимияти ҷисмӣ, отифӣ ва ҳаяҷонӣ ва дар ин марҳала аз самимияти фикрӣ ва ақлонӣ сӯҳбат хоҳем намуд.

***

Самимияти фикрӣ ва ақлонӣ

Севвӯмин бӯъди самимият, самимияти фикрӣ ва ақлонӣ аст. самимияти фикрӣ монанди самимияти отифӣ ба замони бештаре ниёз дорад.

Самимияти фикрӣ ба василаи муколама, ҳарф задан ва радду бадал шудани ақоид ва афкор дар мавриди масоили мухталиф эҷод мешавад.

Касоне, ки аз назари тарзи тафаккур ва навъи нигариш ва ҷаҳонӣинӣ ба ҳам наздик ҳастанд, дар дараҷаи аввал ба самимияти ақлонӣ даст меёбанд.

***

Дар идомаи матлаб ба ин масъала мепардозем, ки самимият дар байни аъзои хонавода ва байни падару модар ва зану шавҳар аз чӣ аҳамияте бархурдор аст…

Самимият байни аъзои хонавода

Самимият дар воқеъ, ҳамон бӯъди отифии ишқ аст. Равобити бидуни самимият, наметавонад барои афрод, солим ва кофӣ бошад. Ибрози ишқ дар хонавода бидуни самимият имконпазир набуда ва шаклгирии хонаводаи солимро ба хатар меандозад.

Самимият байни падару модар

Волидайн дар ҳақиқат улгу ва сармашқи як робитаи солим барои фарзандони худ ҳастанд. Иртиботи самимона байни зану шавҳар бар маҳоратҳои фарзандпарварии онҳо асаргузор аст.

Падару модаре, ки робитаи сарду осебдида бо якдигар доранд, дар тарбияти фарзандони худ дучори мушкилоти бисёре хоҳанд шуд… (Идома дорад).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.