Достони кутоҳ дар бораи модар

435

    Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳон нататавон баркашид.
“Дар ду ҷаҳон он надид рўи хуш”,
Теғаи нигаҳ ҳар ки ба рўяш кашид.

Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти бека-нор,чашма мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбиаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарўзӣ,бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.

Модар мехоҳад, ки тифлаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад:
Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба маъни Лоиқ гуфтааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғўши гарми модар қимати ўро дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо маони дигаре нест. Барҳақ шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

Чун ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Ҳар гоҳ, ки номат ба забон меояд,

Дар ҷисми қалам дубора ҷон меояд.

Чун васфи туро сар кунам аз дил ба забон,

Чун оби равон шеъри равон меояд.

Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Ҳатто, дар рӯзҳоре, ки ба мӯйҳои фарзанд сафедӣ афтода бошад. Маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, одоби ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгорро моро зеб медиҳад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост. Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Солҳои охир бисёр мушоҳида мешавад, ки фарзандон аз нигоҳубини волидайни пиру барҷомондаи худ рӯ метобанд ва онҳоро бо сад баҳона мебаранду маскуни хонаҳои пиронсолон мегардонанд, дар ҳоле ки таъиноти аслии ин муассисаҳо барои одамони бекасу кӯй аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.