Достони гуфтугӯи кудак бо Худо

83

Кудакӣ омодаи тавалудшудан буд, назди Худо рафт ва аз у пурсид;

Худоё! мегуянд шумо маро фардо ба замин мефиристед, аммо ман баин хурдӣ ва бе ҳеч кумаки наметавонам ончо барои зиндаги кардан биравам?

Худованд посух додо: Ман аз миёни фафиштагон якиашро барои ту дар назар гирифтаам, ки ончо аз ту нигаҳдори мекунад. Аммо кӯдак хануз итминон надошт, ки биравад ё не ва гуфт:

Худоё! ман инҷо дар биҳишт ҳеч коре ҷуз ханда ва овозхонӣ ва шодӣ надорам ва ин барои шодии ман кифоят мекунад.

Худованд лабханд зад ва фармуд: фаришаи ту бароят овоз мехонад ва бар ту лабханд мезанад ва ту ишқи уро ба худат эҳсос мекунӣ ва хамеша шод мешавӣ. Кӯдак идома дод, Худоё! ман читавр мефаҳмам, ки мардум чи мегуяд дарҳоле, ки забони онҳоро намефаҳмам?

Худован уро навозиш кард ва гуфт: Фариштаи ту бароят бехтарин суханҳоеро ки мумкин аст бишнавӣ дар гуши ту зам зама мекунад ва бо сабру таҳаммул ба ту ёд медиҳад, ки читавр суҳбат кунӣ.

Кӯдак бонороҳати гуфт: Худоё! вақте ки бихоҳам бо ту суҳбат кунам чикор кунам?.

Худованд посухаш дод, ки фариштаат дастонатро дар канори хам қарор медихад ва ба ту ёд медихад, ки чихел дуъо кунед.

Кӯдак сарашро баргардонд ва гуфт: Худоё! шунидаам, ки дар замин инсонҳои бад ҳам зиндагӣ мекунанд, чи касе аз ман муҳофизат мекунад?

Худованд фармуд: Фариштаат аз ту муҳофизат мекунад ҳатто ба қимати ҷонашҳам тамом шавад ва бо ҷону дилаш аз ту нигаҳдорӣ мекунад.

Кӯдак бо нигарони идома дод: Худоё! ман ба сабабе, ки дигар шуморо намебинам ҳамеша нороҳат хоҳам буд.

Худованд лабханд зад ва гуфт: Фариштаат ҳамеша дар бораи ман бо ту суҳбат хоҳад кард ва роҳи бозгашт ба суй манро нишонат медиҳад, гарчи ман ҳамеша дар канори ту хоҳам буд.

Дар он ҳангом Биҳишт ором буд аммо садои аз замин шунида мешуд ва кӯдак медонист, ки бояд сафарашро ба замин оғоз кунад.

Кӯдак ба оромӣ як суоли дигар аз Худованд пурсид:

Худоё! Агар ман ҳамин ҳоло биравам лутфан номи фариштаамро ба ман бигӯед.

Худованд пушти уро навозиш кард ва посух дод: Номи фариштаат аҳаммияте надорад, бароҳати метавонед номи ӯро модар садо кунед, метавони номи ӯро модар садо кунед. Модар. Модар. Модар.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.